Хабарҳо
Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок
Дар шаҳри Хоруғ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018- 2028» таҳти унвони «Идоракунии оби бехатари ошомиданӣ ва беҳдошт дар Тоҷикистон” бо иштироки раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед, олимони Пажӯҳишгоҳи улуми инсоншиносии Академияи илмҳо ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ конфронси илмӣ баргузор гардид.
Шодихон Ҷамшед изҳор дошт, ки дастгирии пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» аз ҷониби кишварҳо ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мояи ифтихори тоҷикистониён буда, дар самти амалисозии он бояд ҳар фарди кишвар саҳмгузор бошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун макони обҳои мусаффо дар ҷаҳон машҳур гардидаву сокинони он ба қадри имкон ба ин неъмати бебаҳо дастрасӣ доранд. Дар ҳоле ки тибқи ҳисоботи оморӣ дар дунё зиёда аз 800 миллион нафар ба оби нӯшокии бехатар ва зиёда аз дую ним миллиард нафар ба хизматрасонии одитарини соҳаи беҳдошт дастрасӣ надоранд.
Фароҳам овардани имкониятҳо дар муҳити бехатар аз масоили дигаре буд, ки дар конфронс мавриди баррасиву таҳлил қарор гирифт. Таъкид гардид, ки бо назардошти мавқеи ҷуғрофии вилоят сокинони он бояд доимо ба рӯй додани хатарҳои эҳтимолии офатҳои табиӣ омода бошанд. Аз ин рӯ, ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилоят бояд бештар бо сокиноне, ки дар маҳалҳои осебпазир иқомат доранд, омӯзишҳои назариявию амалӣ баргузор намояд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 228