logo

иҷтимоиёт

ЛЕВАКАНТ. АФЗОИШИ ДӮХТИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

Тибқи иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, барои 6 637 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар корхонаҳои дӯзандагии шаҳр сарулибоси мактабӣ дӯхта мешавад. Ин тадбир барои дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ, бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани занон ва сайқал додани ҳунари дӯзандагии онҳо муҳим арзёбӣ мегардад.
Марзия Гулакова, директори муассисаи таҳсилоти иловагии шаҳр, ки назорати иҷрои ин барномаро бар дӯш дорад, гуфт, ки то имрӯз миёни муассисаҳои таълимии шаҳр ва 5 корхонаи дӯзандагӣ шарт-нома баста шудааст. Онҳо аллакай ба омода намудани либосҳо шурӯъ намудаанд.
- Соли гузашта дар корхонаҳои дӯзандагии шаҳр сарулибоси мактабии писарона дӯхта намешуд. Имсол корхонаи дӯзандагии «Субҳи Сарбанд» тасмим гирифтааст, ки барои писарон низ сарулибоси мактабӣ омода намояд, - гуфт М. Гулакова.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар соли хониши 2018 - 2019 наздики 2 миллион хонанда ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Ҳоло ҳатто дар бархе шаҳру ноҳияҳои дурдаст низ корхонаю коргоҳҳо таъсис ёфта, дӯхтани сарулибоси мактабӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, сифати либосҳои мактабӣ нисбат ба солҳои пешӣ беҳтар шуда истодааст, зеро истеҳсолкунанда дарк кардааст, ки агар мол бесифат бошад, зарар хоҳад дид.
Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.07.2018    №: 134    Мутолиа карданд: 46

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД

Варзиш

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед