logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

30 август таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлис нахуст оид ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2018, таҳти рақами 1084, “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018” ҳисоботи вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки моҳият ва ҳадафҳои қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” ба аҳолӣ ба таври амиқ фаҳмонда, барои татбиқи нақшаву ниятҳо назорати иҷрои нақшаи даромаду хароҷоти буҷети давлатӣ пурзӯр карда шавад.
Сипас, аъзои Ҳукумати мамлакат баъди муҳокима шаш хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи пешниҳоди хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”, “Дар бораи танзими давлатии нархгузорӣ”, “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” ва “Дар бораи парандапарварӣ” - ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карданд.
Дар маҷлис, ҳамчунин, «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2018-2019 оид ба татбиқи “Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2028” қарори дахлдор қабул шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба иҷрои саривақтию босифати масъалаҳои рӯзномаи маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар дастурҳои Президенти мамлакат супоришҳои мушаххас доданд.
Супоришҳои махсус оид ба ҷоннок кардани кори гурӯҳҳои ҳукуматӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, вусъати бунёди иншооти таъйиноти гуногун барои сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳар як шаҳру ноҳияи кишвар дар заминаи корхонаҳои манзилию коммуналӣ таъсис додани хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ, таҳияи барномаи махсус барои шинондани ниҳолҳои ҳамешасабз қад - қади шоҳроҳҳои мамлакат, парвариши ҳайвоноти гуногуни нодир барои рушди соҳаи сайёҳии шикорӣ, рушди соҳаҳои чорводорӣ ва моҳипарварӣ дода шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор дастур доданд, ки то 1 январи соли 2019 боло бурдани нархи симкортҳои телефони мобилиро дар ҷумҳурӣ мавқуф гузоранд.
Ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ супориш дода шуд, ки дар ин муҳлат доир ба масъалаҳои вобаста ба арзиш ва тартиби истифодаи симкортҳои телефони мобилӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намоянд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.08.2018    №: 172    Мутолиа карданд: 438

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед