logo

фарҳанг

СИНО ВА БЕДОРИИ АФКОРИ МИЛЛӢ

Ибни Сино парчамбардори бедории афкори миллӣ ва бунёдгузори пойдевори илмии ҳазорсолаи мост.
                                                                                                                  Эмомалӣ РАҲМОН
Бо вуҷуди рухдоди ҳодисаҳои пурҷӯшу хурӯш, ки ба ивазшавии доимии ҳокимият оварда мерасонд, инчунин,  тағйири маҷбурии макони зист  Абуалӣ ибни Сино   барои наслҳои баъдӣ миқдори зиёди асарҳои пурарзишро боқӣ гузошт. Аз рӯи гуфтаи Сайид Нафисӣ ӯ 465 асар ба забони арабӣ ва 23 асар ба забони тоҷикӣ навишт. Ибни Сино на танҳо таълимоти мутафаккирони Юнони Қадимро хеле фаъолона истифода бурд  ва рушд бахшид, балки чун олими энсиклопедист барои насли оянда дастовардҳои  муҳими илмии асрҳои миёнаро  оварда расонд. Бо инкишофи таълимот дар бораи табиати одам аввалин маротиба  муҳимият ва заруриёти кӯшиши одамро ба ҷавонмардӣ ва камолот   шарҳ дод.
 Аксарияти  асарҳои Абуалӣ ибни Сино  ҳанӯз ҳангоми  дар қайди ҳаёт буданаш  эътироф гардида буданд.
Садриддин Айнӣ дар бораи ӯ чунин баҳогузорӣ кардааст:
«Абуалӣ ибни Сино   ифтихори халқи тоҷик ва падари табибони ҷаҳон мебошад».
Ибни Сино одамро дар муносибати зич бо муҳити зист ва таъсири омилҳои муҳити беруна ба хотири шифо бахшидан ва тандуруст монданаш омӯхтааст. Таҳқиқи  олим ҷиҳати  ба воситаи ҳаво ва об имкони гузариши мавҷудоти хурд ба организми одам, ки сабабгори пайдоиши бемориҳои гуногун мешаванд, хеле муҳим  аст. Ҳамин тавр,   8 аср пештар аз Л. Пастер  имконияти заҳролудшавиро (сироят) бо воситаи ҳаво пешгӯӣ кард. Инчунин, аввалин маротиба дар таърихи илми тиб бемории силро ҳамчун бемории сироятӣ дарҷ намуд.
Ӯ аҳамияти машқҳои ҷисмониро дар нигоҳдорӣ ва ҳифзи тандурустӣ зикр кардааст. Иброз дошта, ки аз ҳама шарти муҳим дар реҷаи ҳифзи он машқҳои ҷисмонӣ ба шумор рафта, сипас, реҷаи хоб ва ғизо ба ҳисоб гирифта мешавад. Назарияи ӯ, ки дар сурати бо андоза ва дар вақташ ба машқҳои ҷисмонӣ машғул шудан ба ягон табобат эҳтиёҷ намемонад, имрӯз низ эътироф гардидаву куҳна нашудааст. Зиёда аз 700 сол баъд табиби франсуз И. Тиссо истифодаи васеи  машқҳои ҷисмониро дар табобати бемориҳои зиёд тавсия медиҳад. Яъне, месазад,  ки ӯро асосгузори физиотерапия  ном бурд. 
Мероси хеле муҳими тиббиро Абуалӣ ибни Сино  дар соҳаи хирургия (ҷарроҳӣ) гузоштааст. Ба илми ҷарроҳӣ чизҳои хеле нави ба Гален ва  пешгузаштагони ӯ  ношиносро дохил намуда, ин илмро мукаммалтар сохт. Олим масъалаи муолиҷаи ковокии рӯдаи ростро шарҳ дода, тафриқаи бавосирро аз дигар бемориҳои рӯдаи рост нишон дод. Яке аз аввалинҳо шуда  найчамонии ҷарроҳатро истифода бурд, тарзи  дурусту сарфакоронаи дӯхтани ҷароҳат ва чокдӯзиро пешниҳод намуд, усули асосноки  куҳна ва  ҷарроҳии  муолиҷаи хунравӣ аз захм, инчунин,  муфассал расми «шиками сахт» - ро   тасвир кард. Дастурҳои олим оид ба муолиҷаи  беморони даба то ба ҳол ҳам хеле муҳиманд. Усулҳои  чок кардани  думбал, холӣ шудани обхӯраки тухмдон, муолиҷаи захми шикам ва ғайраро бисёр хуб нишон додааст.
Мақоми Абуалӣ ибни Сино  дар  рушди урологияи  муосир хеле бузург мебошад. Барои ташхиси санги масона  ӯ аввалин маротиба дар ҷаҳон усули  катетеризатсияро истифода бурд. Олим истифодаи доруҳои  гуногун, ки  сангҳоро об ва дарди бемориҳои урологиро кам мекунанд, дастур медиҳад.
Дар рушди омӯзиши онкология низ ҳиссаи худро гузоштааст. Дар асрҳои миёна асосан дар бораи  бемориҳои саратони шакли беруна, ки дида мешуданд, тасаввуроти муайян  дош-танд. Ба Абуалӣ ибни Сино   бемориҳои пеш аз омос, пайдоиши варами безарар ва зарарноки узвҳои берунӣ ва дохилӣ  хеле хуб шинос буданд. Ӯ ғояи ягонагии қонунияти пайдоишу инкишофи варамҳои гуногуни этиологиро пешниҳод намуда, аввалин шуда бо дастрасии  маълумот дар бораи саратони меъда  ҳолатҳои  инкишофи варамҳои зарарноки узвҳои дохилиро баён намуд. Дар бораи  зарурати дахолати  ҷарроҳӣ ҳангоми пайдоиши варами зарарнок гуфта гузашта, дар бораи масъалаҳои  метастазияи варам то андозае дар асарҳояш масъалаи  химиотерапияро таҷассум кардааст.
Дар соҳаи травматология (латхӯрӣ) Ибни Сино мафҳуми «шикасти устухон» ва «беҷошавии устухон» - ро шарҳ дода, таснифоти шикастани устухонро вобаста ба хусусияти шикаст пешниҳод менамояд. Шаш намуди  яклаҳзаинаи шикастабандии китф, се намуди беҷошавии сутунмуҳраро баён мекунад.
Ба тарзи  илмӣ  хеле аҷиб ва махсусан  нуқтаи назари худро оид ба панҷ узви ҳис, аҳамият ва вазифаи  онҳо дар прогресси маърифат баён доштааст. Ибни Сино менависад: «Басират ин қувваест, ки дар асаб ҷойгир шуда, намуди ҷисмеро, ки дар зуҷоҷа (намии  яхмонанд) акс ёфтааст, қабул намуда, дорои ранг буда, ба воситаи ҷисмҳои шаффоф ба рӯи  сатҳи ҳамвори ҷисмҳо мебарояд. Қувваи сомеа. Ин қувва дар асаб ҷойгир шуда, ба сатҳи роҳи шунавоӣ паҳн гардида, чунин шаклеро қабул мекунад, ки  ба воситаи  ларзиши ҳаво байни ҷисми бархӯрда,  ҷисми фишурдашуда, зарба ба муқобилият мегузарад ва дар натиҷа овоз пайдо мешавад».
Ӯ аз нахустин олимоне маҳсуб мешавад, ки тавсифи дақиқи мушакҳои чашмро медиҳад ва ба ӯ мавҷудияти ҷӯйи ашкбароӣ ба воситаи бинӣ  маълум буд. Ҳафт намуди захми қарнияи чашмро ном мебарад. Маслиҳатҳояш ҳангоми муолиҷаи офтолмологи пурра бо усули муосир мутобиқ буд. Ҳангоми муолиҷаи носури ашкии чашм ҷарроҳии байни  қирри чашм ва биниро тавсиф кардааст. Аввалин маротиба дар таърихи илми тиб масъалаи  олусии чашмро дида баромад.
Ақидаҳои Ибни Сино пурра бо пешниҳодҳои ҳозира дар бораи вазифаҳои нафаскашӣ, бӯй ва муҳофизати бинӣ мутобиқ аст. Тарзи муолиҷаи озахи биниро гуфта гузашта, қайд мекунад, ки «гӯшти зиёдатиро бо корди борик бодиққат метарошанд». Хеле мухтасар  хусусиятҳои анатомию физиологии гулу, бемории дарди гулу ва боди он, усули бартараф намудани варами гулуро, ки худ васеъ истифода мебурд, шарҳ додааст. Ӯ медонист, ки  садо аз гӯш на ҳама вақт ба иллати худи гӯш алоқаманд аст. Алоқаи байниҳамдигарии садо дар гӯшҳоро бо қабули баъзе дорувориҳо қайд мекунад. Хеле  дуруст муқоисаи байни ҷараёни касалии варами беруни гӯш ва мобайни гӯш, имкониятҳои бод ва шакли зарарноки иллатёбии мобайни гӯш (эпитимпепит) - ро тавсиф кардааст.
Ӯ чунин меҳисобид, ки одам барои он ба дунё меояд, ки  ба одамон  ва  ба ҷамъияте, ки дар он зиндагӣ мекунад, нафъ бирасонад.
Зафархоҷаи САЙДБЕК,  устоди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон
ба номи Абуалӣ ибни Сино,  номзади илмҳои тиб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2018    №: 161    Мутолиа карданд: 410

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед