logo

иҷтимоиёт

ПРОФЕССОР РАҲМАТУЛЛО РАҲМОНОВ АЗ ДУНЁ ДАРГУЗАШТ

Агарчи марг ҳодисаест, ки ҳатман рух медиҳад ва ба вақти худ – на соате пеш ва на қафо меояду дар ҳақиқаташ ҳеҷ баҳс намекунанд, аммо барои ҳамдигар, хосса наздикону шахсиятҳои маъруфу маҳбуб зиндагии бештарро интизор ҳастему таманно мекунем. Ин бор ғайричашмдошт марги олими соҳаи тиб, сарвари ҷамъияти  неврологҳои Тоҷикистон, профессор Раҳматулло Раҳмонов ҳамаи моро ғамгин сохт, аз дунё, ки бар асари бемории дил, дар синни 55 - солагӣ даргузашт. Марги олими асил ҳамеша фоҷиаи миллат буду мемонад, хосса олиме, ки дар айни камолот аст ва миллат аз ӯ дастовардҳои бештареро интизор мебошад.
Раҳматулло Раҳмонов аз ибтидо то интиҳо дар роҳи илм, пажӯҳиш бо садоқату самимият ва шинохти масъулияти бузург буд ва туфайли хираду дониш, меҳнату заҳмати зиёд ба қуллаҳои баланд расид, маъруфу маҳбуб гардид. Бо мушкилнописандӣ, ҷустуҷӯи пайвас-та тавонист, ки бисёр мушкилоту масъалаҳои мубрами соҳаро ба хотири рушди тиб ва давову пешгирии дардҳо зуду дуруст ҳал бинамояд.
Дар тарбияи шогирдон низ саҳми чашмрас дошт. Чун омӯзгор, чун раҳнамоии хуб эътироф шуда буд. Марҳум ба ҳайси ноиби президенти Академияи илмҳои тибби Тоҷикистон, сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, мудири кафедраи неврология ва асосҳои генетикаи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо эҳсоси баланди ватандорӣ ва  пешрафти илми муосири тиб хидматҳои зиёди мондагорро ба фарҷом расонд.
Ҳамчун инсони асил, шахси хоксору меҳрубон дар дилу дидаҳои мардум ҷой ва мавқеи устувор дошт.
Бешак, ин гуна шахсиятҳои шинохтаву маҳбуб ҳеҷ гоҳ намемиранд. Оре, ҷисман моро тарк мегӯянд, аммо рӯҳан ҳамеша бо мо ҳастанд. Аз дида агар мераванд, ҳатман дар дил мемонанд. Ёди неку асарҳои мондагорашон ин имконро барои мо фароҳам меоранд, ки бигӯем: «Ёрони якдил, олимони асил намемиранд, ҳамеша зиндаанд». Бо ин ҳама барои онҳое, ки аз марги ҷисми ин табиби ҳозиқ, олими асил, меандешанд, бардоштани ин бор ба дил ҳаргиз осон нест. Ва ҳам ҳар кадоми мо мехостем, ба дилу ҷон мехостем, ки ҷисман низ ҳамеша бо мо бимонад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки худро, пайвандону наздикони марҳумро тасалло бубахшем ва дар ин рӯзҳои бас талх сабри ҷамил орзу бикунем. Инчунин, таманно бинамоем, ки ҳамеша рӯҳаш шоду хонаи охираташ обод бошад.
Аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2018    №: 137    Мутолиа карданд: 162

18.12.2018


Баргузории барномаи фарҳангии «Сад ранги чакан»

Боздиди вазири корҳои дохилӣ аз дидбонгоҳҳои сарҳадӣ

Ифтитоҳи маркази ташхису табобат дар шаҳри Хоруғ

Душанбе шукӯҳи идона мегирад

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. Ҷараёни 1/8 финал

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Сарвари низомиёни Покистон ҳукми қатли 15 террористро тасдиқ намуд

Соли 2018 дар дунё беш аз 110 журналист ба ҳалокат расид

Россия ва Чин ҷиҳати тағйирдиҳии атмосфера озмоиши муштарак гузаронданд

Дар Қазоқистон давоми 27 сол беш аз 130 миллион метри мураббаъ манзил сохтанд

17.12.2018


Баррасии масоили густариши ҳамкориҳо

Ҷамъбасти натиҷаҳои амалиёти «Кӯкнор – 2018»

Вохӯрии Имомуддин Сатторов бо Вячеслав Павловский

ХАТЛОН. Ифтитоҳи 32 бунгоҳи тиббӣ

ШУҒНОН. 2 муассисаи таълимии нав сохта шуд

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Сифати таълим беҳтар мегардад

Қариб 200 кишвар маҷмӯи қоидаҳои созишномаи Парижро ҷонибдорӣ кард

Надя Мурод бо маблағи ҷоизаи Нобел беморхона сохтанист

Масоили марз дар маркази таваҷҷуҳи сарони ҳукуматҳои Ӯзбекистону Қирғизистон

«Зардпӯшҳо» ба Фаронса Ђ10 миллиард зиён оварданд

Дар Россия теъдоди маҳбусон ба ҳадди таърихӣ коҳиш ёфт

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед