Хабарҳо
Иди асал дар Душанбе
Бахшида ба 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки беҳтарин занбӯрпарварони ҷумҳурӣ дар майдони маҷмааи савдои «Меҳргон» - и шаҳри Душанбе Иди асал таҷлил гардид. Мақсад аз баргузории Иди асал, ғанӣ гардондани дастархони аҳолӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар арзёбӣ мешавад.
Дар пайи таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи занбӯрпарварӣ дар кишвар рӯ ба тараққӣ ниҳодааст. Сол ба сол шумораи оилаҳои занбӯри асал ва истеҳсоли асал меафзояд. Кишварҳои хориҷӣ ба асали Тоҷикистон беш аз пеш таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Тоҷикистон бо ривоҷ додани соҳаи занбӯрпарварӣ на танҳо аҳолии мамлакатро бо асал таъмин мекунад, балки содироти онро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ мондааст.
Дар тибби мардумӣ ва амалӣ асал воситаи беҳтарини табобати касалиҳои гуногун дониста мешавад. Дар тибби муосир аз асал доруҳои зиёд тайёр карда мешаванд. Яъне, тибби муосир низ асалро ғизо не, балки даво мешуморад.
Беҳтарин занбӯрпарварони кишвар аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ беш аз сӣ навъи асал, занбӯри асал, шириниҳои аз асал омодагардида, асбобу лавозимот барои ба даст овардани асалро ба маърази тамошо ва бо нархҳои нисбатан арзон ба фурӯш гузоштанд.
Ғолибони озмуни «Занбӯриасалпарвари беҳтарин» аз рӯи 4 номинатсия аз тарафи комиссияи тадорукот муайян гардида, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ шуданд. Асалкорони вилояти Суғд ҷойи аввал, вилояти Хатлон ҷойи дувум ва шаҳри Ваҳдат ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд.
Иди асал дар шаҳри Душанбе панҷ рӯз идома меёбад.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 231