logo

сиёсат

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА САОДАТИ МИЛЛӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки соҳиби давлати мустақил шудан ва ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифтан барои тоҷикон рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз мебошад. Зеро миллате, ки тақдири имрӯзу фардои давлат ва сарзамини худро дар ихтиёр дорад, аз саодати бузурге бархӯрдор аст.
Паёми озодӣ ва мустақилият, ки 27 сол қабл дар фазои мамлакатамон танин андохт аз қиёми як миллати сарфароз ҷаҳониёнро огаҳ кард. Мардуми сайёра ин башоратро бо хушнудӣ истиқбол гирифтанд. Ба расмият шинохтани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби 165 кишвари ҷаҳон далели равшани таъриху тамаддуни мардуми шарифи тоҷик аст.
Истиқлолият барои мо рамзи олии ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгиронаи созанда, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Ин неъмати бебаҳо нишони барҷастаи пойдории давлат, баҳои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Новобаста аз душвориҳои зиёди солҳои аввали истиқлолият миллати сарбаланди тоҷик тавонист, ки бинои давлати тозабунёди хешро бо эъҷози тафаккури офтобӣ бунёд созад. Дар ҷаҳони пуртазод ва пур аз мухолифатҳо, ки истиқлолияти Тоҷикистон ба чунин давра баробар омад, мо бо ҳифзи хусусиятҳои милливу таърихии халқамон роҳу равиши хоссаи худро дарёфтем  ва имрӯз  бо  ин  роҳ, яъне бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дилпурона пеш меравем, - таъкид доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарафманди тоҷик.
Имрӯз қарзи шаҳрвандии ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки дар баробари арҷгузорӣ ба Истиқлолияти давлатӣ барои ҳимояи арзишҳои волои он, рушду тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои сулҳу суботи комил саҳмгузор бошад.
Хусрав МИРАЛИЕВ,
прокурори ноҳияи Кӯшониён, мушовири адлияи дараҷаи 1


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.09.2018    №: 180    Мутолиа карданд: 206

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед