logo

сиёсат

МАВҚЕЪШИНОСИИ СИЁСӢ ВА ШИНОХТИ ВОҚЕИЯТҲОИ РӮЗ

Дар ҳошияи суханронии Cарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар
Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки 12 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид, аз телевизион тамошо кардам. Аз муҳтавои суханронии Сарвари давлат маълум буд, ки ҳадафи аслӣ аз ин вохӯрӣ таҳкиму тақвият бахшидани раванди амнияти миллӣ ва низоми давлатдории дунявӣ, инчунин, шинохти воқеияти давру замон, дарки масъулият дар назди Ватану миллат ва давлат маҳсуб меёфт. Дар ин фурсат зарур медонем, ки таассуроти худро дар робита бо мулоқоти Сарвари давлат бо намояндагони ҷомеаи Тоҷикистон ба таври иҷмолӣ баён намоем:

Якум, созмон додани чунин навъи мулоқот бо ҳузури васеи мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва, муҳимтар аз ҳама, қишри рӯҳонии ватанӣ дар шароити феълӣ, ки ҳамарӯза хатарҳои глобалие аз қабили терроризм, экстремизм, радикализм ва фундаментализми динӣ - мазҳабӣ ҷомеаи ҷаҳониро таҳдид мекунанд, ба фоидаи кор аст. Ҳарчанд ки Сарвари давлат бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаи кишвар ҳамасола мулоқоту вохӯриҳо анҷом медиҳанд, ин чорабинӣ бо мушаххасоти худ аз дигар вохӯриҳо тафовут дошт. Гӯшзад кардан, огоҳонидан, ба масъулият даъват намудан, иттиҳоду ҳамбастагии маданию миллиро асли маъно ва ҳадафи фаъолияти сиёсию давлатӣ пазируфтан, баҳри расидан ба мақсадҳои наҷиби инсонӣ аз тамоми васоити дастрас корбаст намудан муҳтавои мулоқотро ташкил дод. Аз ин рӯ, доир кардани чунин мулоқот аз мавқеъшиносии сиёсии Сарвари давлат дар баробари воқеиятҳои имрӯзӣ дарак медиҳад.
Дуюм, даъвати қишри рӯҳонӣ – сархатибон ва аҳли дини мамлакат ба он далолат мекунад, ки Сарвари давлат ба бовару эътиқод ва дину мазоҳиби мардумӣ эҳтиром қоил аст ва дину мазҳабро ба унвони василаи баҳамойӣ ва иттиҳоду ҳамзистии мардумӣ мепазирад. Гузашта аз ин, бовару эътиқодоти самимии табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ боиси пойдории сулҳу ваҳдат ва оромишу субот мегардад. Аммо, мутаассифона, иддае аз рӯҳонияти муҳофизакор, радикал, тундгаро, ифротӣ ва авомфиреб, ки солҳои ахир дини исломро ба масобаи василаи расидан ба қудрат ва касби нуфуз суиистифода намуда, ба ҳарими хусусии фикрию мадании ҷомеа дастдарозӣ мекунанд ва бад-ин минвол дар тундгаро ва ҷаҳолатписанд шудани мардум, бахусус насли ҷавон «нақш»-и асосӣ мегузоранд. Аз ин ҷост, ки шинохтани ин навъи рӯҳониён, ки дину мазҳабро ҳамчун абзори нуфузмандӣ, ришваситонӣ,  авомфиребӣ, қудратталабӣ ва ҳангомапароканӣ истифода мебаранд, тақозои замон аст ва Президент ба ширкаткунандагон, бавижа, рӯҳониён - сархатибон муроҷиат карда, ироа доштанд, ки исломро василаи ғорати мардум накарда, аз он суд наҷӯянд. Бар замми ин, дину мазҳаб бояд воситаи иттиҳоду ҳамзистии мардум ва ҷомеа бошад, на тариқаи низоъ ва ихтилофот.
Сеюм, мадорику далелҳо собит месозанд, ки суиистифода аз исломи сиёсӣ дар чанд даҳсолаи ахир ба тиҷорати қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бадал шуда, мардуми манотиқи гуногуни Шарқи мусулмонӣ ба гирдоби даргириҳо кашида мешаванд. Ҳамарӯза дар Ховари Миёна бар асари таҳоҷумоти мазҳабӣ, ихтилофот ва даргириҳои динӣ-исломӣ ҳазорон-ҳазор нафар ҷон бохта ва хисороти ҳангуфти молию пулӣ ҷомеаҳои мусулмониро дунболагирӣ мекунанд. Муҳимтар аз ҳама, гурӯҳҳои тундгарои исломӣ аз сармоягузории «бедареғ»-и хадамоти истихборотии кишварҳои ғарбӣ бархӯрдоранд ва бар асоси кумаку дастгириҳои моддию маънавии онҳо дар минтақаҳои гуногун амалиёти террористию экстремистӣ анҷом медиҳанд. Мисоли зиндаи ин навъи сармоягузориҳоро аз нимаи дуюми садаи бистум то имрӯз дар тарҳи амалиёти террористии гурӯҳҳои «Ихвон»-ӣ, «Таҳрир»-ӣ, «ал-Қоида»-ӣ, «Толиб»-ӣ,  «ДИИШ»-ӣ ва амсоли инҳо метавон мушоҳида кард.
Шарқи мусулмонӣ ва иттифоқан, Ховари Миёна ба майдони набарду даргириҳои бемаънои гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ табдил ёфтааст. Ин нукта дар суханронии Пешвои миллат амиқ ифода ёфт. Сарвари давлат бо такя ба иттилооти дақиқ таъкид карданд, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ роҳи гурӯҳҳои ифротгарои диниро паси сар намуд ва охируламр даст ба табаддулоти сиёсию низомӣ зад. Президенти мамлакат ба намояндагони ҷомеаи Тоҷикистон, махсусан сархатибон муроҷиат карда, ишора намуданд, ки дуруст шинохтани авзои иҷтимоӣ ва равандҳои сиёсӣ имкон фароҳам меоварад, ки ҷомеа дар амну осоиш зиндагӣ кунад ва аз рӯёрӯйӣ бо хатарҳо эмин бошад. Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми саъю талошашро сарф мекунад, ки пеши роҳи беқонунӣ, беадолатии иҷтимоӣ, ихтилофоти динию мазҳабӣ ва даргириҳои сиёсиеро, ки бар пояи низоъҳои мазҳабӣ-исломӣ тарҳрезӣ мегарданд, бигирад. Наздикии мафкуравӣ ва ақидатии гурӯҳҳои ифротгаро ва террористии динӣ-мазҳабӣ онҳоро бо якдигар дар робитаи танготанг нигаҳ медорад. Аз ин ҷост, ки Ҳизби наҳзати исломӣ, аз назари мазмунӣ, моҳиятӣ ва мафкуравӣ бо дигар созмонҳои террористии исломӣ наздикӣ дорад ва ба ҷомеаи динии ҷумҳурӣ дар мисоли сархатибони масҷидҳои ҷомеи шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо фаҳмондани ин равобити ақидатӣ ва сиёсӣ асли масъала аст. 
Чаҳорум, мавриди таҳқиру фишори сахти рӯҳониёни мутаассиб қарор гирифтани иддае аз равшанфикрону зиёиёни тоҷик дар чанд соли ахир ба масъалаи доғи ҷомеа табдил ёфтааст. Одати ҳамешагии рӯҳониёни мутаассиб ба куфру бидъат муттаҳам кардани нафаронест, ки андешаи озод доранд ва ё ба истилоҳи имрӯзӣ, дигарандешанд. Президенти мамлакат ин масъалаи ҳассосро, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон солҳост реша давонда истодааст, мадди назар қарор дода, ба сархатибон ҳушдор доданд, ки дар ҷараёни мавъизоти динӣ аз қонун убур накунанд ва мардумро таҳти фишори равонӣ ва ақидатӣ нагиранд. Маҳз мавъизоти хушку холӣ, сахтгириҳою хурофотгароиҳои рӯҳониён сабаб гардидаанд, ки насли ҷавон ба бемории «ҷаҳли мураккаб», ки хатарноктарин навъи амрози башар маҳсуб меёбад, мубтало шудааст. Ба ҷойи он ки рӯҳонӣ, бо истифода аз панду насиҳатҳои ноби бузургони миллат Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдию Ҳофизи Шерозӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон аз таассуби ҷавон ҷилавгирӣ кунад, ӯро ба ғарқоби фалокати ақидатӣ тела медиҳад ва аз насли ҷавон тӯдаи хурофотию мутаассиб омода менамояд. Ин аст, ки Сарвари давлат ба ин масъала дахл намуда, рӯҳониёнро барои анҷом додани амалҳои савоб даъват менамоянд.
Панҷум, рӯ овардан ба илму дониш ва аз ин тариқ мусаллаҳ шудан бо ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеаро аз тамоми хатарҳо эмин медорад. Кору фаъолияти сусти ниҳодҳои маърифатию илмӣ ва фарҳангӣ роҳро барои вуруду нуфузи хурофоту таассуби динӣ - мазҳабӣ ҳамвор месозад. Сарвари давлат аҳли илму маърифати ватаниро мухотаб қарор дода, тазаккур доданд, ки фарогирии ҷиддии донишҳои дунявӣ насли ҷавон ва умуман, ҷомеаи тоҷикро бедор месозад. Буҳрони ҷаҳонбинии фалсафӣ ва илмӣ дар минтақа фазо ва муҳитҳои хурофотию таассубиро, ки зояндаи ақоиди ифротию тафритианд, фароҳам меоваранд ва сатҳи нуфузи рӯҳониёни хурофотиро боло мебаранд. Бинобар ин, моро зарур аст, ки ба масъалаи ташаккули ҷаҳонбинии фалсафӣ ва илмӣ ҷиддӣ таваҷҷуҳ намоем ва ҷиҳати тағйири вазъ ва ба вуҷуд овардани фазои муътадили фикрӣ, иҷтимоӣ, эҷодӣ ва маданӣ саъю талоши фаровон биварзем.
Шашум, баргузории чунин мулоқоту вохӯриҳо шароити мусоиди эҷоди ҳусни тафоҳумро миёни давлат ва қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ ва ҷомеаи мадании ҷумҳурӣ фароҳам меоварад. Давлат дар ҳама ҳолат бо ҷомеа ва ниҳодҳои иҷтимоӣ дар тамоси ҳамешагӣ аст ва ин тамосу робитаи дутарафа дар рафъи камбуду мушкилоти ҷойдошта ва муаммоҳои рӯзгор ҳаматарафа мусоидат  мекунад.
Фаридун ОРИЁӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.05.2018    №: 104    Мутолиа карданд: 186

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе

Густариши ҳамкориҳо бо Бонки исломии рушд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед