logo

Хабарҳо

Густариши ҳамкориҳо бо Бонки исломии рушд

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо сармушовири Бонки исломии рушд ҷаноби Яҳё Алим - ур- Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, мулоқоти корӣ анҷом дод. Мулоқот дар доираи татбиқи лоиҳаи ёрии техникии “Рушди бахши маблағгузории исломӣ дар самти танзим ва назорат дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Бонки исломии рушд дастгирӣ меёбад, доир гардид.
Ҷонибҳо вобаста ба натиҷаи ҳамкории Ширкати машваратии байналмилалии “ISRA Consultancy Sdn” бо гурӯҳи кории Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати мувофиқаи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ дар Тоҷикистон дар ҷараёни марҳилаи дуюм, суҳбат намуданд.
С. Икромӣ аз натиҷаи корҳои анҷомдодаи ширкати мазкур бо гурӯҳи кории Бонки миллии Тоҷикистон ва муносибатҳои дуҷонибаи мавҷуда изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии низоми бонкии мамлакатро ба ҳамкории боз ҳам зичу судманд дар самти таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии низоми бонкдории исломӣ ва бозомӯзии мутахассисони бонкӣ баъди анҷоми лоиҳаи мазкур баён дошт.
Ҳамчунин, раванди татбиқи лоиҳаи “Рушди бахши маблағгузории исломӣ дар самти танзим ва назорат дар Тоҷикистон” ва баъди анҷоми он, дарёфти роҳҳои нави таҳкими робитаҳо ва дигар масъалаҳои ҳамкорӣ бо ин бонк баррасӣ шуданд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 176

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич

06.12.2018


74 варзишгар ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд

Иштироки муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар мулоқоти сатҳи баланд

Баррасии масъалаи содироти маҳсулот ба бозорҳои Аврупо

ПАНҶАКЕНТ. Ифтитоҳи 63 иншоот

Бунёди роҳи танобӣ дар шаҳри Хуҷанд

“ГАНҶИ ҲИЛОЛ”. Тадбирҳо самар медиҳанд

05.12.2018


Баррасии масоили сиёсати хориҷии кишвар

Мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода бо Мерилин Йосефсон

Баргузории конференсияи «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим»

Путин ва Назарбоев ҳамкориро дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ карданд

Куртс ҳамкорӣ бо Россияро шарти сулҳу субот дар Аврупо номид

Вашингтон дар Покистон муколамаи Кобул бо "Толибон"-ро муҳокима мекунад

Трамп дар фикри баррасии мушкили мусаллаҳшавии бошитоб бо Путин ва Си Ҷинпин шуд

Ҳонконгро матлубтарин кишвари дидании сайёҳон дар соли равон хонданд

Ҷаҳон дар як сатр

ЛУКА МОДРИЧ - барандаи "Тӯби тиллоӣ"

5 медали теннисбозони тоҷик

04.12.2018


Ҳамоиш оид ба татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед