logo

ҳуқуқ

САДАМА. БЕМАСЪУЛИЯТӢ МОРО ТО КУҶО ХОҲАД БУРД!

21 май ронандаи мошини «Хундай-Соната» Муъмин Музаффаров дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови пойтахт аз сабаби ҳаракат бо суръати баланд, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Билол Давлатовро пахш кард. Дар натиҷа, хонандаи  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 92 - и ноҳияи Сино - 2 осеби вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона фавтид...

- Мутаассифона, чунин ҳодисаҳои нохуш кам рӯй намедиҳанд, - бо нигаронӣ гуфт Нодирҷон Муродов, корманди шуъбаи ташвиқу тарғиби раёсати БДА Вазорати корҳои дохилӣ. Бино ба гуфтаи мавсуф, аз аввали соли ҷорӣ то ба имрӯз дар кишвар аз 430 садама 212 адади он бо айби пиёдагардон, бинобар сарфи назар кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ рӯй додааст. Бар асари чунин садамаҳо 52 нафар ба ҳалокат расида, 171 тани дигар ҷароҳати гуногун бардоштаанд. Боиси нигаронист, ки нисфи садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон ба амал омадааст.
Ин ва дигар ҳодисаҳои нохуш, ки боиси марги хурду калон шудаанд, далели онанд, ки сарфи назар аз таъкидҳои пайвастаи кормандони БДА ҳам ронандаҳо ва ҳам пиёдагардон қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нодида мегиранд ва ҷони худу дигаронро зери хатар мегузоранд. Чаро?
Мусаллам аст, ки яке аз сабабҳои асосӣ бемасъулиятии ҳарду ҷониб маҳсуб меёбад. Маҳз бо ҳамин иллат аксаран ронандаҳо ва ҳам пиёдагардони «нотарс» қоидаҳои ҳаракатро дағалона вайрон мекунанд.
- Дигар зуҳуроти хавфноке, ки қариб оммавӣ шудан дорад, ин аст, ки мактабиёну донишҷӯён аз роҳҳои нақлиётӣ дар гӯшҳо «наушник» монда, гузар мекунанд. Дар ин ҳол онҳо, албатта, на садои мошинро мешунаванду на фарёди одамонро. Ва дар натиҷа ҳар лаҳза метавонанд ҳолати хавфнок ба вуҷуд оварда, сабаби сар задани садамаи навбатии нақлиётӣ гарданд.
Албатта, ҳамаи гуноҳро сари пиёдагардон бор кардан на чандон дуруст аст. Дар ин масъала нақши ронандаҳо ва худи нозирони роҳ низ бояд бештар аз пештар муассир бошад. Наход нозирони роҳ қудрати дар пойтахт ба тартиб даровардани чунин қоидавайронкуниҳои дар назари аввал одиро надошта бошанд?!
Хисрав Носиров, ронандаи маршруткаи хатсайри 52 - и шаҳри Душанбе, дар тавзеҳи садамаҳо ва қонуншикании ҳамкасбони худ назари дигар дорад, ки беасос нест:
- Ман ронандаҳоро моҳи беайб намегӯям, лекин як бор ба рафтори одамон диққат диҳед. Кам нестанд онҳое, ки аз ҷои дилхоҳи худ, сарфи назар аз серҳаракатии нақлиёт, роҳро убур мекунанд. Дар ҳар ҷое, ки мехоҳанд, маршруткаро нигоҳ медоранд. Ҳангоми фаромадан низ аҳвол ҳамин - истгоҳро интизор шудан намехоҳанд ва рафту мошинро нигоҳ надорӣ, носазо мегӯянд. Ман мефаҳмам, ки ронандаи маршрутка бояд фақат дар истгоҳҳо мусофир гираду фурорад, аммо тарси ҷангу ҷанҷоли мусофирон боло мегирад.
Дар ҳақиқат, чунин ҳолатро нодида гирифтан на аз рӯи адолат аст. Яъне бояд роҳеро пайдо кунем, ки масъулияти ҷонибҳо боло гирад. Хуршед Содиқов,  сокини Душанбе, дар ин бора чунин андеша дорад:
- Сабаби асосии афзоиши садамаҳои нақлиётӣ ин, пеш аз ҳама, пайваста зиёд шудани ҳам аҳолӣ ва ҳам теъдоди мошинҳо дар пойтахт аст. Ман ҳар субҳ аз назди бозори Султони Кабир гузашта, ба кор меравам. Дар ин ҷо мошинҳои шахсӣ хеле зиёданд. Дар кӯчаи калони ҷониби бозор одамон мошинҳояшонро тавре гузошта ба бозор мераванд, ки на автобус гузашта метавонад, на троллейбус. Ғайр аз ин, дар пеши бозор ҳатто дар пиёдароҳҳо мошин мегузоранд ва мардум роҳи гузаштан намеёбад. Бозори пулчинакҳои ин таваққуфгоҳҳои ғайриқонунӣ бошад, басо “гарм” аст. Кормандони БДА бо сабабҳои номаълум ба ин бесарусомонӣ ягон дахолат намекунанд. Бетафовутии масъулону худи ҷомеа аст, ки садамаҳои нақлиётӣ мушкили рӯз боқӣ мондаанд. Варна бо назардошти талошҳое, ки бахусус солҳои охир дар роҳи шукуфоии пойтахти кишвари мо роҳандозӣ шудан доранд, кори намешудагӣ нест. Танҳо масъулияти мову шумо лозим. Ҳамчун сокини Душанбешаҳр ақаллан боре аз худ бипурсем, ки чӣ амали созандае дар роҳи ободии хонаву кӯчаи худ анҷом додем?
Воқеан, дар канори роҳи бинои сирк лавҳаи калони реклама бо таъкиди басо муассир аз забони духтарчаи мактабхон овезон аст: “Ронанда, шитоб макун, ту ҳам фарзанд дорӣ”. Воқеан, ҳамаи мо - пиёдагардҳо, ронандаҳо ва нозирони роҳ ҳар вақте ба кӯча баромадем, бояд ҳамин таъкиду ҳушдорро фаромӯш накунем. Аз ҳамаи мо як чизи бисёр одию осон талаб карда мешавад: риоя кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ. Магар ин душвор аст?
Сафаргул АЛИМОВА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.06.2018    №: 110-111    Мутолиа карданд: 1055
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед