logo

иҷтимоиёт

БАЛҶУВОН. МАРҲИЛАИ НАВИ ОБОДКОРИҲО

Ба истиқболи Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат марҳилаи нави созандагию бунёдкорӣ оғоз шуда, дар ин замина ҳазорҳо ҷойҳои нави кор таъсис меёбанд. Дар ноҳияи Балҷувон низ раванди корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб кардааст. Танҳо дар Ҷамоати деҳоти Сари Хосор бо дастури Сарвари давлат сохтмони 20 иншооти маишию хизматрасонӣ ба нақша гирифта, дар қисме аз онҳо корҳо оғоз гардидаанд.
Тайи соли равон дар  ноҳия  ба андозаи 12  миллиону  716 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию васлгарӣ иҷро гардида, ба маблағи 13 миллиону 336 ҳазору 500 сомонӣ сармояи хориҷӣ аз худ карда шудааст. Дар як қатор сохтмонҳо, аз ҷумла бинои маркази байналмилалии тавонбахшӣ ва бинои меҳмонхона дар Ҷамоати деҳоти Сари Хосор, роҳи автомобилгарди Балҷувон – Сари Хосор, неругоҳи хурди барқи обӣ дар деҳаи Пушти Боғ, синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 20, 9, 35, литсеи касбӣ – техникӣ, қасри фарҳанг барои 400 ҷойи нишаст, хобгоҳ барои 450 нафар ва бинои маъмурии бахши агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маркази ноҳия, корҳои сохтмонӣ идома доранд. Инчунин, соли ҷорӣ оғози корҳои сохтмонӣ ва азнавсозии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 13 дар деҳаи Дулонамайдон, маркази саломатӣ дар деҳаи Чашмасор, бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин, аз ҷониби мутахассисони Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) сохтмони биноҳои нави муассисаи таълимӣ дар деҳаҳои Мулкон, Сафедчашма, Солмалидашт ва Шағмон тарҳрезӣ шудааст.
 Соли гузашта дар доираи сафари кории Сарвари давлат ба ноҳия бинои шуъбаи таваллудхона дар деҳаи Сари Хосор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, беморхонаи деҳаи Шаҳидон  соҳиби мошини нави ёрии таъҷилӣ гардид. Бо маблағгузории буҷети ҷумҳуриявӣ дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Тоҷикистон ва бо дастгирии соҳибкорон дар деҳаи Шингидара бунгоҳҳои тиббӣ сохта ба истифода дода шуданд.
- Имсол бо дастури Сарвари давлат сохтмони роҳҳои автомобилгарди Кангурт – Балҷувон ва Балҷувон – Ховалинг оғоз гардид. Муҳлати корҳои сохтмонӣ 18 моҳро ташкил медиҳад. Мутмаинем, ки бунёди ин роҳҳо ба рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия, хусусан бахши сайёҳӣ ва ташрифи бештари сайёҳони хориҷию дохилӣ, мусоидат мекунад, - гуфт зимни суҳбат раиси ноҳия Зоирзода Маърифат.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2018    №: 184    Мутолиа карданд: 156

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед