logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТ БО ГУРӮҲИ НАМОЯНДАГОНИ ДОИМИИ ЯК ҚАТОР КИШВАРҲОИ ХОРИҶӢ

19 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” гурӯҳи намояндагони доимии як қатор кишварҳои хориҷӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳидро ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷ ва бо яке аз ташкилотҳои бонуфузи сайёра - Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ карда шуданд.
Қабл аз оғози мулоқот, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни ҳамоиши сатҳи баландро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Сарвари давлат ба намояндагони кишварҳо барои дастгирии ташаббуси ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти об ва иштироки фаъолашон дар рафти ин чорабинӣ изҳори сипос карданд.
Тоҷикистон ташаббускор ва пешбарандаи масъалаҳои об дар Созмони Милали Муттаҳид аст ва изҳори боварӣ карда шуд, ки бо кӯшиш ва дастгирии гурӯҳи намояндагони кишварҳо дар Созмони Милали Муттаҳид ин масъала дар оянда низ бар нафъи инсоният ба таври васеъ тарғиб хоҳад шуд.
Таъкид гардид, ки натиҷаҳои Конфронси Душанбе дар чорабинии канории Форуми сатҳи баланди сиёсӣ, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар Ню - Йорк баргузор мегардад, муҳим хоҳад буд.
Дар ҷараёни мулоқот намояндагони гурӯҳи кишварҳои доимии назди Созмони Милали Муттаҳид ба нақши калидии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри қабули қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ, саҳми Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчун роҳбари узви Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об баҳри ҳалли мушкилоти глобалии сайёра ва дигар талошҳову тадбирҳои мушаххаси Тоҷикистон бар нафъи аҳли башар баҳои баланд доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2018    №: 120    Мутолиа карданд: 543

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

04.10.2018


Анҷоми озмуни. “Маҳалла ва ташкилоти беҳтарин” дар Бохтар

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Баргузории фестивали “Оши палов”

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Як мулоқоти муҳим

НБО - и "РОҒУН". Корҳои сохтмонӣ вусъат мегиранд

Сафари варзишгарони тоҷик ба Буэнос - Айрес

ТОҶИКОБОД. 31 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед