logo

иҷтимоиёт

МУЪМИНОБОД. ОБОДКОРИҲО ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

- Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 оид ба омодагиҳо ва вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати таҷлили Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ниҳоят муҳим буда, ба ин раванд такони ҷиддӣ бахшид, - гуфт зимни суҳбат раиси ноҳияи Муъминобод Тоҳирхон Амиршозода.
Паи иҷрои супориши Сарвари давлат то имрӯз дар ноҳия мушкилоти сокинони 138 маҳали аҳолинишин тариқи вохӯрию суҳбатҳо мушаххас омӯхта, нақшаю чорабиниҳо иборат аз 238 банд тарҳрезӣ ва тасдиқ карда шудааст. Роҳбарии гурӯҳи кории ҷумҳуриявиро дар ноҳияи Муъминобод Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф ба уҳда дорад. Дар муддати фаъолият гурӯҳи корӣ то имрӯз бо аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 7 вохӯрӣ доир намудааст. То имрӯз 64 фоизи чорабиниҳои тарҳрезишуда мутасаддӣ ва маблағгузорҳои воқеии худро пайдо кардаанд. Барои амалисозии бандҳои дигари нақшаи чорабиниҳо тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.
Корҳои ободонӣ, бунёди иншооти иҷтимоӣ, фарҳангӣ, хизматрасонӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ, таъмиру бунёди роҳу кӯпрукҳо бояд то арафаи Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ба анҷом расонда шаванд. Дар ин замина садҳо ҷойи нави кор фароҳам мегардад.
Аз аввали сол то ҳол ба маблағи 10 миллиону 166 ҳазору 800 сомонӣ корҳо, аз ҷумла дар ҳаҷми 9 миллиону 542 ҳазору 900 сомонӣ корҳои сохтмону васлгарӣ ба анҷом расонда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 756 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ 10 иншооти иҷтимоию хизматрасонӣ ва майдончаҳои варзишӣ ба маблағи 1 миллиону 455 ҳазор сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Айни замон, сохтмони 28 иншоот бо маблағгузории соҳибкорон ва буҷети ҷумҳуриявӣ идома дорад. Дар доираи барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия барои солҳои 2016 – 2020 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ татбиқ намудани 182 лоиҳа тарҳрезӣ шудааст.
Бунёдкориву пешравиҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ба назар мерасанд. Дар доираи корҳои омодагӣ ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия боз иншооти зиёди маъмуриву фарҳангӣ ва истеҳсолию хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, сатҳу сифати зиндагии мардум ҳам беҳтар мешавад.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.08.2018    №: 169    Мутолиа карданд: 413
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед