logo

иқтисод

“КОФАРНИҲОНИ ПОЁН”. ЛОИҲАИ БАРОИ ДУ КИШВАР СУДОВАР

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бобати беш аз пеш боровар шудани ҳамкориҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ миёни ду мамлакат кӯшиши зиёд ба харҷ дода истодаанд. Дар ин замина, ба хотири тақвияти бештари дӯстии ду халқи ба ҳам бародар, ҷоиз аст, ки як иқдоми амалиношудаи замони шӯравиро ёдрас намуда, муҳимияти иҷрои онро таъкид кунем.   
Бо мақсади обёрии садҳо ҳазор гектар заминҳои ташналаби Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ба ин васила таъсис додани чандин ноҳияи нав ҳукумати вақти шӯравӣ қарор карда буд, ки дар дарёи Кофарниҳон дар ҳудуди ноҳияҳои Шаҳритузу Қубодиён обанбор сохта шавад. Татбиқи ин лоиҳа, ки номи “Кофарниҳони Поён”-ро гирифта буд, соли 1983 оғоз шуд. Иншоот бояд соли 1993 мавриди истифода қарор мегирифт.
Қувваталӣ Додов, собиқадори меҳнат ва муаррихи минтақа, ки ҳамроҳи мо дар мавзеи барои обанбор пешбинишуда қарор дошт, дар ин бора чунин гуфт:
- Ин чуқуриҳое, ки мебинед, барои рехтани таҳкурсии сарбанд кофта шудаанд. Лоиҳа бо назардошти афзоиши босуръати аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва бунёди манзилҳои истиқоматӣ омода шуда буд. Агар ин обанбор сохта мешуд, мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ, дар Тоҷикистон се ноҳия ва дар Ӯзбекистон низ пас аз обёрӣ шудани мавзеи Чордағал се ноҳия ташкил мешуд. Ҳамзамон, дар ин дарё бунёди як неругоҳи обие, ки иқтидори бо барқ таъмин кардани мавзеъҳои навташкилро дошт, дар мадди назар буд. Аз рӯйи ҳисоби мутахассисон, агар ин обанбор сохта мешуд, он ҳамагӣ дар панҷ сол тамоми хароҷотро мепӯшонд.  
Тавре Талбон Ҳакимов, роҳбари пешини Институти илмию истеҳсолии лоиҳакашии “Нурофар” ва собиқ директори ПМК-12, ки сохтмони  обанборро бар дӯш дошт, зимни як мусоҳибаи матбуотӣ зикр кардааст, лоиҳаи “Кофарниҳони Поён” - ро даҳҳо институтҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба таври дақиқ омода кардаанд, он дар соҳаи мелиоратсияи ду кишвар сохтмони камназир маҳсуб меёбад ва бо татбиқи ин лоиҳа Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонанд даштҳои ташналаби Курҷалолқум, Гулзор,  Чордағал, Каниздеҳа ва Бешкентро обёрӣ кунанд.
Муҳандис - гидротехник шодравон Геннадий Колитсов, собиқ роҳбари шуъбаи лоиҳаи “Кофарниҳони Поён” - и Институти лоиҳакашии “Тоҷикгипроводхоз”, зимни як гуфтугӯ ба хабарнигорон гуфтааст:
- Дар он минтақае, ки ин сохтмон ба нақша гирифта шуда буд, метавон зироатҳои зиёди ситрусию субтропикӣ парвариш кард. Он яке аз водиҳои зархез ба ҳисоб меравад. Дар ин мавзеъ дар моҳҳои июл – август дар ҳаҷми 243 миллион метри мукааб мушкили норасоии оби полизӣ ба назар мерасад. Ва ин норасоӣ дар оянда афзоиш хоҳад ёфт. 
Болотар аз он ҷое, ки бояд сарбанд сохта мешуд, дар дарёи Кофарниҳон ба дарозии 16 километр дар ҳаҷми 5,2 миллиард метри мукааб захираи об мавҷуд аст, ки ҳоло ҳамагӣ 1,2 миллиард метри мукааби он ҷорӣ мешаваду бас. Обанбор ба ҷоришавии ин захира вусъат бахшида, дар сурати ҳар мавсим дуруст танзим шудан имкон медиҳад, ки  68,3 ҳазор гектар замин обёрӣ шавад. Ҳангоми истифодаи муътадил, ба қавли мутахассисон, обанбор дар як сония то 650 метри мукааб об партофта метавонист, ки аз ин ҳисоб маблағҳои зиёди баҳри соҳилмустаҳкамкунӣ харҷшаванда сарфа мегардиданд. Арзиши лоиҳавии сохтмон, мувофиқи ҳисобҳои соли 1984-ум, бо назардошти эъмори неругоҳи барқӣ 416 миллион доллар пешбинӣ шуда буд. То фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва канда шудани риштаҳои иқтисодӣ дар ин мавзеъ дар доираи корҳои омодагии сохтани обанбор шаҳраки сохтмончиён қисман бунёд шуда буд. Мувофиқи лоиҳа, бояд дар шаҳраки сохтмончиён 200 хона сохта мешуд.
Умед аст, ки бо мустаҳкам шудани робитаҳои ҳасана миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон лоиҳаи “Кофарниҳони Поён”, ки фоидааш  барои ду кишвар беҳисоб аст, дубора аз сар гирифта мешавад.
Зокир ҲАСАН, шаҳри Бохтар

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2018    №: 167    Мутолиа карданд: 114

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

04.10.2018


Анҷоми озмуни. “Маҳалла ва ташкилоти беҳтарин” дар Бохтар

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Баргузории фестивали “Оши палов”

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Як мулоқоти муҳим

НБО - и "РОҒУН". Корҳои сохтмонӣ вусъат мегиранд

Сафари варзишгарони тоҷик ба Буэнос - Айрес

ТОҶИКОБОД. 31 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед