logo

иқтисод

ПАХТАЧИНӢ СУРЪАТ МЕГИРАД. БАРДОШТ АЗ НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Пахтакорӣ бахши муҳиму пешбарандаи комплекси агросаноатӣ ба ҳисоб рафта, воқеан ҳам, барои таъмини пурраи саноати кишвар бо ашёи хоми гаронбаҳо шароит муҳайё месозад. Аз ин рӯ, дар кишвар тайи солҳои охир майдони кишти пахта пайваста васеъ ва истеҳсоли маҳсулот зиёд карда мешавад.
Бино ба иттилои Шералӣ Ҳасанзода, муовини якуми раиси ноҳияи Восеъ, имсол дар асоси дастури Сарвари давлат ҷиҳати тавсеаи истеҳсолот ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ майдони кишти пахта ба 8 ҳазору 30 гектар расонда шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 20 гектар зиёд мебошад. Пахтакорони ноҳия кишти ин зироати асосии сердаромад-ро дар муҳлатҳои мувофиқи агротехникӣ анҷом дода, парваришу нигоҳубини онро хуб ба роҳ монданд. Ҳамаи тадбирҳои фаронвонҳосилӣ, аз ҷумла коркарди байни қаторҳо, обмонӣ ва ғизодиҳӣ дар асоси меъёрҳои агротехникӣ сари вақт гузаронда шуданд, бар зидди ҳашароти зараровар – асосан тортанаккана ва кирми шона, дар асоси тавсияҳои мутахассисони соҳа аз заҳрҳои кимиёвӣ истифода гардид.
Натиҷаи заҳмату талоши доимӣ ва мувофиқ омадани боду ҳаво буд, ки имсол дар аксар қитъаҳо пахта барвақт ба шукуфтан оғоз намуд. Аз ин рӯ, бисёр хоҷагиҳо маъракаи ҷамъоварии ҳосилро аз даҳаи дуюми моҳи август сар карданд. Ҳоло пахтачинӣ дар 1 ҳазору 300 хоҷагии пахтакори ноҳия рӯз то рӯз вусъати тоза пайдо карда истодааст. Пахтакорони зафарпешаи ноҳия то имрӯз зиёда аз 3 ҳазору 500 тонна пахтаи хушсифат истеҳсол намудаанд.
Мувофиқи шартнома бо муассисаҳои саноатӣ хоҷагиҳои пахтакор барои ҳар як тонна пахта 5 ҳазору 700 сомонӣ фоида мегиранд. Мутахассисони соҳа бар ин назаранд, ки фаровонии ҳосили пахта аз сифати тухмии он вобастагии калон дорад. Ин аст, ки пахтакорони ноҳия аз навъҳои хушсифати тухмӣ истифода бурданд. Имрӯзҳо дар саҳроҳои хоҷагиҳои пахтакори ноҳия зиёда аз 6 ҳазору  400 чинакчӣ машғули ҳосилғундорист. Онҳо дар бошишгоҳҳои саҳроӣ бо хӯроки гарм таъминанд. Ба ҳар килои пахтаи чидашуда сари вақт 50 - дирамӣ дода мешавад.
Тавре муовини аввали раиси ноҳия гуфт, имсол пахтакорони Восеъ ҳосилнокии ҳар гектарро ба 25 – 30 сентнерӣ ва истеҳсоли пахтаро ба беш аз 16 ҳазор тонна расонданианд.
Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.09.2018    №: 187    Мутолиа карданд: 218

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед