logo

иқтисод

МОШИНСОЗӢ. КАМБУДӢ ДАР ЧИСТ?

Саноати мошинсозӣ. Баъзеҳо бо шунидани самти фаъолияти ин соҳаи барои пешрафти иқтисодиёти миллӣ муҳим, онро ба маънои аслиаш мефаҳманд, яъне Тоҷикистони рӯ ба тараққӣ автомошина истеҳсол мекунад. Он вақт ҳам дур нест. Талошҳои ҳамаҷонибаи давлату Ҳукумат низ ба хотири рушди  босамари соҳаҳои афзалиятнок – зиёд кардани иқтидори нави истеҳсолӣ дар асоси технологияи муосир бо коркарди ашёи хоми ватанӣ мебошад. Саҳифаи мазкур бозгӯи шаммае аз он аст дар арафаи таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи мошинсозӣ, ки ҳамасола якшанбеи охири моҳи сентябр баргузор мегардад.
Мувофиқи натиҷаи таҳлили вазъи соҳаи мошинсозии ҷумҳурӣ ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа, тамоюли барқароршавии иқтидори истеҳсолӣ дар корхонаҳо танҳо аз соли 2000-ум ба назар расид. Дар ин давра истеҳсоли зиёда аз 20 номгӯйи маҳсулоти нав, ба монанди тракторҳо, мошинолот, профилҳои алюминийи рӯйпӯшкардашуда, арматураи сохтмонӣ, кунҷакҳои металлӣ, сими металлӣ, трасформаторҳои гуногун, ноқилҳои рӯйпӯшкардашудаи тамғаҳои гуногун, профилҳо ва зарфҳои пластмассӣ, 2 намуд девори пенопролистиролӣ, қуттӣ барои мева ва сабзавот, гранули пластмассӣ, мехҳои сохтмонии андозаашон гуногун, симтӯрҳои металлӣ ва амсоли инҳо ба роҳ монда шудааст. Бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсоли мошин, аз ҷумла автобусу трактор, барои рушди минбаъдаи саноати мошинсозӣ дари нав боз кард. Барои мисол, таъсис ёфтани корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия бо номи “AKIA AVESTO” шумораи зиёди мутахассисони маҳаллиро ба кори банду басти қисмҳои асосии  автобус, ки аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, ҷалб намуд. Ба гуфтаи Асрор Мирзоев, директори ҶСК “AKIA AVESTO”, мутахассисон имрӯз 40 нафаранд ва сафи онҳо ҳангоми ба роҳ мондани хати истеҳсолӣ (ва иқтидори истеҳсолии автобусҳо дар як сол аз 250 то 300 адад) ба беш аз 200 нафар хоҳад расид. Мутахассисон аз муҳандисони турк дониш ва малакаи касбӣ омӯхта, имконияти хуби дар оянда бунёд кардани корхонаҳои нави истеҳсолӣ пайдо карда истодаанд. Асоси пешрафти саноати мошинсозӣ низ дар ҳамин аст, яъне пайваста тайёр кардани кадрҳои баландпоя ва дараҷаи сатҳи тараққиёт ва сифати таҷҳизоти дар соҳа истеҳсолшаванда мебошад. Айни замон маҳсулоти дар корхонаҳои мошинсозӣ тавлидёфта, аз ҷумла мошинолот ё худ қисмҳои эҳтиётӣ, барои фаъолияти коргоҳҳои навбунёди соҳаи мошинсозӣ ба кор бурда мешаванд.
КВД “Тоҷикагролизинг”, ки ягона корхонаи таъминкунандаи хоҷагиҳои деҳқонӣ бо техника (ба тариқи лизингӣ) мебошад, бо “Коргоҳи мошинсозӣ” ва дигар ширкатҳои маҳаллӣ ҳамкорӣ дошта, якҷо барои қонеъ гардондани талаботи деҳқонон ба техника ва таъмири он дар ҷойҳо хидмат мерасонанд.
Юсуф Акрамзода Акрам, директори КВД “Тоҷикагролизинг”, изҳор дошт, ки  корхона дар чанд соли охир барои осон кардани кори деҳқонон техникаи кишоварзии иборат аз комбайнҳои ғалладаравӣ ва пахтачинӣ, ки талафотро кам месозанд, дастрас намуд. Соли гузашта барои хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҳисор ва Турсунзода, ки дар кишти шолӣ душворӣ мекашиданд, аз Олмон комбайнҳо ворид карда шуданд. Корхона ба хоҷагиҳои деҳқонии мамлакат дар маҷмӯъ 1 800 адад техника ба маблағи 300 миллион сомонӣ овардааст. Ин ҷо саҳми корхонаҳои маҳаллӣ низ бо ба роҳ мондани истеҳсоли мошинолот бараъло ба чашм мерасад. Мутахассисон кӯшиш карда истодаанд, то ин ки сифати маҳсулотро ба талаботи бозор ҷавобгӯ созанд. Барои ин аз буҷети давлат маблағи муайян ҷудо карда шудааст. Ин самаранокӣ иваз кардани маҳсулоти воридотӣ ба маҳсулоти истеҳсоли ватаниро вусъат мебахшад.
Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки саноати мошинсозии мамлакат дар ҳоли рӯ ба рушд аст. Ба он, албатта, раванди пешрафти дигар соҳаҳои афзалиятнок барои расидан ба ҳадафҳои давлату Ҳукумат - аз кишвари аграрӣ-индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ - аграрӣ табдил додани Тоҷикистон таъсиргузоранд.
О. ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.09.2018    №: 187    Мутолиа карданд: 151

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед