logo

ҳуқуқ

ИФРОТГАРОӢ. САБАБУ ОМИЛҲО ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН ДАР ҶОМЕА

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки «террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд».
Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат бо терроризму экстремизмро аз сар гузаронда, дар ин роҳ талафоти зиёди ҷонию молӣ дод. Ин аст, ки феълан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад ва ҳамеша ҷомеаи ҷаҳониро ба муборизаи муштарак бо ин вабои аср даъват мекунад.
Масъалаи ҷалби ҷавонон ба сафи ҷунбишу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористӣ, инчунин иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил ёфтааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешигирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгаро чораҳои судманд меандешанд, ки то кунун натиҷаҳои мусбате ба бор овардааст.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки аксари онҳое, ки ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо пайвастаанд ҷавон буда, оид ба арзишҳои умумибашарии дини мубини Ислом маълумоти кофӣ надоранд ва маҳз ҳамин ҳолат боиси фирефта шудан ва ба доми созмонҳои террористӣ афтодани онҳо шудааст. Гузашта аз ин, собит шуд, ки шомилшавии бархе аз ҷавонони Тоҷикистон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ аз фаро гирифтан ба таҳсилоти ғайрирасмии динӣ дар хориҷи кишвар сарчашма мегирад. Ҷалб намудани ҷавонон ба таълимоти ғайрирасмии динӣ дар хориҷи кишвар яке аз марҳилаҳои ибтидоии шомилшавии онҳо ба ташкилотҳои террористӣ мебошад.
Омили дигар фаъолияти масҷидҳои ғайрирасмӣ мебошанд, ки метавонанд аз ҷониби ифротгароён, аз ҷумла пайравони равияи «Салафия», ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмони экстремистӣ эътироф гардидааст, ба сифати минбари таблиғоти ақидаҳои худ истифода шаванд.
Бояд хотирнишон намуд, ки даъват ба «ҷиҳод» яке аз мақсадҳои меҳварии «Салафия» буда, бештари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳайати ташкилоти байналмилалии террористӣ бо ном «Давлати исломӣ» дар Сурия ва Ироқ ширкат меварзанд, аввал ба ҷараёни динии «Салафия» шомил шудаанд.
Дар радифи сабабҳои дохилӣ, инчунин, омилҳои берунӣ низ бетаъсир нес-танд, ки инҳо намоиши филмҳои дорои хусусияти  террористӣ  ва  экстремистӣ дошта, паҳнкунандаи ғояҳои ифротгароӣ тавассути шабакаҳои интернет мебошанд. Мусаллам аст, ки паст будани савияи дониши баъзе ҷавонон аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағи муфт, ки онро пайравони гурӯҳҳои тундрав ваъда мекунанд, боиси фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо гардидааст.
Яке аз омилҳои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии динии ҷавонон ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад. Чунки яке аз сабабҳои шомил шудани ҷавонон ба иттиҳодияҳои ҷиноятӣ дар муҳити носолим тарбия ёфтан, аз ҷониби падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда фароҳам наовардани шароитҳои зарурии моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва рӯҳӣ, заифии таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии алоҳида мебошад.
Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дарк кардааст, ки дар паси ҳар матлаби ғаразноки расонаҳои хориҷӣ қувваҳои алоҳида меистанд. Чунин гурӯҳҳо дар самти ҷалби ҷавонон аз усулҳои таъсиррасонии мафкуравӣ истифода намуда, дар асоси ғояҳои динӣ - мазҳабӣ онҳоро ба майдони қатлу куштор мекашанд. Ин фитнаест, ки аз ҷониби душманони қавми мусалмон андохта шуда, мақсадашон нобуд сохтани мусалмонон бо дасти худи онҳо мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии виҷдон ва эътиқоди диниро кафолат дода, имрӯз дар мамлакатамон барои шаҳрвандон тамоми шароит ва имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Мувофиқи талаботҳои он ҳаёти ҷамъиятӣ дар кишварамон дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад, мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи динӣ, ҳаракат ё гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шаванд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» баъзе маҳдудиятҳоро пешбинӣ менамояд, ки онҳо дар доираи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, қонуни номбурда муқаррар кардааст, ки ҷалби ноболиғон ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба ноболиғон додани таълими динӣ бе иҷозати хаттии падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда манъ аст, ки ин меъёр бевосита ба ҳимояи ҳуқуқи худи ноболиғон равона шудааст. Зеро мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон ба таълим қабул гардидааст, падару модарро уҳдадор менамояд, ки таълими фарзандро дар хориҷи кишвар ва иштироки фарзандро дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ба истиснои фарзандоне, ки ба таври расмӣ дар муассисаҳои динӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд, иҷозат надиҳанд.
Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳамкорӣ барои пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгаро, иштироки онҳо дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, барои таъмини сулҳу субот ва Истиқлолияти давлатӣ, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳем.
Илҳом РАҲМОНЗОДА,
ёрдамчии калони прокурори
ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2018    №: 189    Мутолиа карданд: 190

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед