logo

фарҳанг

БОБОҶОН ҒАФУРОВ - ВАТАНДОРИ АСИЛ

Дар ҳаёти инсон лаҳзаҳое мешаванд,  ки арзишашон ба ганҷи дунё баробар аст. Аз шумо чи қадар дур раванд, ҳамон қадар наздик менамоянд. Гӯё  он лаҳзаҳо қодир  ҳастанд, ки гузашта, имрӯз ва фардои умрро муттаҳиду мунаввар созанд. Ман ҳам, хушбахтона, дар зиндагӣ чунин лаҳзаҳои хотирмонро дорам, ки гоҳо бо ёд кардани онҳо дилам ба фардо боумеду орзу метапад. Барои чунин лаҳзаҳо месазад, ки зиндагӣ намоӣ.
21 октябри соли 1971. Он рӯз дар шӯрои илмии   Институти  шарқшиносии  Москва  кори  докториро бомуваффақият дифоъ намудам. Дар он аксарият  шарқшиносони барҷастаи шӯравӣ, чун Иосиф  Самойлович Брагинский, Дмитрий Семёнович  Комиссаров, Александр Борисович Литвинский, Солнтсев, Мулло Эркаев, Капитолина Александровна Ғафурова, Елена Абрамовна Давидович ва дигарон иштирок доштанд. Шунидани  фикри онҳо дар бобати моҳияти кори илмӣ албатта шарафи бузурге буд. Зарур аст, алоҳида қайд намоям, ки бештари онҳо ба шарофати роҳбари илмӣ, устоди меҳрубонам,  академик Бобоҷон Fафуров он ҷо ташриф оварданд...  
Дар Кумитаи Марказии КПСС анҷумани идеологҳо буду аз Тоҷикистон ҳам гурӯҳи калон – котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, президенти Академияи фанҳои Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ, ректори Институти педагогии  шаҳри Душанбе, профессор Мунзифа Fаффорова, ҳамаи ректорон,  профессорони донишгоҳҳои ҷумҳурӣ, инчунин, академики  АИ Ӯзбекистон  Хадича Аминова, афғоншинос Нафтулло Аронович Халфин ва дигар  олимони намоёни  мамлакатҳои Шарқ  таклиф шуда ва  чун анъана  пеш аз анҷуман ба зиёрати устод Бобоҷон Fафуров мешитофтанд. Устод онҳоро ба ҷамъомади илмии навбатие, ки рӯзи дигар барпо мегардиду  ман дар он рисолаи докториро дифоъ менамудам,  таклиф  карданд.
Пас аз бомуваффақият гузаштани дифоъ Бобоҷон Ғафуров олимону зиёиёнро ба як пиёла чой даъват карданд. Як пиёла чой баҳона буду мусоҳибаву мубоҳиса, муҳокимаву баррасии мавзӯъҳои муҳимтарин илми шарқшиносӣ ғанимат. Ҳайратовараш он буд, олимон бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ озодона сухан мегуфтанду ба тарҷумон ниёз надоштанд. Ҳама ҳамзабон набошанд ҳам, ҳамдил буданд.
Устод Турсунзода маҳфилро чунин оғоз карданд:  «Илм аст, ки ҷамъият торафт пеш меравад, ривоҷу равнақи он бошад, ба шумоён – ба пешоҳангони илм вобаста мебошад. Имрӯз дар ин лаҳзаҳои муборак ҳамчун мизбон дастро ба сина гузошта, хуш омадед, меҳмонони азиз мегӯям. Имрӯз барои ҳамаи мо боз як рӯзи фаромӯшнашаванда, ба сафи мо боз як олим ҳамроҳ шуд. Ҳамаи шумоёнро ба ҳамин муносибат табрик менамоям...
 Аз суханони самимии устод илҳом гирифта, шарқшиноси маъруф И. С. Брагинский чунин  гуфт: «Ба Бобоҷон Fафурович миннатдории худро изҳор мекунам, ки ба ин зиёфат маро таклиф кардааст. Ба ин меваҳои дар болои мизҳо нигоҳ кунед, чашмро канда наметавонед. Онҳоро нафақат хӯрдан, балки тамошо кардан ҳам, ба кас як олам завқу сурур мебахшад. Боварии кас намеояд, ки ҳамааш дар хоки Тоҷикистон  мерӯяд. Ба он боғбонон,   одамону раҳбарони  замини зархез  тасанною таҳсин мегӯям».   
 Шарқшиноси маъруфи дигар Дмитрий Семёнович Комиссаров   афзуд: «Ҳамаи гӯшаю канори Тоҷикистонро ман давр задаам. Аз ҳама манзураш бароям деҳаи Исфисор аст. Чунки ин деҳа мисли Fафуров алломаи бузурги давронро додааст, барои ин ба Тоҷикистон, мардуми он чи қадар таъзим кунем, месазад. Дӯст доштани Ватанро мо бояд аз ӯ ёд гирем. Ман бо таклифи Бобоҷон Fафурович дар шимолу ҷануби Тоҷикистон борҳо тарҷумонӣ кардаам».
Дар лаҳзаҳои охир устод ҳамчун мизбон ба ҳама барои иштирокашон арзи миннатдорӣ карданд. Ба ҳар кас бо забони худ – ба тоҷик тоҷикона, ба ӯзбек ӯзбекона, ба рус ҳамчун рус илтифот  намуданд. Лаҳзае анъанаҳои неки тоҷикиро фаромӯш намекарданд.
Аллома Бобоҷон Ғафуров баъди рафтани меҳмонон ба мо рӯ оварда гуфтанд, ки ин зиёфат не, балки муаррифии Ватанамон – Тоҷикистони азиз аст. Агар инҳо ҳама аз ин нишаст як лаҳзаашро дар ёд доранду ба дигарон нақл кунанд, чи қадар эътибори халқамон зиёд мешавад.
Аз ин гуфтаҳо бори дигар ба дурандешии Бобоҷон Ғафуров қоил шудам. Дар ҷузъитарин корҳои рӯзгор низ шаъну шарафи халқу диёр барояшон муқаддасу муқаддам буд. Ватандориро аз аллома бояд омӯхт, зеро ватандорӣ бувад оинадорӣ.
Ҳабибулло ХОЛҶӮРАЕВ,
директори Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Fафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2018    №: 114    Мутолиа карданд: 265

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед