logo

туризм

МАКОНҲОИ МУҚАДДАС. НАҚШИ ОНҲО ДАР ШИНОСОИИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГ

Кишвари мо дорои маконҳои муқаддас, таърихӣ ва табиии зебою камназир аст. Мазорҳо ва ё ба ибораи дигар маконҳои муқаддас он ҷойҳое маҳсуб мешаванд, ки аз дерзамон таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб намудаанд. Дар баррасии масоили танзим ва гурӯҳбандии маконҳои муқаддас дар қаламрави кишварамон метавон аз се навъ мазор ёд кард: мазоре, ки воқеан бузурге дар он мадфун аст, дувумӣ қадамҷой ва севумӣ мазори файзи осор. Қадамҷой маконеро дар назар мегирад, ки дар он замоне бузургворе зиста ва ё муддате чанд дар он ҷо умр сипарӣ намудааст. Мазори файзи осор он мазореро бояд номид, ки дар он ҷо аз бузургворе чизе ба мисли ҷома, пироҳан, китоб, дафтар, қалам ба ёдгор монда ва иродатмандон он маконро чун намоди тақаддусӣ нигоҳ доштаанд.
Дар Тоҷикистон мазорҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ ва минтақавидошта мавҷуданд. Он мазорҳое, ки аҳамияти маҳаллӣ доранд, бештар зоирини дохилӣ аз онҳо зиёрат мекунанд, аммо мазорҳое дар қаламрави кишвар, мисли мазорҳои Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Муҳаммади Башоро дар шаҳри Панҷакент, Хоҷа Исҳоқ, Нақибхон Туғрал ва Мавлоно Шамсуддини Сабзпӯш дар ноҳияи Айнӣ, Мавлоно Яъқуби Чархӣ дар шаҳри Душанбе, Махдуми Аъзам дар Ҳисор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб, Хоҷа Шақиқи Балхӣ дар ноҳияи Данғара, Ҳазрати Шоҳ, Боботағои Валӣ ва Шайх Абдулқодир дар шаҳри Истаравшан, Шайх Муслиҳиддин ва Хоҷа Боқирғон дар шаҳри Хуҷанд, Бурхи Валӣ дар ноҳияи Сангвор ва ғайра вуҷуд доранд, ки ҳамасола теъдоди зиёди зоирин аз кишварҳои хамсоя ва дур онҳоро зиёрат мекунанд.
Аз қадим суннати эҳдоси мақбараҳо бар фарози оромгоҳҳо дар қаламрави Тоҷикистон бо анъаноти бисёр қадимӣ роиҷ будааст. Аносири зиёде аз ин анъанот то ибтидои садаи XX бо касби таҷдиди маънӣ дар партави дини ислом мавҷудияти хешро ҳифз карда буд. Бо ҷойгузинии ҳарчи бештари андешаву афкори исломӣ дар Варорӯд нақши парастиши маконҳои исломӣ: масҷидҳо ва мадрасаҳо ва аз замони салтанати хонадони Сомонӣ оромгоҳҳои бузургон бештар мегардад. Ибтидо услуби ҳунари меъмории оромгоҳҳо ва дигар маконҳои муқаддас тибқи ҳунаре, ки то замони тасхири арабҳо маъмул буд, роиҷ аст, вале ҳамчуноне, ки таҳқиқот собит менамояд, баъд аз садаҳои IX–X ҳунари меъморӣ дар мамолики зери нуфузи хилофати араб ба зинаи услубан нави тараққиёте расид, ки сабки умумихилофатиро касб кард. Пирӯзии комили ислом дар сар то сари Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ ба эъмори оромгоҳҳоро ба шеваи исломӣ бештар кард. Дар қаламрави Тоҷикистон сохтмонҳои ибтидои аҳди исломии мақбараҳо, яъне асрҳои VIII–X чун намунаи осори меъморӣ то кунун ҳифз нашудаанд.
Сабки умумии эҳдоси оромгоҳҳо, ки мураббаъшакл ва бар фарози он сохтани гунбад мебошад, ҳамеша аз ҷониби меъморон дар шаҳрҳо риоя гардидааст. Масалан, оромгоҳи Абдулқодири Гелонӣ воқеъ дар шаҳри Истаравшан шабеҳи оромгоҳи Исмоили Сомонӣ буда, аз чор тараф даромадгоҳ дошта, мураббаист. Оромгоҳи Муҳаммади Башоро (садаҳои XI - XIV) ва Шайх Муслиҳиддин (садаҳои X - XII) аз шумори он мақбараҳое ҳастанд, ки бо услуби мураккаби сохт фарқ карда, ҳунари чидани хишт ва ороиши дохил ва беруни онҳо мунҳасир ба фард аст. Оромгоҳи Ҳазрати Шоҳподшоҳ (садаҳои X-XII) дар деҳи Чоркӯҳи Исфара аз беҳтарин намунаҳои гаҷкории Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад ва ҷузвҳои алоҳидаи он бо нақшу нигор ва пардози сутунҳои Рарз, Фатмев (ноҳияи Айнӣ), Оббурдон (ноҳияи Мастчоҳ), меҳроби Искодар (ноҳияи Айнӣ), намояи чӯбии мақбараи Қуссам ибни Аббос (Истаравшан) хеле наздик аст.
Аммо, тарҳи мақбараҳои дар манотиқи кӯҳистони Тоҷикистон сохташуда шабеҳи ҳамдигар нестанд. Ҳар кадоме дар асоси ҳунари сохтмонии маҳаллӣ эҳдос шуда, бо ороиш ва бузургиву хурдӣ аз ҳамдигар тафовут мекунанд. Мазорҳои кӯҳистонӣ аксаран дар ҳолати табиӣ қарор доранд ва ё агар биное доштаанд, он ҳам дар ҳолати ибтидоии худ ҳифз шудааст. Мушаххасоти мазорҳои кӯҳистон боз дар он аст, ки дар девори ҳар мазор тоқе ба андозаи мухталиф сохтаанд. Дар ин тоқҳо сангҳои сапед, ки бар асари ҳаводиси табиӣ шакли худро шабеҳи чизе кардаанд, гузошта шудаанд. Гузоштани ин сангҳо на танҳо дар тоқҳои махсус, балки бар фарози деворҳои баъзе мазорҳо низ ба назар мерасад. Бояд гуфт, ки санг ба унвони зоти моддӣ мавриди парастиш нест, балки шабоҳате, ки он ба чизе дорад ва рамзе, ки сангро махсус ва мумтоз гардонда, муқаддас кардааст. Шаҳобсангҳо намунаи илҳомбахше аз чандсӯии рамзии санг маҳсуб мешаванд. Санги Каъба ва Санги Сиёҳ машҳуртарин шаҳобсангҳо ба шумор мераванд.
Аксари мазорҳое, ки дар қаламрави кишвар мавҷуданд, аз ашхоси воқеӣ буда, ба шахсиятҳои маъруфи илму дониш, сӯфиёни силсилаи нақшбандӣ, қодирӣ ва қаландарӣ маҳсуб мешаванд. Тасаввуф ва густариши он дар Хуросону Варорӯд ва ҷонибдорӣ пайдо кардани андешаҳои тасаввуфӣ дар ин минтақа мӯҷиб гашт, то сӯфиёнро чун валӣ бидонанд ва баъди марг мадфанашонро макони зиёрат қарор диҳанд.
Ба об арҷ гузоштан ва муқаддас ҳисобидан дар фарҳанги ниёкони мо ҷойгоҳи хоссе дорад. Ба ин далел, об дар шумори чор унсур: хок, об, бод ва оташ, ки ба ақидаи ҳукамои қадим дунё аз онҳо таркиб ёфтааст, азиз шумурда мешуд.
Дар Тоҷикистон теъдоди чашмасороне, ки дар ҷаворашон макони муқаддас ба вуҷуд омадааст, хеле зиёданд. Чашмасорони шифобахши «Лангари Моҳиён», «Зумуррад», «Анзоб», «Чашмаи Мурод», «Чашмаи Барҷӯш», «Оби гарм», «Чашмамазор», «Шоҳамбарӣ», «Хоҷа Сангхок», «Хоҷа Оби Гарм», «Чилучорчашма», «Ҳавотоғ», «Гармчашма» ва ғайра ба ҳамагон маълуму машҳуранд. Миёни мардум пиромуни ин чашмаҳо ва пайдоиши онҳо ривоёти гуногуне вуҷуд доранд.
Пойбандӣ ба одобу русуми бостонӣ ва маносики мазҳабӣ аз вижагиҳои ҳаёти маънавии ҳар миллат аст. Мусалламан, яке аз нишонаҳои суннатгароӣ ҳифзи ақоиди обову аҷдод ва эҳтиром ба онҳост. Эҳтиром ба ақоиди аҷдод бештар дар анҷоми суннатҳое хулоса мешавад, ки инсон ҳини зиёрати маконҳои муқаддас анҷом медиҳад.
Мазорҳо аз шумори он маконҳое мебошанд, ки тӯли садсолаҳо муқаддас маҳсуб гаштаанд ва то ба имрӯз ҳеч нируе натавонистааст аз умқи андешаи инсон эътиқод ва боварҳоро ба маконҳои муқаддас ба дур биандозад ва ё дастикам аз он эътиқодҳо коҳиш ба амал биёварад.
Дар ҳама давру замон ба мақоми инсони хирадманду донишманд мардумони ин сарзамин арҷ гузоштаанд ва ба шахсияти онҳо ба дидаи қадр нигаристаанд. Ин арҷгузоштанҳо ва қадрдониҳо боис гардид, ки ба шахси инсони хирадманду донишманд мардум дар замони зиндагияшон аз даричаи эътиқод ва боварҳо бинигаранд ва баъди даргузашт ба мақбараи онҳо эҳтиром қоил бошанд.
Бояд гуфт, ки дар замони Шӯравӣ маконҳои муқаддас дар гӯшаи фаромӯшӣ қарор доштанд, ҳамакнун ба маконҳои қобили таваҷҷуҳ мубаддал гаштаанд. Дар ободии маконҳои муқаддас дар ин замон ниҳодҳои  давлатӣ  ва  шаҳрвандон саҳми фаъол доранд. Аксари мақбараҳо ёдгориҳои таърихӣ-меъморӣ ва сарвати миллӣ эълом шуда, хушбахтона, зери ҳифозати давлат қарор гирифта, барои тармими онҳо маблағҳо ихтисос дода мешавад.
Бидуни шак, вобаста ба болоравии мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик рӯз аз рӯз афзоиш меёбад ва ин оромие, ки ба шарофати ваҳдати миллӣ дар кишварамон ҳукмрон аст, боис мегардад то теъдоди зиёде аз сайёҳони хориҷӣ хоҳиши дидани  маконҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро намоянд. 
Ҳамза КАМОЛ,
доктори илмҳои таърих, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.08.2018    №: 154    Мутолиа карданд: 436

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед