logo

сиёсат

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. АРЗИШМАНДТАРИН ДАСТОВАРДИ ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Ба шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мардуми тоҷик тавонист, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи навини Тоҷикистон - гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ ва рушди он оғоз намояд.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар кишвар таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлол заминаи мусоид муҳайё гардад.
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ гурӯҳҳои алоҳида таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву неруҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ қарор гирифта, ҷумҳуриро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан ба кашмакашиҳои мусаллаҳона кашиданд. Ҷанги шаҳрвандӣ барои хоҷагии халқи мо хисороти зиёд оварда, боиси ҳалокати ҳазорҳо ҳамватанон гардид.
Вобаста ба ин, дар яке аз суханрониҳои худ Пешвои миллат таъкид карда буданд, ки «даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад». Рӯзи аввали фаъолияти худ ба сифати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд, ки «ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам». Гирди як миз овардани гурӯҳҳои ба ҳам мухолиф, муяссар шудан ба сулҳу субот ва ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ кори осон набуд. Пешвои миллат вазифаҳои аввалиндараҷаро муайян карда, барои ҳалли он кӯшиш ба харҷ дод.         
Муаррихону муҳаққиқони гузаштаву муосир собит менамоянд, ки тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои дури таърихӣ бо ваҳдатсолориву фарҳангпарварӣ, бунёдкориву созандагӣ мақоми махсус доранд ва насли наврасу ҷавононро зарур аст, ки аз мероси гаронбаҳои гузаштагону имрӯзиён бархӯрдор бошанд. Воқеан ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст, ки дар асари «Тоҷикон дар ойинаи таърих» гуфтаанд: «Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамини аҷдодӣ ва марзу бум, расму оини ниёгон огаҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди замони худ шуда наметавонанд».
Раванди минбаъдаи зиндагӣ нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бузургтарин дастовард дар таърихи шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи сарҷамъии мардуми он ва фарзандони фарзонаи кишвар ба вуқӯъ омадааст. Аз ҳамин лиҳоз ҳифзи ин неъмати бебаҳо, яъне ваҳдати миллӣ, вазифаи ҷонии ҳар як афроди ватандӯсту худогоҳ ва хештаншинос ба шумор меравад.
Тақдири талхи мардуми афғон ва то кунун кашол ёфтани ҷанг дар ин кишвар ҳамсоягонашро ором намегузорад. Вуҷуд доштани чунин вазъ бо кишварҳои ҳамҷавор ҳар як шахси соҳибақлу соҳибфазлро ҳушдор медиҳад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамеша баҳри тақвияти ваҳдати миллӣ саъй намояд. Дар ин хусус Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон иброз дошта буданд, ки: «Хушбахтона, мо дар  кишвари худ барои сулҳи пойдор ва ҳаёти осоиштаи ҷомеа заминаи боэътимод гузошта тавонистем, вале, агар мо хоҳем, ки мамлакати мо ҳамвора тараққӣ карда, ба сафи давлатҳои пешқадами дунё ворид гардад, наслҳои ояндаамон зиндагии сазовор дошта бошанд ва аз  падару модарони худ ба некӣ ёд кунанд, бояд ҳаргиз ба халалдор  шудани сулҳу субот роҳ надиҳем ва бақову пойдории давлати миллиро пайваста таъмин намоем. Ин, пеш аз ҳама, аз дилу нияти нек, азму талоши гарм ва меҳнати фидокоронаи тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони азизамон вобаста аст. Танҳо ваҳдату муттаҳидӣ моро аз буҳрони амиқи сиёсию иқтисодӣ бароварда метавонад».
Дар тӯли бисту як соли баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон реша давонд ва боровар гардид. Вазифаи муқаддаси кулли ҷомеаи кишвар ҳифзи ҳамешагии сулҳу субот ва тарбия намудани мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногун, махсусан ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ маҳсуб меёбад.
Имрӯз Тоҷикистон он кишвари аввали солҳои 90-уми асри XX набуда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Пешвои миллат гуфтаанд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт». Имрӯз аксарияти кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва онро ҳамчун падидаи беҳамто дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ донистаанд.
Бояд зикр кард, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ дар дунё раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта, инсониятро ба гирдоби таҳлука тела медиҳад. Тамоми кишварҳои сайёра аз ин раванд дар ташвишанд. Амалиётҳои террористӣ дар кишварҳои мухталиф ва ҳаводисе бо номи «инқилобҳои рангин ё худ махмалӣ» кулли мардуми дунёро ба таҳлука овардааст. Воқеаҳои авохири кишварҳои дунё, аз ҷумла бесарусомонӣ дар Афғонистон, Яман, Сурия ва Ироқ бархӯрдҳои сиёсиву муборизаҳои гурӯҳӣ ба он далолат доранд, ки мо бояд ба қадри сулҳу суботи кишварамон бирасем ва арзишҳои сулҳу ваҳдати миллиро ҳифз намоем.
Муҳсин ШАРИФОВ,
дотсенти ДДЗТ ба  номи Сотим Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.06.2018    №: 109    Мутолиа карданд: 814
19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед