logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Инсонҳои огоҳу соҳибназар аз замоне, ки хешро мешиносанд, мекӯшанд, ки вақти қимати худро дар хидмати дигарон, барои кори неку номи нек сарф кунанд.
Ҳомиддин Ҳасанович Шарифов аз ин зумра буд. Ӯ омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлобро соли 1966 хатм мекунад. Пас аз он барои амалӣ намудани орзуҳои хеш соли 1966 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон меояд, ба факултаи ҳуқуқ қабул шуда, онро соли 1971 хатм менамояд.
Солҳои 1971 - 1986 муфаттиши шуъбаи корҳои дохилӣ, сармуфаттиш ва  раиси суди халқии ноҳияи Ёвон буд. Пас аз он ба ҳайси раиси судҳои вилоятҳои Кӯлобу Хатлон,  Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 1996 то соли 2006 вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ ифои вазифа дошт.
 «Вазир халқро пушту паноҳ ва подшоҳро дар умури хайр мададгор аст. Вазир бояд дорои хислатҳои ҳамида, ҳомии адлу дод, тарғибгари илму фарҳанг, сулҳу сафо, дӯстиву бародарӣ ва покӣ бошад».
Ниёгони мо иҷрои ин қоидаҳоро барои вазирони гузашта ногузир медонистанд.
 Вазир, генерал – полковник Ҳомиддин Шарифов ҷавобгӯи ин талабот буд. Замоне ки ӯро ба ин вазорати қудратӣ роҳбар таъйин намуданд, миллат ҳанӯз захмҳои хуншор дошт ва террору ҷиноят дар ҳоли афзудан буд. Дуздии моликияти ҷамъиятиву шахсӣ, куштор, ғорат, таҷовуз ва дигар ҷиноятҳо як кори маъмулӣ ба ҳисоб мерафтанд. Дар пеши вазири нави корҳои дохилӣ мушкилоти ҳалношуда меистоданд. Ин мушкилот иборат буд аз:
 Тоза кардани сафҳои милитсия аз афроди  тасодуфӣ.
 Ба танзим даровардани вазифаҳои кормандони вазорат ва ҷузъу томҳои он.
Халъи силоҳ.
Нест кардани дастаҳои боқимонда, ки ба ғорати мардум машғул буданд.
Мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил, роҳбарони дастаҳои ғайриқонунӣ, интиқолу фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир.
 Ҳисоботи ҳамешагӣ ба мардум тавассути матбуоти давриву радиову телевизион.
Ташкили шуъбаҳои нав дар минтақаҳои доғ ва аз нав ба роҳ мондани кор дар шуъбаҳои корҳои дохилие, ки  мавриди ғорату ҳуҷум қарор гирифтаву амал намекарданд ва ё буданду фаъолияти назарногир доштанд.
Баргаштан ба фаъолияти муътадили корӣ аз ҳолати ҷангӣ ва ғайраву ғайра.
Ҳомиддин Шарифов дар кӯтоҳтарин муддат вазъиятро дар вазорат омӯхта бо таҷрибаи бузурги хеш такя намуд ва дар иҷрои дастуру супоришҳое, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон наздаш гузошт, муваффақ шуд.  Муборизаи оштинопазир нисбати нафарони ҷинояткор ва махсусан, ҷинояткорони ашаддӣ вусъати тоза ёфт.
Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ҷанги навбатӣ, аммо хеле вазнину тӯлонӣ шурӯъ шуд. Ин ҷанг муқобили ҷинояткороне, ки ба фурӯшу истеъмоли маводи мухаддир машғул буданд, сурат гирифт.
Милитсия дар ин давра соҳиби нашрияи худ шуд. Таҳияи барномаҳои соҳавӣ дар Телевизиони тоҷик, радио ва ҳамкории доимӣ бо рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ ба як анъанаи нек табдил ёфт.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» як падидаи нав ва саҳифаи тоза дар таърихи милитсияи тоҷик маҳсуб мешуд. Қонуни нав вазифаю манфиатҳои милитсияро возеҳ баён намуда, ҷавобгӯи вақту замон будани худро нишон дод. Бо супориши вазири корҳои дохилӣ ба тафсиру тавзеҳу омӯзиши ин қонун пардохтанд. Шарҳи он тавассути матбуоти даврӣ бо забони давлатӣ интишор меёфт.
Аҳамият додан ба забони давлатӣ ва боло бардоштани мақоми он дар тамоми сохторҳои вазорат зери назари махсуси вазири корҳои дохилӣ қарор дошт.
Бо ташаббуси ӯ дар дараи хушманзараи Ромит истироҳатгоҳ – табобатгоҳи «Садбарг» дари худро ба рӯи кормандони соҳа  ва тамоми шаҳрвандон боз намуд.
Бо пешниҳод ва дастгирияш Осорхонаи милитсияи тоҷик бунёд ёфт. Ҳамин тавр, аз соли 1996 то соли 2006 бо дастгириҳои бевоситаи роҳбарияти олии мамлакат ва масъулиятшиносии Ҳомиддин Шарифов Вазорати корҳои дохилӣ аз мушкилтарин санҷишҳои таърихӣ ва даврони навини миллат берун омад.
Ин даҳ сол даҳ соли одиву муқаррарӣ набуд. Даҳ соли пур аз ҷонбозиву қаҳрамониҳо, бедорхобиву андешаронӣ ва ғалабаҳои пай дар пай маҳсуб мешавад. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмати ин фарзанди олиқадри хешро арҷ гузошт. Соли 2003 ӯро бо яке аз олитарин мукофотҳои Ватан – ордени Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ намуданд. Мукофоти беҳтарин барояш боварии халқу Ватанро ба даст овардан буд ва онро ба даст овард.
Ӯ шахсияте буд нотакрор. Фарзандону шогирдони зиёдеро ба воя расонду дар хизмати халқу Ватан раҳнамун сохт.
Ҳомиддин Шарифов 29 августи  соли 2007, дар синни 60 – солагӣ аз олам даргузашт. Аммо, ҳанӯз ҳам дар дилу дидаҳо ҷой дорад ва аз хидматҳои бузургаш мегӯянду менависанд. Оре, мард ба марг намемирад, балки марг аз ӯ ном меёбад.
Иноят АДОЛАТОВ

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.2018    №: 170    Мутолиа карданд: 340

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед