Хабарҳо
ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ
Дар тамрингоҳи «Чорухдарон» ва маркази омӯзишии «Нурафшон» - и вилояти Суғд машқу омӯзиши якҷояи афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии гарнизони Суғди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва неруҳои зертобеи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон шурӯъ шуд, ки то 22 сентябр идома хоҳад кард.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин тамринҳо дар таърихи омӯзиши якҷояи қувваҳои мусаллаҳи ҳарду кишвар бори аввал буда, дар доираи он сатҳи омодагии неруҳо дар мубориза алайҳи гурӯҳҳои ҷиноятии терроризми байналмилалӣ санҷида мешавад.
Як рӯз қабл аз оғози машқҳои низомӣ неруҳои мусаллаҳ, техникаи ҳарбӣ ва муҳимоти ҷангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба тамрингоҳи вилояти Суғд ворид шуданд. Тибқи иттилои манбаъ, дар тамрини низомӣ наздики 100 афсару сарбози артиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 500 низомӣ аз Тоҷикистон бо муҳимоти ҳарбӣ ширкат мекунанд.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 195