logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи Коллеҷи технологӣ ва дорусозӣ дар ноҳияи Ёвон, 6 сентябри соли 2018

Муҳтарам омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Дар оғоз мехоҳам тамоми сокинони шуҳратманду заҳматпешаи ноҳияи Ёвон ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромиро ба ифтихори Ҷашни бузургу муқаддаси миллиамон - бистуҳафтумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки тантанаи адолати таърихӣ ва рамзи сарбаландии халқи тоҷик мебошад, самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо бахту иқболи нек ва барору комёбӣ орзумандам.
Ду сол қабл дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ таъкид шуда буд, ки дар 15 соли оянда ба таври назаррас афзоиш ёфтани саҳми соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бояд таъмин гардад ва Тоҷикистон ба кишвари индустриаливу аграрӣ табдил дода шавад. Бинобар ин, мо мақсад гузоштем, ки ин корро ба воситаи таъсис додани корхонаҳои нави саноатӣ ва коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватанӣ вусъат бахшида, бо ҳамин роҳ истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазирро зиёд карда, тақвияти иқтидори содиротии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корро барои ҳамватанонамон таъмин намоем.
Ноҳияи Ёвон метавонад ҳамчун яке аз ноҳияҳои калонтарини саноатии мамлакат барои амалишавии ин ҳадаф нақши муассир гузорад.
Дар оғози солҳои 90-ум, яъне қабл аз замони истиқлолият дар ноҳия ҳамагӣ 6 корхонаи саноатӣ фаъолият мекард. Дар натиҷаи андешидани маҷмӯи тадбирҳо шумораи корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ҳамасола зиёд гардида, имрӯз шумораи онҳо ба 40-то расидааст, ки аксари онҳо корхонаҳои азим мебошанд.
Ҳоло тавассути ба роҳ мондани фаъолияти муназзами корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ иқтидори саноатии ноҳия на танҳо дар вилоят, балки дар миқёси мамлакат торафт тақвият ёфта истодааст. Тайи солҳои охир дар ҳудуди ноҳия илова ба корхонаҳои истеҳсолӣ беш аз 450 иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла муассисаҳои таълимиву иншооти варзишӣ, биноҳои баландошёнаи истиқомативу маъмурӣ, гармхонаҳо ва марказҳои савдову хизматрасонӣ бунёд ва ба истифода супорида шудаанд.
Ҳоло дар ҳудуди ноҳия қариб 30 ташкилоти пудративу сохтмонӣ фаъолият мекунад, ки аксари онҳо ғайридавлатӣ буда, дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ғанӣ гардондани буҷети маҳаллӣ саҳми арзишманд мегузоранд.
Албатта, таъмин намудани фаъолияти бомарому самараноки корхонаҳои саноатӣ бе тарбияи кадрҳои баландихтисос муяссар намегардад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати кишвар бо мақсади иҷрои ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд муайяншуда раванди ислоҳот ва навсозии соҳаи маориф, бунёди муассисаҳои таълимии замонавӣ ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯйро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷаи худ меҳисобад. Таъкид менамоям, ки мо имрӯз аз ҳама бештар ба мутахассисони соҳаҳои саноати сабук, маъдану энергетика, муҳандисони роҳу нақлиёт, барномасозон, меъморону лоиҳакашҳо, технологу геологҳо, инчунин, ба даҳҳо номгӯи ихтисосҳои коргарӣ эҳтиёҷ дорем, ки тайёр кардани онҳо бояд дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ амалӣ карда шавад.
Муассисаи таълимии ғайридавлатии коллеҷи технологӣ ва дорусозӣ дар ноҳияи Ёвон, ки имрӯз ҳамаи мо шоҳиди ифтитоҳи он гардидем, аз ҷумлаи ҳамин гуна муассисаҳое мебошад, ки барои омода намудани кадрҳои замони нав пешбинӣ шудааст. Ба ин муносибат ҳамаи шуморо табрик гуфта, ба сармоягузорону ташаббускорон ва ҳамаи онҳое, ки дар сохтмони он саҳми ватандӯстона гузоштаанд, изҳори сипос менамоям.
Коллеҷи технологӣ ва дорусозии имрӯза ҳамчун иқдоми созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бо харҷи 30 миллион сомонӣ ва бо тарҳи меъмории муосир аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ – директори корхонаи «Ғаюр-семент» Ғуломов Акбар бунёд гардидааст.
Муассиса дорои як бинои таълимии панҷошёнаи иборат аз 60 синфхонаи таълимии бо ашёву таҷҳизоти зарурии хониш муҷаҳҳаз мебошад ва барои 1440 нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Дар ҳудуди муассиса толору майдончаи варзишӣ, ошхона ва шабакаи ягонаи гармидиҳӣ низ бунёд гардидааст.
Дар коллеҷ мутахассисони оянда аз рӯи 14 ихтисоси барои корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон зарурӣ, инчунин, фаъолияти дорусозӣ ва истифодабарии техникаву таҷҳизоти тиббӣ омода карда мешаванд.
Дар иртибот ба ин, таъкид месозам, ки ҷиҳати таъмин намудани рушди ҳунарҳои мардумӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба омӯзиши касбу ҳунарҳои халқӣ, аз қабили қолинбофӣ, заргариву зардӯзӣ, кандакориву гаҷкорӣ, наққошиву мисгарӣ, дигар касбҳои аҷдодӣ, тарроҳони либосҳои миллӣ, инчунин, таъмиргарони таҷҳизоту технологияҳои электронӣ таваҷҷуҳи бештар додан зарур аст. Бо ин мақсад, вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав бояд заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимии мавҷудаи кишварро тақвият диҳанд.
Ҳамзамон бо ин, кулли омӯзгорону кормандони соҳаи маориф ва падару модаронро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, раҳнамоии наврасону ҷавонон ба интихоби дурусти касбу ҳунар эътибори ҷиддӣ диҳанд, зеро омӯхтани дастовардҳои илму техникаи муосир ва тарбияи насли эҷодкору ҷӯянда ва ихтироъкору навовар талаби қатъиву мубрами замонаи пешрафт мебошад.
Дар охир ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро бори дигар ба ифтихори Ҷашни истиқлолият ва ифтитоҳи ҳунаристони нав табрик гуфта, орзумандам, ки шогирдони ин даргоҳи омӯзиши касбу ҳунар дар оянда ҳамчун кадрҳои болаёқату созанда ва ватандӯсту ободкор ба воя мерасанд.
Саломату саодатманд бошед, дӯстони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.09.2018    №: 177-178    Мутолиа карданд: 499
14.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 80 ДАРСАД РАСИД

ХУҶАНД. КОРХОНАИ «СОМОН ГУРӮҲ» БА ФАЪОЛИЯТ МЕПАРДОЗАД

200 000 СОМОНӢ КУМАКИ БОБОИ МУҲИБ БА ТАБИБОНИ РАШТ

ЭНЕРГЕТИКА. НИЗОМИ МУОСИРИ НАЗОРАТ ВА ҲИСОБИ НЕРУИ БАРҚ

НИГАРОНӢ! 25 ҲОЛАТИ МАЙДААВБОШӢ ДАР ЯК РӮЗ

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ БА 3916 ШАҲРВАНД ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН РАСОНД

ЗАМИНА БА ТУХМИПАРВАРИИ ИБТИДОӢ

ТАДБИРҲОИ ЗАРУРӢ БАРОИ РАФЪ СОХТАНИ МУШКИЛИҲО

“ДАСТ БА ДАСТ”. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ БЕҲТАР ХОҲАД БУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО «МАНЧЕСТЕР СИТИ» ДАР ОН МЕМОНАД

РОССИЯ КАРАНТИНИ ҲАТМӢ БАРОИ ВОРИДШУДАҲОРО БЕКОР КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТОҶИКИСТОН. 5228 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЁРӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТИИ ВМКБ

ТОҶИКОБОД. ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКАИ БАРВАҚТӢ

ВМКБ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "ИСТИҚЛОЛ" МАРҲИЛАИ АВВАЛРО ДАР САДРИ ҶАДВАЛ ХАТМ КАРД

РОССИЯ ДАР ҶАҲОН НАХУСТИН ШУДА ОЗМОИШИ ВАКСИНАИ COVID - 19-РО АНҶОМ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед