logo

туризм

ТОҶИКИСТОН. АЗ "ДАРҲОИ КУШОДА" ТО "САРЗАМИНИ САЙЁҲОН"

Сиёсати «дарҳои кушода» аз нахустин иқдомҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди байналмилалии Тоҷикистон заминаи боэътимод гузошт,  ба рушди босуботи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла сайёҳии мамлакат, мусоидат кард ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳхоҳу тараққипарвар ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Ҳанӯз соли 1993 Сарвари давлат аввалин маротиба аз минбари СММ баромад намуда, ҷомеаи ҷаҳониро бо нақшаву ниятҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сиёсии  сулҳҷӯёна, расидан ба ваҳдати миллӣ, инчунин, таҳкиму тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ҳама кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуданд ва сиёсати “дарҳои кушода”- ро эълон доштанд.

Ҳоло бо талошу заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 119 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангиро ба роҳ мондааст. Тайи солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун кишвари пешоҳанг дар ҳалли масоили марбут ба об эътироф гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода саҳми бузурги бесобиқа доранд.
Оромӣ ва ваҳдати миллӣ омилҳои муҳимтарини рушди на танҳо сайёҳӣ, балки тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ба шумор мераванд. Хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суботи сартосарӣ ҳукмфармост. Тоҷикистон дар мубориза бо хатарҳои замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, дар сафи пеши ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дошта, дар ин ҷода тадбирҳои саривақтӣ меандешад. Ташкили Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” дар шаҳри Душанбе мисоли барҷастаи ин гуфтаҳост. Пешвои миллат зимни суханронӣ дар ин конфронс таъкид карданд: “Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад”.
Оромию субот шарти муҳимтарини рушди иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаи сайёҳӣ мебошад. Хушбахтона, дар кишвари мо барои  рушди сайёҳӣ тамоми заминаҳои муҳимтарин фароҳам ва иқтидору имкониятҳо фароханд. Мамлакат дорои арзишҳои бузурги таърихию фарҳангӣ, иқлими муътадил ва табиати зебою рангин  мебошад. Пешниҳоди Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардани соли 2018 боиси баланд гардидани ҳисси масъулиятшиносии дастандаркорони соҳа шуда, чорабинӣ ва иқдомҳои наверо ба миён овардааст. Ба гунаи мисол, соли ҷорӣ ба таври назаррас беҳбудӣ ёфтани шароити қабули меҳмонони хориҷӣ дар ноҳияҳои Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин, Айнӣ, Мурғоб, Лахш ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад. Хатсайрҳои нави сайёҳӣ ба ҷойҳои тамошобоб таъсис ёфта, бунёди меҳмонхона бо арнаментҳои миллӣ барои сайёҳон ва рушди менеҷменти туризм миёни аҳолӣ тавассути семинару омӯзишҳо амалӣ карда мешавад, рӯйхати ҳунарҳои мардумӣ тартиб дода, тарғиби сайёҳии экологӣ тавассути баргузории намоишгоҳҳо муаррифӣ ва хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар самти сайёҳии кӯҳнавардӣ ва шикор омода мегарданд. Ҳамин аст, ки ташрифи сайёҳон, хусусан аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай ба кишвар меафзояд.
Муҳим ин аст, ки рушду тараққии воқеии соҳаи туризми кишвар дар меҳвари таваҷҷуҳи доимии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бо назардошти ин,  бо эътимод метавон гуфт, ки дар заминаи ин таваҷҷуҳ ва иқтидору имконоти бесобиқа соҳаи сайёҳӣ бо суръати баланд рушд намуда, Тоҷикистон “сарзамини сайёҳон” ном мегирад.
Муслима МАННОНОВА,
мудири студияи таълимии телевизион
ва радиои факултети журналистикаи ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.2018    №: 135    Мутолиа карданд: 350

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед