logo

ҳуқуқ

“РӮБОҲИ РАНГЗАДА”

Биёед,  воқеъбинона ва бо чашми дил назар намоем, ки имрӯз дар ҷаҳон чӣ гуна нооромӣ, ҷангу низоъ ва нофаҳмиҳои сиёсиву мазҳабӣ рафта истодааст. Дар муқоиса ба ин як назар афканем ба вазъи кишвари худамон - Тоҷикистони азиз, ки фазояш озоду обод аст. Ҷои шукр аст, ки имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик бо иродаи қавӣ ва ақли солими худ ғолиб омада, дар фазои тинҷу ободи Ватан умр ба сар мебаранд.
Ҳар шахси солимфикр, ки воқеан Ватану миллати худро дӯст медорад ва ба мардуми худу обу хоки Ватан муҳаббат дорад, ба ҳама ҳастӣ ва гузаштаю имрӯзи он бояд арҷ гузорад ва шукргузор бошад.
Мутаассифона, дар ҳар кишвар иддае аз фарзандони нохалаф ва хиёнатпеша мавҷуданд, ки бо супориш ва сарпарастиву роҳнамоии хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд бар зидди сулҳу суботи кишвар, оромиву якдилӣ ва ваҳдати ҷовидонӣ садо баланд кунанд.
Метавон ном бурд ТТЭ ҲНИ - ро, ки аз оғози фаъолияташ ҳамеша пайи хиёнату адоват бо давлат ва миллати худ мубориза мебарад, бехабар аз он, ки тоҷик рӯҳи шикастнопазир дорад ва ваҳдату оромии кишвари худро бо ивази ҷон ҳифз менамояд. Маҳз нақшаҳои тахрибкоронаву хиёнаткоронаи гумроҳони наҳзатӣ буд, ки Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуд.
Имрӯз чун дар Тоҷикистон амалҳои разилонаву манфури хоинони миллати тоҷик ошкору ҳизбашон террористӣ эълон гардид, роҳбарони он дар хориҷи кишвар дар ҳар гӯшае ба гумроҳкунии ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ даст зада, анҷуман ва ҷунбишҳои ифротии худро таъсис дода истодаанд. Раиси ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ дар кишварҳои абарқудрат ҳар гуна ҷамъомаду конфронсҳо ташкил намуда, бо ҳар баҳона мехоҳад нафрате, ки нисбат ба давлату миллати худ дар дил дорад, берун биёрад.
Кабирӣ дар суханронияш аз Ҳукумати кишвар норозигӣ баён намуда, худро ҳақ мешуморад. Аммо суханрониаш саропо нафрату бадбинист, ки ғайбати занонаро мемонад.
Ман ҳамчун як шахси ватандӯст ба роҳбарони ин ҳизб мегӯям, ки дигар миллати тоҷик ба шумо бовар надорад. Бо суханҳои бемантиқ ва бемаънӣ сари мардумро тоб дода наметавонед.Агар, воқеан ҳадафи шумо ислом мебуд ва дар ҳақиқат барои ризои Худо кор мекардед, имрӯз дар кишвари бегона паноҳ намебурдед. Аммо, маълум ва равшан аст, ки мақсади шумо тамоман дигар буд ва барои манфиати шахсӣ, талаби ҷоҳу мансаб ва расидан ба сиёсат аз номи дини мубини ислом суистифода намуда, ба боварии мардум даромадед. Вале, чуноне мегӯянд “Бори каҷ ба манзил намерасад”.
Орзуи шоҳ шудани Кабирӣ инҷо ҳикояи “Рӯбоҳи рангзада” - ро ба ёдам меорад;
“Табиист, ки шоҳони ҷангал танҳо шерон мебошанд ва рӯбоҳеро орзу ин буд, ки шоҳ бошад, худро ранг зада ба ҷангал дохил шуд то дигарон ӯро нашиносанд ва худро шоҳ эълон кард. Мардум ба ӯ бовар карданд  ва иззату эҳтиром ба ҷой оварданд. Аз байн чанд рӯзе гузашт  “шоҳи нав” бо худ меболид ва хеле шод буд. Ногоҳ борони сахте борид ва чеҳраи аслии ӯ намоён гашт. Сокинони ҷангал на танҳо рӯбоҳро аз шоҳӣ озод карданд, балки барои ҳамеша аз ҷангал ронданд, то бо макру фиреби худ  фазои ҷангалро олуда насозад”.
 Оре! Хоинон ҳеҷ гоҳ дар ҳеҷ давру замон ба мақсад нарасидаанду нахоҳанд расид. Мо ҳам бо бовар гуфта метавонем, ки аз ин анҷуманҳо, нишастҳо ва конфронсҳои ифротӣ ва иғвоангез чизе иваз намешавад. Аз оне, ки мардумро бар зидди давлати худ мешӯронед ва фитна меангезед каме шарм доред.
Имрӯз на танҳо мардуми кишвар, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҲНИ - ро ҳамчун як ташкилоти террористӣ - экстремистӣ мешиносанд ва эътироф кардаанд. Дигар касе фирефтаи суханони бемаънии онҳо намегардад. Агарчи дар хориҷи кишвар афроди камсавод ва зудбоварро дар атрофи худ ҷамъ намуда, ҳар гуна ҳаракатҳоро ба вуҷуд меоваранд ва онҳоро бо давлату миллати худ душман мегардонанд. 
Аз азал миллати тоҷик мавқеи худро нисбат ба хиёнаткорону бадандешон муайяну мушаххас намуда, ҳама гуна кирдору рафтори разилонаи онҳоро маҳкум менамуд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳадаф ва ниятҳои нопоки хоинон бар зидди арзишҳои миллӣ, ин ё он раванди рушди ҷомеа, шахсиятҳои пешсаф ва барӯманд равона гардида, онҳо мехоҳанд бо рафтори хиёнаткоронаи хеш ба ҷомеа таъсири манфии хешро расонанд.
Халқи тоҷик ҷанги шаҳрвандиро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад, ки онро низ роҳбарият ва аъзои ТТЭ ҲНИ ташкил карда, мардумро бе хонаву сарпаноҳ ва пароканда сохта буданд. Ин хоинони ватанфурӯш бо нақшаҳои разилонаи худ мардуми осоиштаи кишварро ба чи рӯзҳои хунине гирифтор намуданд. Бо ин ҳама ором нагирифта, ҳанӯз рӯи аспи ҷаҳолат дар даву тозанд то ба Ватан ва миллати худ зарбаи навбатӣ зада, мехоҳанд ин миллатро ба нобудӣ баранд.
Маҳваши ЯЪҚУБЗОД  


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.08.2018    №: 159    Мутолиа карданд: 132

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

04.10.2018


Анҷоми озмуни. “Маҳалла ва ташкилоти беҳтарин” дар Бохтар

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Баргузории фестивали “Оши палов”

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Як мулоқоти муҳим

НБО - и "РОҒУН". Корҳои сохтмонӣ вусъат мегиранд

Сафари варзишгарони тоҷик ба Буэнос - Айрес

ТОҶИКОБОД. 31 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед