logo

Хабарҳо

НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Бахшида ба Ҷашни 27 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марзбонони дидбонгоҳи сарҳадии «Рӯшон», воқеъ дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ, соҳиби бинои замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои муосири хизмати ҳарбӣ гардиданд. Баъди буридани лентаи рамзӣ, ки бо иштироки Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рӯшон ва дигар намояндагони мақомоти қудратӣ сурат гирифт, он расман ба фаъолият шурӯъ кард.
Тавре аз маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, бинои нави хизматӣ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, аз ошхона, хобгоҳ, синфхонаҳои таълимӣ ва компютерӣ, китобхона, хонаи фароғатӣ, ҳаммом ва нуқтаи либосшӯӣ иборат мебошад. Ҳамчунин, дар саҳни он майдончаи варзишиву сафороӣ ва анборҳои нигоҳдории маводи ғизоӣ бунёд карда шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, бинои нави дидбогоҳ бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, дар беҳтар гардидани  шароити хизматии марзбонон мусоидат мекунад.
Лашкар  ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 227

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед