logo

иҷтимоиёт

САБҚАТИ МАЪЮБОН

Филиали Ассотсиатсияи “Каритас”- и Олмон дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии шарики худ “АЗИТ” ва “ДАРО” дар арафаи Рӯзи маъюбон ва пиронсолон мусобиқаи дӯстона миёни дастаҳои баскетболи маъюбони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғдро созмон дод, ки дар он намояндагони ташкилотҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ, ҳамчунин сокинони ноҳияи Айнӣ, алалхусус шахсони дорои маъюбият ва аъзои оилаҳои онҳо, ширкат варзиданд.
Муовини раиси ноҳияи Айнӣ Гулсара Зокирзода зимни пазироӣ зикр кард, ки беҳтар кардани некуаҳволии маъюбон ва пиронсолон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ доимо барои ҳамкорӣ бо ташкилоти “Каритас” - и Олмон ҷиҳати татбиқи фаъолият дар ин самт омода аст.   Намояндаи ташкилоти “Каритас” дар Тоҷикистон Зарринамо Мухторова зикр кард, ки ҳадафи мусобиқа бурду бохт набуда, балки тарғибу ташвиқи варзиш дар байни шахсони дорои маъюбият ва ҷалби онҳо ба намудҳои гуногуни варзиш  мебошад. “Чорабинии имрӯза бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки шахсони дорои имконияташон маҳдуд дар баробари афроди солим ба ҳама кор қодиранд ва метавонанд, ки қобилияти худро тақвият дода, дар ҳамаи соҳаҳо, алалхусус варзиш номбардори миллату Ватани хеш бошанд”, - гуфт З. Мухторова.
Дар чорабинии мазкур, ҳамчунин, раиси Федератсияи варзишгарони маъюби шаҳри Душанбе Абдурауф Олимов, қаҳрамони 12 - каратаи Осиё ва ҷаҳон аз рӯи дастхобонӣ дар миёни маъюбон, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Акмал Қодиров ва роҳбари клуби баскетболи маъюбони шаҳри Душанбе Ғайрат Тӯхтасунов дар бораи қобилияти шахсони маъюб ҳарф зада, даъват ба амал оварданд, ки барои ташаккули тарзи ҳаёти солим ба варзиш машғул шаванд.
Дар доираи чорабинӣ мусобиқаи баскетбол бо аробачаи маъюбӣ миёни дастаҳои шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд, тибқи қоидаҳои байналмилалӣ сурат гирифт, ки он аз чор қисми 10 дақиқаӣ иборат буд. Дидор бо ҳисоби 49 - 23 ба фоидаи дастаи Душанбе анҷом пазируфт. Ҳар ду даста барои иштироки фаъолашон бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонда шуданд.
Дар фарҷоми чорабинии варзишии мазкур, мураббиёни ҳар ду даста бо мақсади рушди баскетбол бо аробачаи маъюбӣ дар миёни шахсони дорои имконияташон маҳдуди ноҳияи Айнӣ якчанд машқҳои асосии ин намуди варзишро бо иштироки бевоситаи наврасон намоиш доданд.   
Чорабинии варзишии мазкур дар чорчӯбаи лоиҳаи “Дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал барои шахсони дорои маъюбият дар ноҳияи Айнӣ”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва “Каритас” маблағгузорӣ мегардад, баргузор шуд.
“ҶУМҲУРИЯТ”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2018    №: 136    Мутолиа карданд: 357

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед