logo

сиёсат

САРҶАМЪУ МУТТАҲИД БОШЕМ

Файзулло БАРОТЗОДА,
раиси ноҳияи Лахш

Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар
Мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон  бори дигар собит намуд, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳамеша пайи фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи мардум тадбирҳо меандешад. Ҳидоятҳои Пешвои миллат дар хусуси кумак расондан ба эҳтиёҷмандон, саҳмгузорӣ дар ободию шукуфоии Ватан, меҳру муҳаббати бародарӣ, инсондӯстӣ ва худдорӣ аз таассубу ифротгароӣ аз ин ғамхориҳо  шаҳодат медиҳанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ, дигаргуниҳои куллии сайёраи Замин аз лиҳози тағйирёбии иқлим ва шиддат гирифтани низоъҳои мазҳабию байнидавлатӣ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва исломи нобро бо ғаразҳои сиёсӣ олуда насозем. Тавре Сарвари давлат иброз доштанд:
«Инсон дар 70 - 80 соли охир оламро ба дараҷае тағйир додааст, ки табиат тайи таҳаввули чандинмиллионсолааш ва тамаддуни инсонӣ дар зарфи мавҷудияти беш аз даҳҳазорсолааш чунин дигаргуниро надидааст. Илова бар ин, башарият имрӯз аз офатҳои табиии вобаста ба гармшавии иқлим - хушксолӣ, камобӣ, селу обхезиҳо, офатҳои техногенӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла вируси норасоии масъунияти одам, инчунин, маводи мухаддир зарари зиёд мебинад».
Мулоқот пеш аз ҳама, мавзӯи  пешрафту ободии ҳар як гӯшаю канори ҷумҳуриро фаро гирифт. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри беҳбудии вазъи зиндагии  сокинони кишвар чун ҳарвақта таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ходимони дин ва соҳибкорони ватандӯсти мамлакатро ба кори хайр  ва ободонии шаҳраку деҳоти ҷумҳурӣ даъват намуданд.
Имрӯзҳо  барои баҳрагирӣ аз ин ҳидоятҳои Пешвои миллат дар даҳ ҷамоати деҳоти ноҳия чорабиниҳои алоҳида роҳандозӣ гардиданд. Сокинону фаъолони ноҳия аҳамияти ин дастурҳои Пешвои миллатро дарк намуда, онро чун ҳидоятномаи пиру барно ва дастури зиндагии минбаъдаи хеш қарор додаанд.  Чанде аз сокинони саховатпеша дар партави дастурҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтанд, ки маблағи хайру эҳсони хешро ҷиҳати таъмири шабакаҳои обёрӣ сарф намоянд ва ба ин васила вазъи таъминоти картошкапарваронро бо об беҳбудӣ бахшанд. Дар радифи иқдоми пешгирифтаи чунин нафарони ватандӯсту хайрхоҳ мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ талош дорад, ки ба василаи вохӯрию мулоқоти судманд нафарони хайрхоҳро барои саҳмгузорӣ дар таъмиру барқарорсозии каналҳои обёрии мавзеъҳои картошкапарварӣ бештар ҷалб созад. Вобаста ба ин гурӯҳҳои кории махсус аллакай ба фаъолият оғоз намудаанд. Ҳамчунин, дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба 600 сокини эҳтиёҷманди ноҳия кумаки моддӣ расонда шуд.
Новобаста  аз он, ки мо то чи андоза қобилияти саҳмгузорӣ дар пешрафту ободии диёри хешро дорем, ин дастури Президенти мамлакатро набояд аз хотир барорем:
«Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд як масъалаи ниҳоят муҳимро амиқ дарк намояд: вазъи имрӯзаи ҷаҳон танҳо ба халқу миллатҳое имкони вуҷуд доштану рушд карданро медиҳад, ки онҳо дар баробари донишманд, аз назари технологӣ пешрафта ва созандаву эҷодкор буданашон, инчунин, бояд сарҷамъу муттаҳид бошанд, ҳадафҳои стратегии давлат, ҳастии миллати худро дар ҳама ҳолат ҳифз карда тавонанд ва бозичаи дасти доираҳои ғаразноки сиёсӣ нашаванд. Яъне мардум бояд ҳувияти миллӣ ва ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ дошта бошанд, бо сабру таҳаммул ва иттифоқу сарҷамъӣ бо роҳи таърихии дар Конститутсия интихобкардаи худ устуворона пеш раванд».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2018    №: 108    Мутолиа карданд: 245

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед