logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

СЕ ПАНДИ ЛУҚМОНИ ҲАКИМ
Рӯзе Луқмони Ҳаким ба писараш гуфт: «Имрӯз ба ту се панд медиҳам, то комраво шавӣ. Аввал ин, ки саъй кун дар зиндагӣ беҳтарин ғизои ҷаҳонро бихӯрӣ. Дувум ин, ки дар беҳтарин бистар ва рахти хоби ҷаҳон бихобӣ. Савум, ин ки дар беҳтарин кохҳо ва хонаҳои ҷаҳон зиндагӣ бикунӣ».
Писари Луқмон гуфт: «Мо як хонаводаи бисёр фақир ҳастем, чӣ тавр метавонам ин корҳоро анҷом бидиҳам»?
Луқмон посух дод: «Агар каме дертар ва камтар ғизо бихӯрӣ, таъми беҳтарин ғизои ҷаҳонро медиҳад. Агар бештар кор бикунӣ ва андак дертар бихобӣ, дар ҳар ҷое хобида бошӣ, эҳсос мекунӣ, ки беҳтарин хобгоҳи  ҷаҳон аст.  Ва агар бо мардум дӯстӣ бикунӣ, дар қалби онҳо ҷой мегирӣ ва он вақт беҳтарин кохҳову хонаҳои ҷаҳон моли туст».
Таҳияи Зебунисо ҲАМИДЗОДА 


ФУТБОЛБОЗ 40 МАҲБУСРО АЗ ЗИНДОН ОЗОД КАРД
Ҳамлагари дастаи ССКА (Маскав) ва мунтахаби Нигерия Аҳмад Мӯсо 40 нафар қарздорро аз пушти панҷара озод кард.  Ӯ дар бораи қарзҳои ашхоси озодкардааш ҳангоми боздид аз чанд маҳбаси шаҳри Кано дарак ёфт. Афроди расмии муассисаҳои ислоҳотӣ ба футболбоз нақл карданд, ки одамон, умуман, имконе надоранд, то қарзҳояшонро пардохт намоянд, бинобар ин, ба маҳбас кашида мешаванд. Дар натиҷа бозигар тасмим гирифт, ки қарзҳои маҳбусон ва маблағи ҷаримаи чор нафар ноболиғро низ бипардозад.
Мӯсо кайҳо боз дар Нигерия чун фарди эҳсонкор маълуму маъруф аст. Одатан ӯ ба хонаводаҳои камбизоати шаҳрҳои гуногуни кишвараш маводи хӯрокӣ тақсим мекунад. Ба қарибӣ, ӯ ба камбизоатон бештар аз 3 ҳазор халтачаи биринҷ, ки дар рӯи он аксаш мавҷуд буд, тақсим намуд.
Вай, инчунин, дар маҳали Хото маркази варзиш дорад. Дар он ҷо на танҳо тамрин гузаронда мешавад, балки мусобиқаҳои эҳсонкорӣ оид ба футбол ва дигар чорабиниҳо низ доир мегарданд.
Мӯсо дар дигар намудҳои эҳсонкорӣ ҳам ширкат меварзад. Ӯ фонди Healing Little Hearts – ро дастгирӣ менамояд, ки он ба кӯдакони гирифтори бемории қалб ёрӣ мерасонад. Ин фонд ба бештар аз ҳазор ҷарроҳӣ мусоидат карда, ҳаёти беморони зиёдро наҷот додааст.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


ИМТИҲОНИ МАХСУС
Дар музофоти Тсзиянсуи Чин оилаҳое, ки мақсади ҷудошавӣ доранд, бояд аз имтиҳони махсус гузаранд.
Ин имтиҳони ғайриодӣ аз 100 савол иборат буда, бештари онҳо доир ба хӯроки дӯстдошта, зодрӯз, сайру гашт ва дигар паҳлуҳои осоиштагии рӯзгоранд. Он аслан бо мақсади пойдории оилаи солим пешниҳод мегардад. Агар ин ҷуфт ба 60 дарсади пурсишҳо посухи дуруст диҳанд, ҳукуматдорон бори дигар барқароркунии муносибатҳои оилавиро ба онҳо тавсия медиҳанд. Мутаассифона, бархе аз шаҳрвандон ин амалро чун дахолати бевосита ба ҳаёти шахсӣ дониста, ҳимояи ҳуқуқи хешро аз ҳукумат талаб менамоянд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад

Мансур ва Ҷамҳур чандсолаанд?
Агар квадрати синну соли Мансурро бо синну соли Ҷамҳур ҷамъ намоем, он гоҳ 62 ҳосил мешавад, вале ҳосили ҷамъи квадрати синну соли Ҷамҳур бо синну соли Мансур, 176 мешавад. Мансур ва Ҷамҳур ҳар яке чандсолаанд?
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА

93-547-00-05 Вайбер,     Bzm_701@mail.ru (Аз соати 800 то 1700 )
Бо мо ҳамкорӣ намоед! Телефон: 238 - 53 – 40


ЯК ПАНД
Фарзанди ҳунар бош, на фарзанди падар,
Фарзанди ҳунар зинда кунад номи падар.


ҶОИЗАИ НОБЕЛ
Эйнштейн 60 маротиба пешбарӣ шуда бошад ҳам, муваффақ нашуд
Дар таърихи Ҷоизаи Нобел чунин ҳодисаҳои нодир ва ғайричашмдошт кам нестанд. Аз ҷумла, соли 2005 номи ғолиб дар соҳаи адабиётро даҳ рӯз дертар эълон карданд. Чунки яке аз доварон ҳеҷ розӣ намешуд, ки ҷоизаро ба носири австриягӣ бону Элфрида Елинек диҳанд. Оқибат Анлунд ба нишони эътироз ҳайати жюриро тарк кард ва танҳо баъди ин мукофот “қаҳрамонаш”- ро ёфт.
Аз кашфи усули дифраксияи нейтронӣ то мукофотонидани муаллифони он Шалл ва Брокхауз 39 сол гузашт. Ин фосилаи аз ҳама тӯлонӣ дар таърихи Ҷоизаи Нобел аст.
Алберт Эйнштейн барои тавсияи назарияи эҳтимолият 60 бор ба мукофот пешбарӣ шуд. Аммо надодандаш. Физик ҷоизаро барои тавзеҳи фотоэлементи барқӣ гирифт.
Чор нафар Ҷоизаи Нобелро ду маротиба гирифтаанд.
Кумитаи байналмилали Салиби Сурх се карат ҷоизадори Нобел мебошад. Дар таърихи ҷоиза ин ниҳод ягона “чемпион”- и секарата аст.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


КӮДАКИ 50-СОЛА
Дар музофоти Мадхя-Прадеши Ҳиндустон  Басори Лалии 50 - сола  зиндагӣ мекунад, ки қадаш 73,6 сантиметрро ташкил медиҳад. Яъне, ҳанӯз ҳам кӯдак аст.
Басори сиҳат ба дунё омада, афзоиши ӯ баъди панҷсолагӣ бозистод. Ӯ ягон маротиба ба духтур муроҷиат накардааст. Қад накашиданаш муаммое мебошад, ки то ҳол ҳалли худро наёфтааст.
Сайёҳони зиёде ба деҳае, ки Басори Лали зиндагӣ мекунад, омада хоҳиши бо ӯ шинос шуданро мекунанд.
Басори бо ҳамроҳии бародари 55 - солаи худ Гопи Лал ва ҳамсари ӯ Сатия Бай зиндагӣ дорад. Сатия Басориро ҳамчун фарзанди худ нигоҳубин мекунад. Бародари Басори мегӯяд: «Хонадони мо бо ӯ хушбахт мебошад. Одамони бисёре барои дидани Басори меоянд. Мо шодем, ки одамон ӯро дӯст медоранд ва нисбаташ ғамхорӣ мекунанд».
Барои қади пасти худ Басори ҳеҷ ғам намехӯрад. Ҳама ҳунареро, ки ҳамдеҳагонаш доранд, ӯ ҳам дорад, аз зиндагиаш розӣ аст. Вақти бисёри худро дар фабрикаи маҳаллие, ки фаъолият дорад, мегузаронад.
Басори оиладор набуда, мехоҳад бо наздикони худ зиндагӣ кунад.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


ҲИНДУСТОН СЕРЗАБОНТАРИН ДАВЛАТИ ДУНЁ
Давлати серзабонтарини дунё  Ҳиндустон ба шумор меравад. Дар ин кишвар 1652 забону лаҳҷаро ба қайд гирифтаанд. Аз ин шумор 18 забон мавриди бештари истифода қарор дорад. Ҳарчанд тибқи Конститутсия забонҳои давлатӣ танҳо ҳиндӣ ва англисӣ эътироф гардидаанд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
МАЪЮБ ДАР ҚУТБИ ШИМОЛ
Ба ҳангоми ҳодисаи нохуши вазнине норвеги 36 - сола Като Педерсон дасти чапро пурра ва дасти ростро то китф гум кард. Вале барои идома бахшидани варзиш, пеш аз ҳама, ба машқи лижаронӣ, ки ӯ тамоми ҳаёташро бахшида буд, маъюбӣ халал нарасонд. Вай мехост ба худ ва дигарон чӣ лаёқат доштани маъюбро исбот намояд, аз ин рӯ, ба қутби Шимол пойгаи лижаронӣ ташкил кард. Барои он ки 1300 километр масофаро тай намояд, ба вай 54 рӯз лозим шуд. Бар замми ин, вай чанаи 110 килограммаро аз қафои худ кашола карда меомад.
Қурбон Мадалиев, тарҷума аз русӣ


ПУЛТИ МАҒЗИ САР
Олимони Амрико пулти махсус ихтироъ карданд, ки он бо ёрии ултрасадо метавонад кори нейронҳои мағзи сари инсонро тағйир диҳад. Ин технология  бо мақсади истифода дар соҳаи тиб, ҳамчунин, барои бунёди хотираи сунъӣ таҳия шудааст. Қаблан чунин дастгоҳро бо косахонаи сар тавассути симҳо, яъне электродҳо пайваст мекарданд. Ҳоло бошад, пулти фосилавӣ метавонад аз масофаи дур ба мағзи сар таъсир расонад. Он дар навбати худ хатарнок низ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ,  олимон зери назорати қатъӣ гирифтани онро бисёр муҳим медонанд.
Таҳияи О. ВАФОБЕК


200 НЕШИ МӮРЧА
Ҷоан Мюрей. Хушбахттарин шахсест, ки аз баландии беш аз 4 ҳазор метр афтидаву зинда  мондааст. Аслан,  аз чунин баландӣ бо парашют паридан мехост. Аммо бо сабаби номаълум парашют кушода нашуд. Ҷоан ба мӯрчахона меафтад ва мӯрчаҳои заҳролуд ба баданаш беш аз 200 неш  мезананд. Ду ҳафта дар ҳолати беҳушӣ буд. Ин муддат табибон 20 маротиба ҷарроҳияш мекунанд  ва 17 маротиба хунаш мегузаронанд. Аммо онҳо бар ин  андешаанд, ки ӯро  маҳз мӯрчаҳо наҷот додаанд. Ба гуфти табибон ҳангоми неш задани мӯрчаҳо дар организми Ҷоан ихроҷи бузурги адреналин рух медиҳад ва бо ин сабаб дилаш аз кор намемонад.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


9 ДАЛЕЛИ ҶОЛИБ ОИД БА АВИАТСИЯ
9. Тезпарвозтарин дар дунё
Lockheed SR – 71 Blackdird чун ҳавопаймои реактивии тезпарвозтарин маъруф мебошад. Суръати он ба 2194 мил. соат ё 3530 км/соат мерасад. Рекорди мазкур 28 июли соли 1976 аз ҷониби пилотҳо У. Ҷоэрд ва Т. Моргани хурдӣ гузошта шуда буд.
Таҳияи Раҳматулло КАРИМОВ  


10 НАМУДИ МАЪРУФТАРИН ВАРЗИШИ ДУНЁ
7. Хоккей
Хоккей. Хусусияти асосии бозӣ иборат аст аз зӯрсанҷии зиёд ва шиддати он. Маҳз бо ин хусусияташ хоккейро метавон ба бозии регби ва ё футболи амрикоӣ баробар кард.
Таърихи хоккей низ яке аз баҳсноктарин дар миёни намудҳои варзиш маҳсуб мешавад. Маҳали анъанавии пайдоиши хоккейро шаҳри Монреали Канада меҳисобанд ва гӯё онро сарбозони англис мавсими зимистон ҷиҳати баровардани зиққии хеш ба вуҷуд овардаанд. Аммо таҳқиқоти тоза нишон додаанд, ки то ин дам дар Кингстон (Ямайка), Онтарио ё Уиндсори Канада ва Шотландияи Нав мусобиқот оид ба хоккей аллакай доир мешудаанд. Ва ҳам дар баъзе расмҳои ҳолландии қарни XVI одамони зиёде дар даст клюшка машғул ба бозии монанд ба хоккей дар рӯи ях тасвир гардидаанд.
Қоидаҳои бозии хоккей пайваста такмилу мураттаб шуда, соли 1886 интишор ёфтаанд. Аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей соли 1920 баргузор шудааст.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


10 ШАҲРИ СЕРАҲОЛИТАРИН
5. САН – ПАУЛУ
Аҳолияш 21 миллиону 297 ҳазор
Сан-Пауло, ки маркази молия ва тиҷорати Амрикои Ҷанубӣ эътироф гаштааст, рӯи дарёи Тиете истода. Ин аҷобате надорад? Саросема нашавед.  Тиете баръакси аксар дарёҳои Бразилия, ки ба уқёнус мерезанд, аз уқёнус ба даруни қитъа ҷорӣ мешавад.
Шаҳр ба миқдоре автомобил дорад, ки воқеан ҷои сӯзанпартоӣ намондааст. Аз ин рӯ, бисёр сарватмандон аз чархбол истифода мебаранд. Аз рӯи теъдоди майдончаҳои чархбол Сан Пауло дуюмин шаҳри дунёст. Онҳо танҳо дар Ню - Йорк зиёдтаранд.
Агар шумо ҳаводори таоми аҷоиби питса бошед, бояд бо нахустин имконият ба ин шаҳри бразилӣ сафар кунед, он гоҳ иштирокчии иди махсус - Рӯзи питса хоҳед шуд.
Чун сухан аз саёҳат рафт, мавриди зикр аст, ки Сан - Пауло калонтарин маркази туризми Бразилия мебошад: соле беш аз 12 миллион сайёҳ ба тамошои шаҳр меояд.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


ТАСВИРИ РАМЗИ ШАҲР ДАР 18 ҲАЗОР ҚУРОҚ
Дар Фестивали байналмилалии «Волгаквилт» (қурокдӯзӣ) беш аз 200 ҳунарманд аз панҷ мамлакат ҷамъ омаданд. Дар ин намоиш маҳсули ҳунари занони Қазоқистон аксариятро тасхир сохт. Онҳо бо истифодаи18 ҳазор порча рӯйпӯши нотакроре офариданд.
Барои ин рӯйпӯши ғайриодӣ, ки ҷиҳати дӯхтанаш занҳои гулдаст се моҳ ранҷ кашиданд, дар маҷмӯъ 30 метр порчаҳои матои гуногунранг сарф шуд. Дар ин ангораи андозааш 3 х 3,6 метр яке аз рамзҳои асосии шаҳри Нижний Новгород - калисои ҷомеи Александр Невский тавассути қуроқ басо устокорона мунъакис гардидааст.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


8 РОҲИ ОҲАНИ ХАТАРНОК
Минамиасо Такамори
Роҳи оҳани Минамиасо Такамории Ҷопон яке аз роҳҳои зеботарин ва хавфноктарини олам ба ҳисоб меравад. Зеро он аз танӯраи вулқони амалкунандаи Асо мегузарад. Ҳарчанд ин вулқон борҳо хурӯҷ карда бошад ҳам, вале, бо вуҷуди ин, ҳаракати қатораҳо дар ин хатсайр қатъ намешавад.
Роҳро соли 1928 ба истифода додаанд. Дарозии он 17, 5 километр буда, дорои пулҳои ғайриодии оҳанӣ, нақбҳо мебошад ва аз роҳҳои кӯҳӣ мегузарад.
Таҳияи Комрон САФАР


10 КУҲАНТАРИН ШАҲРИ ОЛАМ
3. Библос ё Библ (Лубнон)
Библос ё Библ аз бузургтарин бандарҳои тиҷоратии қадим мебошад. Ба воситаи он интиқоли чӯбу тахта, май, равғани зайтун ва папирус хеле хуб роҳандозӣ гардидааст. Инчунин, аввалин алифборо  дар ҳамин шаҳр ихтироъ кардаанд. Далели ин гуфтаҳо навиштаҷоти шоҳ Аҳирам мебошад, ки айни замон дар осорхонаи шаҳри Бейрут маҳфуз аст.  Калимаи библио, ки маънои китобро дорад, аз номи ҳамин шаҳр ба бисёре аз забонҳои аврупоӣ ворид гаштааст. Бунёди шаҳри Библоси Лубнон ба 5000 сол пеш аз мелод рост меояд. Имрӯз он 30 000 аҳолӣ дошта, бо номи Бинт – Ҷубайл машҳур мебошад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.06.2018    №: 128    Мутолиа карданд: 90

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад

Нахустин дар ҷаҳон рентгени сеҷонибаи ранга сохта шуд

Дар Дачжоу писарчаи аз ошёнаи бистум афтода наҷот ёфт

13.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Ясмин Гуедар

Баррасии Барномаи дастгирии рушди неруи инсонӣ

Баргузории конфронси «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо»

Пирӯзии теннисбози тоҷик дар ИМА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар СҲШ зарурати тақвияти мубориза алайҳи терроризмро таъкид карданд

Трамп: «Путин рақиби ман аст, лек метавонад дӯст гардад»

Русия сазовори ҷоми макроиқтисодии ҷаҳон шуд

Бонки ҷаҳонӣ: «Бесаводии духтарҳо $30 триллион зарар меорад»

12.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Чари Атаев

Боздиди Прокурори генералӣ аз Бадахшон

Форуми ҷумҳуриявӣ дар Хоруғ ҷавононро ба ҳам меорад

Озмун бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ДАНҒАРА. Ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед