logo

иқтисод

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪСИСИ ҶОЙҲОИ НАВИ КОР

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин самт якчанд барномаҳои давлатӣ роҳандозӣ шуда, раванди татбиқи онҳо нишон медиҳад,  ки вазъи ҳифзи иҷтимоии табақаҳои  ниёзманди аҳолӣ сол ба сол беҳтар шуда истодааст.
Бино ба иттилои сардори шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Данғара Салимҷон Нуралиев, бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳамроҳ бо корфармоён дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳамчунин, баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Дар панҷ моҳи соли 2018 ба шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 515 шаҳрванди бекор муроҷиат кард. Аз ин ҳисоб 460 нафар мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 324 нафар дар асоси роҳхат бо ҷойи кор таъмин гардид. 22 нафар корҷӯёни беихтисос ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд. Дар 9 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия 276 нафар ба касбомӯзӣ, аз ҷумла ба дӯзандагӣ 39, асосҳои омӯзиши компютер 25, гулдӯзӣ 43, қуроқдӯзӣ 42, зардӯзӣ 46, бофандагӣ 15, қолинбофӣ 15, дуредгарӣ 24, кафшергарии барқӣ 14 нафар ҷалб шуда,  247 нафар тариқи худмаблағгузорӣ соҳиби ҳуҷҷатҳои касбӣ гардиданд. Дар маҷмӯъ дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 624 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ шуд. Ба 125 нафар бекорон, аз ҷумла ҷавононе, ки хизмати ҳарбиро адо кардаанд, кумакпулии яквақта ба маблағи 400 сомонӣ, ҷамъ 48 ҳазор сомонӣ дода шуд. Аз ҳисоби ҷавонписарону духтарон ва оилаҳои серфарзанд 14 нафар дар асоси роҳхат дар беморхонаи марказии ноҳия бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ин давра бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва корфармоён 4 ярмаркаи ҷойҳои нави корӣ ва вазифаҳои озод гузаронда шуд. Дар ин ярмаркаҳо 56 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд, ки аз онҳо 27 нафарашон занҳо мебошанд.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2018    №: 117    Мутолиа карданд: 277

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед