logo

иқтисод

БЕҲДОШТИ ЗАМИН БЕҲДОШТИ ЗИНДАГИСТ

Беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ омили асосии зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, яке аз воситаҳои босамари таъмини амнияти озуқаворӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Аз ин рӯ, беҳтар намудани ҳолати заминҳо дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт пайваста тадбирҳо андешида мешаванд.
Ба наздикӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2023» - ро тасдиқ намуд. Дар доираи он давоми 5 сол беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 48572 гектар заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тавре ки Холмурод Раҳмон, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, иттилоъ дод, барномаи нав бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар, ташкили ҷойҳои нави корӣ, афзун намудани иқтидори содиротӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ қабул шудааст. Ҳоло тавассути талошҳои пайвастаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ кишвари пешоҳанги ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии об эътироф гаштааст. Дар иртибот ба ин масъала рушди соҳаи мелиоратсия яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ арзёбӣ гардида, бобати сол ба сол беҳтарсозии ҳолати мелиоративии заминҳо ва азхуднамоии заминҳои нави обёришаванда аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ маблағҳои калон равона гардидаанд.
Айни ҳол майдони умумии заминҳои қобили обёрӣ дар кишвар 757,8 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Таъмини об дар масоҳати 552,3 ҳазор гектар сурат гирифта, аз он 292,2 ҳазор гектар тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ карда мешавад.
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҷумҳурӣ, ба ҳолати 1 январи соли 2018 дар ҷумҳурӣ 757842 гектар заминҳои обӣ, аз ҷумла 463045 гектар заминҳои корами обӣ, мавҷуд мебошанд.
Майдони заминҳои обии зери назорат қарордошта 694,6 ҳазор гектар, заминҳои шӯри таҳти банаворгирӣ қарордошта 632 ҳазор гектар ва заминҳои бо заҳкашҳо таъмингардида 327,5 ҳазор гектарро ташкил менамоянд. Тибқи маълумоти Кадастри мелиоративӣ, 556704 гектар заминҳои обии кишоварзӣ (73 дарсад) дар ҳолати хуби мелиоративӣ, 164124 гектар (21,6 дарсад) дар ҳолати қаноатбахш ва 37014 гектар (4,8 дарсад) дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор доранд.
Дар доираи татбиқи се барномаи давлатии беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии ҷумҳурӣ тайи солҳои 2000 - 2014 барои гузарондани корҳои мелиоративӣ аз маблағҳои буҷетӣ 119,69 миллион сомонӣ масраф гардида, 180804 гектар майдони кишоварзӣ аз ҳолати ғайриқаноатбахш ба ҳолати қаноатбахш баргардонда шуд. Идораҳои зертобеи агентӣ тайи 8 моҳи соли равон ба маблағи 5,9 миллион сомонӣ корҳои мелиоративиро ба анҷом расонданд, яъне ҳолати мелиоративии 6764 гектар замин беҳтар карда шуд. Имсол бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ беҳтар гардондани ҳолати мелиоративии 9765 гектар замин ба нақша гирифта шудааст.
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2018    №: 188    Мутолиа карданд: 196

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед