logo

фарҳанг

"ТОҶИКОН" – ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ

Соли 1972 нашриёти «Наука»-и Маскав китоби «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна» - и Бобоҷон Ғафуровро интишор намуд. Ширкаткунандагони Конференсияи байналмилалии ЮНЕСКО оид ба рушди иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асрҳои  ХIХ - ХХ, ки дар шаҳри Ашқобод (Туркманистон) баргузор гардида буд, бори нахуст бо ин асар ошно гаштанд.

Б. Ғафуров дар ин асари худ тамоми натиҷаву дастовардҳои ховаршиносии ватанӣ,  шӯравӣ ва ҷаҳониро то ибтидои солҳои 70-ум ҷамъбаст намудааст. Муҳаққиқ на танҳо бо як маҳорати фавқулода манзараи доманадори таърихро менигорад, инчунин, ҳар як соҳаву паҳлу, ҷараён ва ҷузъиёти онро дақиқона ва бо як тафсилот тасвир месозад. Ин аст, ки пеши назари мо на танҳо тарҳи умумии таърихи чандинасра ҷилвагар мегардад, балки пайкараи зиндаи он бо тамоми мураккабию мухолифатҳояш арзи вуҷуд мекунад.
Аллома масъалаҳои  муҳимтарини таърихи бостонии халқи тоҷикро бо ҷамъбасти тамоми маҷмӯи маълумотҳои ба ӯ дастрас доир ба қадимтарин ҷамъиятҳои инсонӣ ва фарҳанги он басо муваффақона тадқиқ намудааст.  Ӯ ҳамеша ба ҷамъбасти воқеаҳо бо далелҳои таърихӣ ва ошкор сохтани қонуниятҳои умумии таърихӣ ва хусусиятҳои хосаш мекӯшид. Олим  таърихи халқи хешро дар пайванди ногусастанӣ ва чун ҷузъи таркибии ҷараёни таърих ва тамаддуни умумиинсонӣ тадқиқ намуда, дар айни замон ҷиҳатҳои махсус ва фарҳанги ба худ хосси тоҷикон ва саҳми арзандаи онҳоро ба ганҷинаи тамаддуни ҷаҳонӣ нишон додааст. Тавре академик М. Коростовсев ва доктори илми таърих С. Утченко нигоштаанд, Б. Ғафуров «манзараи доманадори равобити таърихӣ ва фарҳангии тоҷиконро бо дигар халқҳо инъикос намуда, таърихи бостонии онро чун ҷузъи таркибӣ ва қисмати муҳими таърихи Шарқ ва дар айни ҳол тамоми башарият баррасӣ менамояд».
Таваҷҷуҳи муҳаққиқро бештар масъалаҳои аз ҳама мураккабу пурихтилоф ва печида ба худ ҷалб кардаанд. Ӯ ҳаргиз аз масъалаҳои баҳсталаб ва печида рӯй наметофт, баръакс, онҳоро мавриди тадқиқ қарор дода, мекӯшид, ки дуруст ва муфассал шарҳ ёбанд. 
Масъалаҳои ниҳоят мураккабу дандоншикан, ба мисли ҷавҳари этникӣ ва лингвистии қабилаҳои қадимаи Осиёи Миёна, Ҳиндустони Шимолӣ, Афғонистон, Эрон ва даштҳои байни Аврупо ва Осиё, пайдоиши ориён ва масъалаҳои ориёӣ, пайдоиш ва инкишофи ҷамъияти синфӣ, зуҳурот ва таҳаввули оини Зардушт, бутпарастӣ, пайдоиш, ташаккул, хронология ва маданияти Кӯшон, омезиш ва таъсири мутақобилаи тамаддуни Осиёи Миёна, Ҳиндустон, Эрон ва фарҳанги Юнони бостон аз ин ҷумла аст.
Китоби «Тоҷикон» дар ҳаёти илмии мамлакат рухдоди тоза ва бузург буд, инчунин, дар саҳифаи рангини таърихшиносии ватанӣ, шӯравӣ ва ҷаҳонӣ сабт ёфт.
Аҳамияти асари ҷамъбастии Б. Ғафуров фақат бо он, ки вай яке аз пажӯҳишҳои бунёдӣ ва муҳташам доир ба таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ - тоҷикон маҳсуб мешавад, маҳдуд намегардад. Ба «Тоҷикон» таърихшиносон, бостоншиносон, ховаршиносони номии шӯравӣ, аз қабили академикҳо Б. Пиотровский, А. Окладников, И. Минс, А. Коростовсев, С. Утченко, А. Нарочнитский ва дигарон тақриз навишта, ба он баҳои баланд додаанд.
Ин асар дар хориҷи кишвар низ шуҳрат ёфта, дар байни шарқшиносони маъруф гарм пазируфта шуд. Ба он дар ИМА, Чехословакия ва дигар мамолик тақризҳо ба чоп расиданд.
Ричард Фрай, ховаршиноси машҳури ҷаҳон, профессори Донишгоҳи Гарвард дар тақризи худ, ки дар маҷаллаи муаррихони амрикоӣ ба нашр расида буд, чунин нигоштааст: «Агар доир ба таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ тарҷума ва нашри китобе ба миён ояд, он, бешубҳа, «Тоҷикон» аст».
Соли 1977 баъзе порчаҳои  «Тоҷикон» дар маҷаллаи «Шоҳроҳи абрешим» - и Япония ба забони японӣ, соли 1978 дар Варшава ба забони полякӣ дар ҳаҷми 57 ҷузъи чопӣ бо теъдоди 5000 нусха ва соли 1984 дар Кобул бо ҳуруфоти арабиасос ба  забони дарӣ ва сипас, ба забони англисӣ дар Деҳлӣ дар ду ҷилд аз чоп баромад.
Аллома то вопасин рӯзҳои зиндагии худ машғули такмил ва тавзеҳи «Тоҷикон» буд. Ӯ китоби худро пурра намуда, ҳудуди хронологии онро то ғалабаи Инқилоби Октябр расонид ва орзу дошт, ки он ҳар чи зудтар ба забони тоҷикӣ чоп шуда, дастраси хонандагон гардад. Вале ин орзуи олим пас аз марги ӯ ҷомаи амал пӯшид.
Соли 1983 китоби якум ва соли 1985 китоби дуюми «Тоҷикон» бо теъдоди 35 000 нусха дар нашриёти «Ирфон» ба табъ расид.
Соли 1988 «Тоҷикон» дар ду ҷилд ба забони русӣ дар Душанбе интишор ёфт. Дар ин нашр очерки муҳаррири масъули нашри русии соли 1972 академик Б. Литвинский таҳти унвони «Бобоҷон Ғафурович Ғафуров ва асари ӯ» ҷой дода шудааст.
Бояд зикр намуд, ки дар нашрҳои тоҷикии «Тоҷикон» (1998, 2009, 2010, 2011) очерки Б. Литвинский ҷой дода нашудааст.
Соли 2011 «Тоҷикон» ба забони англисӣ дар тарҷумаи профессор Парвона Ҷамшедов ба табъ расид.
Нависандаи ӯзбекзабон Ҳасан Бердиқулов «Тоҷикон» - ро ба забони ӯзбекӣ тарҷума намуд ва он баъди таҳриру тасҳеҳ соли 2013 дар нашриёти «Ирфон» чоп шуд.
Ҳамин тавр, шоҳасари безаволи академик Бобоҷон Ғафуров дар давоми 45 сол 11 маротиба ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, лаҳистонӣ, англисӣ, дарӣ (форсӣ) ва ӯзбекӣ бо теъдоди умумии қариб 130 ҳазор  нусха нашр гардид.
Қиссаи таълиф ва роҳи тайкардаи «Тоҷикон» барои муаллифи он осон набуд. Б. Ғафуров дар ин роҳ сӣ сол заҳмат намуд. Шоҳасари безавол меҳрномаи ин аллома барои халқи азизаш аст.  
Ҷ. ҶӮРАЗОДА,
доктори илмҳои таърих, профессор,
ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2018    №: 108    Мутолиа карданд: 192

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал

ХАТЛОН. Рафти кишти такрорӣ бад нест, аммо...

Ҷаҳон дар як сатр

Путин зарурати рушддиҳии технологияҳои рақамиро таъкид кард

Ба Афғонистон низомиёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар меоянд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед