logo

сиёсат

ОБОДКОРӢ ҲАМ ИБОДАТ АСТ

Дар ҳошияи суханронии Cарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар

Мулоқот ва суханронии навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоатчигии кишвар дар арафаи фарорасии моҳи шарифи Рамазон бамаврид ва саривақтӣ сурат гирифт.

Сарвари давлат бо овардани бурҳону далелҳои муътамад, ки аз  ояҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои Паёмбар (с) маншаъ мегиранд, бамаврид фармуданд:  «Дар моҳи шарифи Рамазон, ки Офаридгор дар каломи осмонии худ онро айёми иҷобати дуо, қабули тавба ва амалҳои хайру савоб донистааст, мардуми мо кӯшиш мекунад, ки фазилатҳои парҳезу накукориро бештар риоя кунанд, аз аъмоли зишт худдорӣ кунанд, ба аёдати падару модарони худ ва беморону ранҷурон раванд ва шахсоне, ки тавону имконашон бештар аст, ба ятимону маъюбон ва камбизоатону дармондагон дасти мададу ёрмандӣ мерасонанд».
Бо пайравӣ аз ин роҳнамоиҳои Пешвои миллат тайи чанд соли охир вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассиса, инчунин, шахсони  саховатпешаи кишвар кумакҳои хайриявиро пайваста ба оилаҳои камбизоат ва хонаи пиронсолону маъюбон мерасонанд. Кӯшишҳои Сарвари давлат  дар ин самт пеш аз ҳама ба он равона шудаанд, ки оилаҳои осебпазири ҷомеа ба тадриҷ сатҳу сифати зиндагии худро баланд бардоранд. Тибқи фармудаҳои шариати ислом низ садақаи фитр, набояд ба шахсони дорою ходимони дин, балки пеш аз ҳама ба хешу ақрабои ниёзманд, ятиму нодор, қарздору маъюб ва  мусофир дода шавад.
Дар баробари ин,  дар ин моҳи шариф дар мағозаву бозорҳо аз ҷониби баъзе шахсони беинсоф беасос боло бурдани нарху навои маводи хӯрока ба мушоҳида мерасад. Масалан, чанд рӯз қабл аз оғози моҳи шарифи Рамазон якбора дар баъзе дукону мағозаҳои шаҳри Душанбе гӯшт камёфт гардида, рӯзҳои баъдӣ нархи гӯшти гов аз 36 то ба 39 - 40 сомонӣ боло рафт. Фурӯшандаҳо ин ҳолатро дар кам ворид шудани гӯшт маънидод мекарданд, ки ба ҳақиқат дуруст намеояд, чунки нархи гӯшт дар ҳама шаҳру ноҳияҳои атрофи пойтахт бе тағйир мондааст. Ба ҳамин монанд, нархи баъзе аз анвои меваҷот низ рӯ ба баландшавӣ дорад. Савдогарони бозор андеша намекунанд, ки бо боло рафтани нархи як маҳсулот, хоҳу нохоҳ нархи маҳсулоти дигар низ меафзояд.
Сарвари давлат дар мулоқот ба маврид  зикр карданд, ки дар аксар кишварҳои мусулмонии дунё ба хотири савоби бештар ёфтан дар моҳи шарифи Рамазон ва рӯзҳои ид нарху наво баръакс  поён ва ҳатто ройгон тақсим намудани маводи хӯрока кори маъмулӣ  гардидааст. Чаро мо чунин корро накунем?
Дигар масъалаи доғи рӯз ин хариди зиёди маводи хӯрока дар арафаи идҳо аз ҷониби шаҳрвандон мебошад. Ба ин кор бештар модарону хоҳарон, соҳибхоназанҳо саҳм дошта, баъзан рӯйхати хариди нуқлу наво ва анвои зиёди меваҷот ва обу шарбатҳоро фармоиш дода, ду – се намуди хӯрок омода месозанд ва ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд. Дар ҳоле ки метавонанд танҳо аз ҳисоби сарфаи чунин маъракаҳо гӯшае аз рӯзгори худро обод созанд. Аз ҷониби дигар барои худу фарзандон шароити беҳтаре таъмин намоем.
Сарвари давлат дар мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии кишвар зикр карданд: «Дар давоми се соли дар пеш истода зарур аст, ки дар ҳар як маҳали аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру навсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, маркази саломатӣ бо таваллудхонаҳо барои на камтар аз 10-15 кат ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ вусъат дода шавад».
Ин гуфтаҳо барои ҳамаи мо як барномаи мукаммали амал барои ободии кишвар, баланд бардоштани некуаҳволии халқ, фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ барои ҳар сокини кишвар мебошад.
Пас, моро зарур аст, ки дар атрофи Пешвои муаззами худ сарҷамъ гардида, барои амалисозии ин ниятҳои нек ва созанда камари ҳимматро боз ҳам мустаҳкамтар баста, фарҳангофар будани миллати куҳани худро  бори дигар исбот намоем.
Азизулло МИРЗОЗОДА,
муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.05.2018    №: 105    Мутолиа карданд: 271

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед