logo

сиёсат

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ОЗОДӢ. ОҒОЗИ МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ ТАЪРИХӢ

Истиқлолият ва озодӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардид.
Эмомалӣ РАҲМОН

Дар фазои сулҳу суботи комил таҷлил намудани Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, ки имсол ҳам бо шукӯҳи хос сурат гирифт, моро водор месозад, ки бори дигар ба гузаштаи таърихии худ назар андозем. Зеро воқеаҳои хунини солҳои аввали истиқлолият – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки Тоҷикистонро ба вартаи ҳалокат кашида буд, моро ҳушдор медиҳанд, то ба чунин иштибоҳоти ҷуброннопазир ҳаргиз роҳ надиҳем ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду тараққиёти бонизоми Ватани азизамон саҳмгузор бошем.

Мусаллам аст, ки кишвари мо қатъи назар аз омилҳои таъсиррасон дар зарфи 27 соли Истиқлолияти давлатӣ ба шарофати сулҳу ваҳдат дар роҳи таъмини рушди сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ба дастовардҳои намоён ноил гардид. Дар ин давра барномаҳои мукаммали ислоҳоти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ татбиқ гардида, барои рушди иқтисоди миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам омад.
Мақомоти прокуратура дар низоми давлатдорӣ яке аз ниҳодҳои калидии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба шумор рафта, дар замони истиқлолият фаъолияти худро ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона намудааст. Мақомот, ки ташаккули он ҳамчун сохтори мустақили давлатӣ ба таърихи давлатдории навини тоҷикон пайванди ногусастанӣ дорад, таҳти роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои судманди Сарвари давлат дар амри таҳкими сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ нақши намоён дорад. Чунки бо касби Истиқлолияти давлатӣ мустақилияти пурраи мақомоти прокуратураи Тоҷикистон таъмин гашта, имкон фароҳам омад, ки вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти он бо назардошти манфиатҳои миллӣ, вазъи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар муайян шаванд.
Ҳанӯз  29 январи соли 1994 бо Қарори Раёсати Шӯрои Олӣ сохтори ин ниҳод дар ҳайати роҳбарият, 13 раёсату шуъбаи дастгоҳи марказӣ, 3 прокуратураи вилоятӣ, 15 прокуратураи шаҳрӣ ва 53 прокуратураи ноҳиявию махсусгардондашуда тасдиқ шуд. Минбаъд  он пайваста такмил ёфта, як қатор раёсату шуъбаҳо, инчунин, 20 прокуратураи нав  дар шаҳру навоҳии мамлакат таъсис ёфт, ки ин раванд иқтидори кории мақомотро дучанд зиёд намуд.
Моҳи январи соли 1993 дар Прокуратураи генералӣ шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба амнияти дохилӣ ва хориҷӣ, муносибатҳои байналхалқии прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ба сохтори Прокуратураи генералӣ вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сарпрокурори ҳарбӣ ворид карда шуд. Баъдтар, сохтори идоракунии мақомоти прокуратураи ҳарбӣ такмил ёфта, бо фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокуратураҳои ҳарбии гарнизонҳои Душанбе, Суғд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва минтақаи Рашт ташкил гардид. 
Барои баланд бардоштани тайёрии касбии кормандони мақомот бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26 декабри соли 1994 курсҳои такмили ихтисос ва баъдан Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомот таъсис ёфта, моҳи августи соли 2015 он ба Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисос табдил дода шуд.
Дар ҷавоб ба чунин ғамхориҳо кормандони мақомоти прокуратура ҳамеша садоқати худро ба Ватан, Сарвари давлат, арзишҳои миллӣ ва рисолати конститутсионии худ собит намуда, алайҳи ҷинояткорӣ муборизаи оштинопазир бурданд. Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти мақомот баҳои воқеӣ дода, дар яке аз суханрониҳои худ зикр намуданд, ки «Ҳанӯз аз оғози даврони истиқлолият кормандони прокуратура бо хизмати содиқонаи худ намунаи олии хизмат ба Ватанро нишон дода, дар шароити муқовимати шадиди мусаллаҳона дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифаи муқаддаси хешро дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ сарбаландона иҷро намуда, дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки волоияти қонун асоси онро ташкил медиҳад, саҳми арзанда гузоштанд».
Мо - кормандони мақомоти прокуратура, дар заминаи боварӣ ва эътимоди Президенти маҳбуби кишвар талош хоҳем кард, ки дар оянда низ барои ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҷомеа садоқатмандона хизмат намоем. Дар амри мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла ҷиноятҳои террорис-тиву экстремистӣ, чораҳои қонунӣ андешида, дар пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва афзун намудани дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ саҳмгузор бошем.
Раҳмон Юсуф АҲМАДЗОД,
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.09.2018    №: 179    Мутолиа карданд: 230

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед