logo

Хабарҳо

ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори чорумин солгарди Рӯзи соҳибкорон (14 октябр) 15 - 16 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе зери унвони   «Рушди  соҳибкорию сармоягузорӣ  ва равандҳои  муосири иқтисодӣ»  Ҷашнвораи  байналмилалии  соҳибкории   Душанбе - 2018  баргузор мегардад.

Ҳамоиши байналмилалӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Кумитаи давлатии  сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар гузаронда шуда, дар он масъалаҳои дарёфти роҳҳои рушди соҳибкорию сармоягузорӣ дар мамлакат матраҳ мегарданд. Дар назар аст, ки дар чорабинӣ шумораи зиёди соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ иштирок намуда, бо муколамаи озод масъалаҳои ҳалталаби соҳа, аз ҷумла рушди соҳибкории ин новатсионӣ, тақвияти ислоҳоти иқтисодӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷиро якҷо бо намояндагони сохторҳои давлатӣ баррасӣ намоянд. Ҳамзамон, дар радифи баргузории ҷашнвораи мазкур дар пойтахти кишвар  ҳамоишҳои  соҳибкорони  Тоҷикистону Урдун,  Фаронса, Қазоқистон  ва намоиши  маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ доир мегарданд.
Ҳамчунин, дар доираи Ҷашнвораи байналмилалӣ баргузории ҷаласаи  гурӯҳи кории  доимӣ оид ба  ҳамкории иқтисодиву  саноатӣ  байни Тоҷикистон ва Чехия, конфронси  илмӣ таҳти унвони   «Ҷалби диаспораҳои тоҷикон  ва ҳамватанони бурунмарзӣ  баҳри рушди кишвар», озмун - фестивали   ҷумҳуриявии  «Навоварон ва ихтироъкорони наврасу ҷавон», намоиши  ҳунарҳои мардумии  гирандагони Гранти президентӣ ва Конфронси  байналмилалии   иқтисодии «Ташаббуси шаффофият дар соҳаи истихроҷ» дар назар аст.                                                                      
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 256

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед