logo

иҷтимоиёт

МАЪЮБОН ҲАМЕША ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲ

Дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, аз ҷумла маъюбон, ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад ва дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ҳалли масъалаҳои вобаста ба ҳифзи иҷтимоии маъюбону ниёзмандон, бахусус таълиму тарбия ва тавонбахшии онҳо барои зиндагии фаъолона,  аз ҷумлаи самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат қарор гирифтаанд.
Ҷиҳати мустаҳкам намудани заминаҳои дастгирии иҷтимоии маъюбон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 “Барномаи миллии тавонбахшии маъбон барои солҳои 2017 - 2020”  қабул гардид, ки  дар асоси он сатҳи зиндагии ин гурӯҳи осебпазири ҷомеа рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. 
Маҳз ғамхории роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба ин табақаи ниёзманд аст,  ки  онҳо имрӯзҳо  қариб ба тамоми шароити зиндагии арзанда, пеш аз ҳама, омӯзиши касбу ҳунар ва ҷойи кори муносиб, дастрасӣ доранд. Дар шаҳру навоҳии кишвар омӯзишгоҳу марказҳои махсуси таълимии маъюбон фаъолияти самарабахш менамоянд. Ин тадбирҳо  баҳри дар оянда бо шуғли муносиб фаро гирифтани одамони имконияташон маҳдуд, заминаи мусоид фароҳам меоранд. 
Дар  муассисаи давлатии «Литсей - интернати касбии махсуси маъюбон» - и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ аз тамоми гӯшаю канори мамлакат маъюбон ба омӯзиши касбу ҳунари замон ҷалб шудаанд . Дар ин ҷо аз соли 2010 инҷониб бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри маъюбон тамоми шароити зарурии таҳсил фароҳам оварда шудааст. Бинои муассиса пурра таъмиру азнавсозӣ шуд.   
Мавлуда Саидзода, директори муассисаи номбурда,  изҳор дошт, ки дар ин таълимгоҳ аз рӯйи 6 ихтисос ба маъюбон дарс  дода мешавад.
Бино ба  гуфтаи номбурда ба хотири боз ҳам бештар ба касбомӯзӣ ҷалб намудани гурӯҳи маъюбон дар шаҳру навоҳии мамлакат ташкили намояндагиҳои литсейи мазкур пешбинӣ гардидааст.
Воқеан, солҳои охир бо ҳидояти Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон афроди башардӯсту саховатманд, роҳбарони корхонаву муассисаҳо, ташкилотҳо ва одамони рӯзгордида бо  меҳру вафодорӣ  ба маъюбон дасти мадад дароз менамоянд,  ки аз баракати сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар шаҳодат медиҳад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.07.2018    №: 133    Мутолиа карданд: 136

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед