logo

фарҳанг

РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ. ЭҲЁИ ШОҲРОҲ

Бо азму иродаи бузурги сиёсиву инсонии сарварони ду миллату ду давлат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев монеаҳои бисёрсола бартараф ва шоҳроҳи муносибатҳои неки ҳамсоягии ду халқу ду кишвар боз гардид.
Дар мулоқот бо намояндагони ҷомеа дар шаҳри Душанбе ҳар ду Сарвар ба нақши адабиёт дар барқарориву устувории робитаҳои халқҳоямон баҳои баланд дода, мисолҳои зиёди дӯстиву бародарии аҷдоди бузургамонро хотиррасон карданд.
Вақте ки аз анъанаҳои дӯстӣ ва робитаҳои адабии тоҷикону ӯзбекон сухан ба миён биёяд, аксаран одатан Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мавлоно Алишери Навоиро ёдовар мешаванд, ки воқеан барҷост. Дар ҳақиқат, ин ду симои барҷаста чун раҳнамоҳои дурахшону ҷовидон аз дурии замонҳо халқҳову кишварҳои моро ба ҳамдастиву ҳамдилии ҷовидон  ҳидоят менамоянд.  Лекин, бояд гуфт, ки он муомилаву муносибати ҳасана, ки ба рушду таҳкими дилқариниву рӯҳқаринии тоҷикон на танҳо бо ӯзбекон, балки бо дигар халқҳои туркизабони минтақа такон бахшид, заминаву собиқаи қадимтаре дошт, вагарна дар чанд соли қаробати он ду тан, бо ҳама бузургвориашон, чунин нақшу таъсире барҷо намегузошт.
Албатта, дар ин самт ҳақиқати ҳолро тадқиқоти амиқи мутахассисон муайян мекунад, вале як чизро ба қатъият тахмин кардан мумкин аст, ки шояд Фирдавсии бузург оид ба яке аз қаҳрамонони «Шоҳнома»-и безаволаш – Афросиёб, минҷумла аз сарчашмаҳои туркӣ маълумот ба даст овардааст ва Юсуфи Баласоғунӣ, ки ба ақидаи мутахассисон достонашро дар пайравӣ, услуб ва ҳатто вазни «Шоҳнома» навишта, баъзе пораҳои онро айнан бозгӯ ҳам кардааст, аз адабиёти навини дар замони ӯ аллакай ҳамаҷониба ташаккулёфтаи тоҷик огоҳии амиқ доштааст.
Ғараз аз ин гуфтаҳо он аст, ки робитаҳои адабии тоҷикону ӯзбекон ва дигар туркизабонон ва, албатта, муносибату муомила ва қаробату дӯстии халқҳоямон решаҳои амиқтар доранд ва бояд аз ин нуқтаи назар бознигарӣ ва тадқиқи тоза бишаванд.
Бо вуҷуди ин, қаробату рафоқати Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мавлоно Алишери Навоӣ ба рамзи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек табдил ёфтааст ва, чунон ки зикр шуд, ҳар вақте аз ин боб мегӯем, беихтиёр он ду шаҳсутуни адабиётҳоямон ба хотир мерасанд.
Он ду бузургвор – устоду шогирд ба ҳадде дӯстӣ доштаанд, ки беш аз панҷ аср инҷониб тимсоли самимияту муҳаббати инсониву адибӣ шудаанд. Барои онҳо миллату забон аҳамият надошт, муҳим қаробати маънавӣ, ягонагии дилу ниятҳои воло буду бас.
Навоӣ низ устоди бузургашро фарзандвор мепарастид ва барояш сатрҳои самимиву дилраси зиёде бахшидааст. Аз ҷумла, Мавлоно Ҷомиро, ки аз сафари Шом бармегашт, дар таносуб ба вожаи «шом», ки ба ду маънист, ба моҳи ҷаҳонгард ташбеҳ дода, «моҳи ҷаҳонгардаш»-ро аз «хуршеди ҷаҳонтоби фалак» бартар медонад:
Инсоф бидеҳ, эй фалаки минофом,
То з-ин ду кадом хубтар кард хиром –
Хуршеди ҷаҳонтоби ту аз ҷониби субҳ,
Ё моҳи ҷаҳонгарди ман аз ҷониби Шом?
Адабиёти тоҷикизабони дунё пур аз марсияҳои дилрас аст, лекин марсияи ҷонсӯзе чун навиштаи Мавлоно Навоӣ дар вафоти устоди бузургаш кам дучор меояд:
З-ин азо дар ҳама олам на гадо монду на шоҳ,
Ки кашиданд ба сӯги ту дусад нолаву оҳ,
Шаҳриёрони ҷаҳон чок зада ҷома ба тан,
Пеши тобути ту пӯянда ба аҳволи табоҳ,
Ин анъана баъдан дар шахсияту эҷодиёти бисёр адибони халқҳоямон идома ёфта, тавассути дӯстии шахсӣ, қаробати эҷодӣ ва таълифи осори дузабона вусъат пайдо кардааст. Воқеан, таълифи осор ба ду забон - ӯзбекӣ ва тоҷикӣ низ аз Мавлоно Навоӣ оғоз ёфтааст. Чунон ки муҳаққиқи мумтози ин масъала Абдулғанӣ Мирзоев мегӯяд, таъсири Хоҷа Ҳофиз ба мавлоно Навоӣ ба дараҷае буд, ки жанри ғазалро дар адабиёти ӯзбек подору устувор кард ва ӯро, яъне Навоиро, тавассути девони тоҷикӣ-форсиаш дар қатори устодони ғазал ҷой дод. Ба фикри академики номвар, «Алишер Навоӣ нафақат ҳамчун як нафар намояндаи бузурги адаб, ҳимоякунандаи аҳли адабиёту санъат ва заминаҳозиркунандаи тавоно барои тараққии илму адабиёт ва санъати мардуми Мовароуннаҳр, Хуросон ва Эрони нимаи дувуми асри XV, балки баъд аз Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун яке аз беҳтарин ғазалсароёни асри ХV-и форс-тоҷик низ ба таърихи адабиёти мо дохил хоҳад шуд». Чунин дақиқу амиқ ба матну батни адабиёти халқи дигар ворид шудан, албатта, далели фаросату заковати воло, вале ҳамзамон исботи муҳаббати самимӣ, эътиқод ба забони шеър, сухани баланди шоирона ва, чун ҳар адиби бузург, ҳамдилиро аз ҳамзабонӣ авлотар донистани Мавлоно Навоӣ мебошад.
«Дӯстии аҳли адаби ӯзбеку тоҷик чун дӯстии устодони бузурги мо – Ҷомӣ ва Навоӣ ҳақиқию самимист. Боз ҳам равнақ ёфтани ин дӯстӣ орзуи ман аст» – навишта буд адиби маъруфи ӯзбек Ғафур Ғулом. Метавон гуфт, ки орзуи он бузургмард пайваста амалӣ мешавад ва робитаҳои пурбори адабиву муносибатҳои самимонаи адибони халқҳоямон далели ин аст.
Бешубҳа, яке аз қуллаҳои чунин муносибатҳо устод Садриддин Айнӣ мебошад, ки низ ба тақозои замон ва истеъдоди бузург бисёр асарҳояшро ба ду забон – тоҷикиву ӯзбекӣ навиштааст, дар поягузории адабу фарҳанги Ӯзбекистон саҳми арзанда гузоштааст, ба бисёр адибони ӯзбеки нимаи аввали қарни XX ҳаққи устодӣ дорад ва, ба қавли яке аз онҳо –  Шароф Рашидов, дар баробари Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, асосгузори адабиёти шӯравии ӯзбек эътироф шудааст. Аз ин рӯ, табиист, ки онҳое, ки баъдан дар Ӯзбекистон адибони машҳур шуданд, дар қатори аввалин устодони худ Садриддин Айниро зикр кардаанд.
Ду шахсияти барҷастаи  фарҳангу сиёсат – Мирзо Турсунзода ва Шароф Рашидов соли 1949 шинос шуда, ба сифати раисони иттифоқҳои нависандагони ҷумҳуриҳои худ баҳри тарғиби ғояҳои ягонаи дӯстию бародарӣ камари ҳиммат бастанд. Шароф Рашидов оғози ошноии худро бо шоири номдори тоҷик чунин ба қалам додааст: «Мирзо Турсунзода аз лаҳзаҳои аввал ба ман таассуроти хубу амиқ гузошт. Ин марди серғайрату фаъол доираи хеле васеи фикр дошт ва санъаткори ҳақиқӣ буданаш хуб эҳсос мешуд».
Ин ду бузургмард на танҳо робитаҳои адабии ду кишвару ду халқро сазовор идома доданд, балки онро ба паҳнои байналмилалӣ бароварданд.
Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳамеша адибони тоҷику ӯзбек паҳлуи ҳам кору эҷод мекарданд. Имрӯз шоиру нависандагони ӯзбек дар созмони эҷодии мо беш аз бист нафарро ташкил медиҳанд ва бахши ӯзбекии он яке аз фаъолтаринҳост.
Ду сол пеш бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат дар Иттифоқи нависандагон Маркази тарҷумаи бадеӣ таъсис ёфт ва яке аз бахшҳои фаъолу пурмаҳсули он бахши ӯзбекист. То имрӯз маҷмӯаҳои зиёди назму наср, аз ҷумла ду китоби ҳикоя ва шеъри муосири тоҷик ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва барои чоп омода шудаанд. Порсол яке аз мутарҷимони пуркор Омон Ҷуманов барои тарҷумаи намунаҳои хуби насри тоҷик сазовори Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, чанд нафар адибони ҷавони ӯзбек, аз ҷумла тарҷумонҳо, ба узвияти ИНТ қабул гардиданд.
Иттифоқи нависандагон бо нашрияҳои ӯзбекии Тоҷикистон – рӯзномаи «Халқ овози», «Дӯстлик», «Суғд ҳақиқати», «Ӯқувчилар газетаси», «Устоз», маҷаллаҳои «Шарқнома», «Кичкинтой», «Сирдош» робитаи зичи ҳамкорӣ дорад. Онҳо натанҳо осори адибони ӯзбекзабони Тоҷикистонро ба табъ расонда, ба рушду нумӯи он мусоидат мекунанд, балки минбари тарғиби тарҷумаи беҳтарин навиштаҳои шоиру нависандагони тоҷик ва амалисози шиори заминиву замонии «дӯстии халқҳо – дӯстии адабиётҳо» ҳам ҳастанд.
Низом ҚОСИМ,
раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2018    №: 162    Мутолиа карданд: 527
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед