logo

маориф

ДУШАНБЕ. ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ХОНАНДАГОН ДАР БУЛҒОРИЯ

Дар шаҳри Бургаси Ҷумҳурии Булғория Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика «IMC 2018» бо иштироки беш аз  600  хонанда аз 35 давлат  баргузор гардид.

Тибқи иттилои Хуршед Каримов, муовини директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, кишвари моро  дар он 4 даста (24 нафар) муаррифӣ намуд.
Дар ҷамъбасти олимпиада хонандагони тоҷик сазовори 15 медал, аз ҷумла 2 тилло, 6 нуқра ва 7 биринҷӣ гардиданд.
Ҳамзамон, 3 даста ба гирифтани мақомҳои аввалу, дуюму сеюм мушарраф гашта, Парчами Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд.
Дар олимпиада хонандагони литсей - интернати тоҷикӣ-русӣ “Ҳотам ва ПВ” дар шаҳри Душанбе 11 медал (2 тилло, 5 нуқра ва 4 биринҷӣ), литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе 3 медал (1 нуқра ва 2 биринҷӣ)  ва  литсейи инноватсионии  Душанбе як медали биринҷиро ба даст оварданд.
Мавриди зикр аст, ки хонандагони кишвар аз аввали соли 2018 дар 13 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар Қазоқистон, Ҳиндустон, Руминия, Русия, Малайзия, Булғория, Беларус, Ветнам, Италия, Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сурат гирифт, фаъолона иштирок намуда, ба дарёфти 196 медал, аз ҷумла 47  тилло, 71 нуқра ва 78 биринҷӣ сарфароз гардиданд, ки ин дастовард нисбат ба натиҷаи  ҳамин давраи соли гузашта 103 медал (33 тилло, 36 нуқра ва 34 биринҷӣ) зиёд мебошад.
Раҳматулло КАРИМОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.2018    №: 135    Мутолиа карданд: 912

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед