иҷтимоиёт
ИСТИҚЛОЛ. 1300 РӮЗИ ОБОДОНӢ БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ БУЗУРГИ МИЛЛӢ
Шаҳри саноатии Истиқлол хеле ободу сарсабз гардидааст. Роҳҳои мошингарди дохилишаҳрӣ мувофиқ ба талаботи рӯз мумфарш шудаанд. Гулҳои рангоранги шукуфону буттаҳои сарсабз, пайраҳаҳои тозаи кошинкоришуда ба ҳусни шаҳр ҳусн мефизоянд. Сокинони шаҳр маҳали зист, атрофи биноҳои истиқоматӣ ва корхонаю муассисаҳоро ба тартиб меоваранд. Кӯчаю хиёбонҳоро шиорҳои даъватии “Шаҳрамонро дӯст медорем”, “Ободкорӣ мароми мост”, “Ваҳдат – гарави тавоноӣ”, “1300 рӯзи ободкорӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон” зеб мебахшанд.
Истиқлол тайи солҳои охир дар пайи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу зеботар мешавад. Мавриди истифода қарор гирифтани бузургтарин корхонаи металлургӣ бо иқтидори истеҳсолии 50 ҳазор тонна сурб, таъсиси зиёда аз 500 ҷойи нави корӣ ва сохтмони шаш корхонаи дигари саноатӣ аз фардои дурахшони шаҳр башорат медиҳанд. Корхонаҳои нави сохташаванда шароит фароҳам меоранд, ки ҳамзамон, дар минтақаи саноатии шаҳр (он дар масоҳати зиёда аз 70 гектар доман паҳн кардааст) даҳҳо нуқтаҳои нави хизматрасонии маишию савдо арзи ҳастӣ карда, ҷавонони шаҳри Истиқлол бо ҷойҳои нави корӣ таъмин шаванд. Бино ба иттилои раиси шаҳр Худойназар Амонзода, Истиқлол солҳои наздик ба яке аз шаҳрҳои рушдёфтаи саноатӣ ва ободу зебои кишвар табдил меёбад.
Айни замон мавзеи истироҳатӣ дар маҳаллаи якуми шаҳр ба маблағи 110 ҳазор сомонӣ, боғи ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ, беморхонаи марказӣ ба маблағи 140 ҳазор сомонӣ ва Қасри фарҳанг ба маблағи 146 ҳазор сомонӣ таъмиру тармим мешаванд. Дар шаҳр ва гирду атрофи он беш аз 4700 бех ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан ва беш аз 70000 бех гулҳои гуногун шинондаанд.
Ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорони ҳимматбаланд раванди корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла бунёди корхонаҳои хурди ширу қаннодӣ, дӯзандагӣ, марказҳои хизматрасонӣ, боғчаи бачагонаи хусусӣ, боғчаи бачагона бо фарогирии 360 кӯдак, мактаби нав, майдончаҳои варзишӣ, таъмири биноҳои истиқоматӣ ва мумфаршсозии роҳҳо вусъати тоза пайдо кардааст.
Ҷовиди АШТӢ,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02,07,2018 №: 129 Мутолиа карданд: 170