logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. 85 ДАРСАДИ НАҚШАИ БУНЁДИ МАЙДОНЧАҲОИ ВАРЗИШӢ ИҶРО ШУД

Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе дар ҳудуди шаҳр то охири соли ҷорӣ 92 майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Дар доираи иҷрои онҳо, аллакай, то имрӯз 78 майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шуд, ки 85% - и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Иброҳим Мирзозода, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, иброз дошт, ки майдончаҳои варзишӣ аз ҷониби вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳои давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шудаанд. Онҳо дар назди биноҳои истиқоматӣ бунёд гардида, аз майдончаҳои футболи хурд, ки  ҳамзамон, барои бозиҳои волейбол ва баскетбол мувофиқанд, нишастгоҳҳо барои фароғати сокинон ва майдончаи бозии кӯдакон иборат мебошанд. Атрофи майдончаҳо сабзазор гардида, дар онҳо гулҳои рангоранг ва дарахтони ҳамешасабз шинонда шудааст. Ҳамзамон, барои таъмини амнияти сокинон дар атрофи майдончаҳо камераҳои назоратӣ насб гардидаанд.
Сокинони шаҳр аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, ки бо бунёди майдончаҳои варзишӣ барои таҳкими тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз даст задан ба корҳои ношоиста, ҳар чи бештар ба варзиш машғул шудан ва истироҳату фароғати фарзандонашон шароити мусоид фароҳам овардаанд, изҳори миннатдорӣ менамоянд.

Б. КАРИМ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.07.2018    №: 144    Мутолиа карданд: 257

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед