logo

иҷтимоиёт

МУОИНАИ ТИББӢ ВА Ё БАЪЗЕ МУАММОҲОИ ОН

Мавзӯи саломатӣ ва дастрасии мардум ба тибби босифат, бо вуҷуди тадбирҳои зиёде, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои соҳаи тиб роҳандозӣ мегарданд, ҳанӯз ҳам аз масъалаҳои ҳалталаб боқӣ мондааст. Махсусан, аз муоинаи тиббӣ гузаштани аҳолӣ, ки бояд дар вақти муайян ва бо иштироки ҳар як ташхисшаванда сурат гирад, аз мавзӯъҳои мавриди баҳс арзёбӣ мегардад.
Мувофиқи талаботи бандҳои 1 ва 4 моддаи 105 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи саломатӣ, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ғайрисироятии оммавӣ, касбӣ ва ҳодисаҳои нохуш кӯдакони боғчаҳо, хонандагон, донишҷӯён, соҳибкорони инфиродӣ, кормандони корхонаву ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ки ягон фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти истеҳсолиро анҷом медиҳанд, бояд пеш аз дохилшавӣ ба кор ё ба хондан ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаранд.
Мувофиқи ин тартибот довталаб, коргар, модар бо кӯдакаш баъди ба хазинаи маркази саломатӣ супурдани маблағи муайяншуда (50 сомонӣ) ҳатман аз муоинаи давравии табибони чашм, асабшинос, ҷарроҳ, дандонпизишк, гӯшу гулу, бинӣ ва оилавӣ гузашта, таҳлилҳои зарурии умумии хун, пешоб ва ташхиси функсионалии флюорографияи қафаси синаро гузаронанд. Баъдан, дар асоси таҳлилу муоинаҳои гузашта ба мактаббачагон ҳуҷҷат оид ба вазъи саломатӣ (шакли 026 УЕ), ба довталабон ва коргарон (038 УЕ), ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 15 октябри соли 2015 тасдиқ шудааст, пешниҳод мегардад.
Вале, имрӯз  мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки агар иддае муоинаи тиббиро ба пуррагӣ гузашта, маълумотномаи тиббӣ ба даст оранд, баъзеҳо бо сарфи маблағҳои муайян, бе гузаштани ташхис маълумотномаро ба даст меоранд. Баъзан, ҳолатҳое ҳастанд, ки дар вақти муоинаи тиббӣ муоинашаванда ҳозир намешавад. Дар ин радиф, масъалаи солимии наврасону ҷавонон зери суол меравад. Ва суоли матраҳ  ин аст, ки оё мутахассисони соҳаи тиб ҳамаи онҳоро аз муоинаи тиббӣ мегузаронанд. Агар муоинаи тиббӣ қалбакӣ сурат гирад, пас оянда чӣ хоҳад шуд?
Собир Валиев, сокини шаҳри Душанбе,  гуфт, ки барои фарзандаш, ки имсол ба синфи 1 меравад, аз маркази саломатии шаҳр, бо пардохти маблағи муайян маълумотномаи тиббӣ гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло аз ҳар марказҳои саломатӣ ин гуна маълумотномаро бо роҳҳои гуногун дастрас намудан мумкин аст ва барои ин касе солимии муроҷиаткунандаро ташхис намекунад.
Алишер Давронов, довталаби мактаби олии кишвар, ки барои гирифтани маълумотномаи тиббӣ ба маркази саломатии шаҳрӣ омада маълумотномаро ба тариқи «маъмулӣ» гирифта буд, ба суоли мо, ки чаро худ аз ташхис нагузашту ҳуҷҷати тиббиашро бидуни ташхис гирифт, чунин ҷавоб дод: «Бо пардохти 50 сомонӣ ба хазинаи давлатӣ маълумотномаи тиббӣ гирифтам. Аз назорати 8 – 10 духтур гузаштан, вақти зиёдро мегирад, барои ин фурсат ҳам надорам».
Сабаби хунукназарона рафтор намудани сокинону масъулони соҳаи тибро коршиносон ба ҳар навъ баҳо медиҳанд. Иддае дар ин масъала, агар сокинонро гунаҳгор кунанд, гурӯҳи дигар кормандони соҳаи тандурустиро айбдор месозанд.
Ба қавли Гулчеҳра Амонова, муовини сардор оид ба комиссияи машварати тиббии маркази саломатии № 15 - и шаҳри Душанбе, дар масъалаи гирифтани маълумотномаҳои тиббии бидуни ташхис волидон аввалдараҷа гунаҳгоранд ва шарики ҷинояти коррупсионианд.
Ӯ мегӯяд: «Мо аз падару модарон хоҳиш менамоем, маблағеро, ки барои харидани маълумотнома сарф мекунанд, ба хазинаи марказ супурда, аз вазъи саломатии кӯдаки худ бохабар гарданд. Чунин амал ба ҳар ду тараф манфиатовар аст».
Шаҳноза Маҳмадсаидзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш, бошад, роҷеъ ба ин масъала иброз дошт, ки ҳамасола дар ноҳия қабл аз қабули хонандагон ба муассисаҳои таълимӣ бо роҳбарони муассисаҳо вохӯрда, ҷиҳати ин масъала якҷоя бо маркази саломатии ноҳия аз рӯи «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шаванд.
Бояд гуфт, ки нигоҳи кӯр - кӯрона ба ташхиси кӯдакону наврасон оқибатҳои ваҳимеро дар пай хоҳад дошт. Масалан, баъзан бемориҳои сироятӣ замоне муайян мегарданд, ки, аллакай, гурӯҳи калон ба он гирифтор шудааст. Дар ин радиф, зикр кардан ба маврид аст, ки шумораи ба ҷиноят даст задан аз ҷониби ноболиғон ва худкушӣ имрӯзҳо зиёд гашта, танҳо пас аз марг бемории рӯҳӣ доштани онҳо равшан мешавад. Мақсади аз муоинаи тиббӣ гузаштан, сари вақт  дарёфтани бемориҳои узвҳои такяву ҳаракат, босира, бемории ВНМО, гепатит, сил ва ғайра мебошад. Ҳамчунин, вақти муоинаи тиббӣ метавон дигаргунӣ дар узвҳои такяву ҳаракат, паст будани биноии кӯдак ва амсоли инҳоро муайян кард ва сари вақт таҳти назорат гирифту табобат намуд.
Аз муоинаи тиббӣ гузаштани шаҳрвандон, бахусус кӯдакону наврасон, кафили дарёфти бетаъхиру пешгирии оризаҳои бемориҳо, падидаҳои нохуш ва тақвият бахшидани солимии аҳолӣ мебошад.
Қурбон АҲМАДЗОД,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2018    №: 163    Мутолиа карданд: 392

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед