logo

иқтисод

АМНИЯТИ ҒИЗОӢ. ОЯНДАБИНИИ ИМКОНИЯТҲОИ БОҒУ ТОКПАРВАРӢ ВА ҶАНГАЛ

Мақсади татқиқоти ояндабинӣ истифодаи имкониятҳои фарохи табиӣ барои тараққиёти боғу токпарварӣ ва ҷангали мевадиҳанда дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Консепсияи нави рушди соҳаҳои мазкур бояд асосан заминҳои бекорхобида ва чарогоҳҳои камҳосилро дар бар гирад. 
Дар Тоҷикистон, ки захираҳои калони имконпазири замин барои пахтакорӣ ва зироатҳои озуқаворӣ асосан ба охир расидаанд, иқтидори истеҳсолии онҳо, ҳатто дар мавриди интенсивикунонии хеле баланд ҳам, дар танҳоӣ мушкилоти таъминоти аҳолии бо суръати тез афзояндаро дар шароити камзаминӣ наметавонад ҳал намояд. Сабабгори ин, пеш аз ҳама, саромадҳои табиӣ, миқдор ва сохтори захираҳои мавҷудаи замин мебошад, яъне маълум аст, ки 93 фоизи қаламрави мамлакатро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Чунин ҳолат дар намуди  нишондиҳандаи миқдори масоҳати замин ба ҳар сари аҳолӣ ифода меёбад, ки назар ба мамолики мутараққӣ 2,5 - 3 маротиба кам мебошад. Ҳиссаи заминҳои шудгоршаванда 20,5 фоиз аз масоҳати умумии онҳо ва ба ҳар сари аҳолӣ бошад, ҳамагӣ 0,1 - 0,13 гектарро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол захираҳои боғу ток ва ҷангалпарварӣ хеле зиёданд. Яъне мавзеъҳои лалмӣ, инчунин, бештари заминҳои дар хамгашту нишебиҳо мавҷударо танҳо барои инкишофи боғу токпарпварӣ ва шинондани дарахтони бисёрсола истифода бурдан имконпазир аст. Ин маънои ҷалби босуръати захираҳои заминҳои берун аз минтақаи пахтакорӣ ва азхудкунии ин заминҳо бо гардиши интенсивиро дорад. Чунин тарзи тағйирёбии характери истеҳсолоти кишоварзӣ бештар   ба тараққиёти соҳаҳои озуқаворӣ, пеш аз ҳама, боғу токпарварӣ оварда мерасонад.
Тибқи маълумоти «Тоҷикгипроводхоз», фонди заминҳои объёришаванда бо нишебии 0,4 см  750-800 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи рушди илмию техникӣ оид ба азхудкунии заминҳои нишебиҳояшон калонтар бо роҳи палсозӣ (террассозӣ) ва истифодаи тарзҳои муосири обёрӣ - чакраӣ ва синхронӣ - набзӣ масоҳати ин заминҳо хеле зиёд карда шавад.
Захираҳои потенсиалии боғдорӣ ва токпарварӣ беш аз миллион гектаранд. Муҳим он аст, ки минтақаҳои амудии мавҷудаи мамлакат, яъне заминҳои наздикӯҳӣ ва пастхамиҳо шароити ниҳоят мусоидро барои тараққиёти намудҳои гуногуни боғу токпарварӣ муҳайё месозанд, аз ҷумла барои парвариши дарахтони донакдору тухмидор, чормагз ва субтропикӣ, ангури навъҳои техникӣ ва хӯрокӣ. Истифодаи ҳатто нисфи ин захираҳои табиӣ барои расондани ҳаҷми истеҳсоли мева ба 3,5 миллион тонна (аз ҷумла зардолу бо сифате, ки дар байни рақибон ҳамто надорад, то 1,4 миллион тонна) ва ангур низ ба 3,5 миллион тонна имкон фароҳам меорад. Парвариши навъҳои техникии ангур барои инкишофи саноати шаробпазии ватанӣ асоси заминавӣ гузошта метавонад.
Алҳол сатҳи истеҳсолот ва таъминот бо озуқаворӣ коркарди афзалиятноки маҳсулоти боғу токпарвариро дар доираи истеҳсолоти кишоварзӣ талаб мекунад. Зарурияти худтаъминкунӣ воридшавии асосноки маҷмуи саноатию аграриро ба бозори ҷаҳонӣ тақозо менамояд. Барои ҳамин дурнамои рушди боғу токпарварӣ дар чорчӯбаи истеҳсолоти кишоварзии Тоҷикистон мавқеи муҳим дорад. Ояндабинии захираҳои заминҳои боб барои рушди боғу токпарварӣ ва хоҷагии ҷангали мевадиҳанда, хусусан дар шароити ноҳияҳои наздикӯҳии минтақаҳои боғу токпарварии намнокиашон хеле баланди шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Муъминобод, Темурмалик, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Данғара, Ховалинги вилояти Хатлон, Истаравшан, Деваштич, Панҷакент, Айнии вилояти Суғд ва тамоми шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аҳамияти калон дорад.
Ҳадафи ояндабинӣ, пеш аз ҳама, баҳодиҳӣ ба ҳолати азхудкунунии заминҳои бекорхобида, гузарондани усулҳои босамари ҳалли масъалаҳои рушди боғу токпарварӣ ва ҷангалпарварӣ (парвариши дархтони  мевадиҳанда)  ва  баҳодиҳии  дурнамои  рушди соҳаҳои зикршуда мебошад.
Фаррух AБДУВОСИЕВ,
корманди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.09.2018    №: 182-183    Мутолиа карданд: 197

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед