logo

иқтисод

САБАДИ ИСТЕЪМОЛӢ. ҲИМОЯИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи меъёрҳои тавсиявии физиологии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро ба имзо расонданд. Яъне сабади истеъмолӣ барои аҳолии мамлакат муайян шуд.

Тибқи таҷриба, дар аксари мамолики дунё ба гурӯҳи озуқавории сабади истеъмолӣ 11 намуди маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ворид шудаанд. Ба номгӯи маҳсулоти асосии хӯроквории сабади истеъмолии Тоҷикистон нону маҳсулоти нонӣ, рустаниҳои ғалладонаӣ, лӯбиёӣ, гӯшту маҳсулоти гӯштӣ, моҳӣ, ширу маҳсулоти ширӣ, равған, қанду маҳсулоти қаннодӣ, картошка, сабзавот, полизӣ ва чой дохиланд.
Тибқи меъёрҳои қабулгардида, дар сабади истеъмолии кишвар дар як шабонарӯз истеъмоли 404 грамм маҳсулоти нонӣ, 111 грамм маҳсулоти гӯштӣ, 25 грамм маҳсулоти моҳӣ, 316 грамм маҳсулоти ширӣ, 25-30 грамм тухм ҳадди ақалли барои зиндагӣ ва фаъолият зарурӣ муайян шудааст.
Вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ метавонанд ба меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмоли маҳсулоти асосии хӯрокворӣ тағйиру иловаҳо пешниҳод намоянд.
Сабади истеъмолӣ маҷмӯи намунавии ҳадди ақалли намудҳои молу маҳсулот ва хизматрасониҳои дар як шабонарӯз ё сол барои инсон зарурӣ мебошад.
Муайян гардидани меъёрҳои илман дақиқи сабади истеъмолӣ ва ба инобат гирифтани он барои муътадил нигоҳ доштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, татбиқи босамари сиёсати иҷтимоии давлат, таҳияи барномаҳои миллии ташкили истеҳсолоти рақобатпазир, идорасозии босамари захираҳои табиӣ ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хоми маҳаллӣ, ояндабинии истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ва рушди устувору босуботи кишвар нақши калидӣ дорад. Он, ҳамчунин, барои муайян кардани буҷети минималии истеъмолӣ (ҳадди ақалли барои зиндагӣ ва фаъолият зарурӣ) нишондиҳандаи асосии воқеӣ ва барои дақиқ намудани имконоти харидории асъорҳои миллӣ омили асосӣ ба шумор меравад.
Моддаи 5 - и Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ҳадди ақалли зиндагӣ» тақозо менамояд, ки ҳангоми муайян кардани маҷмӯи маҳсулоти озуқаи сабади истеъмолӣ меъёрҳои илман асосноки талаботи физиологии инсон барои ҳадди ақалли зиндагӣ, номгӯй, инчунин таркибу ғизонокии маҳсулоти озуқа, бояд маҳаки асосӣ бошанд. Ба маҳсулоти ғайриғизоӣ асосан либос (болопӯш, курта, костюм, тагпӯш), пойафзол, рахти хоб, доруворӣ ва молҳои саноатию маишӣ, ба хизматрасониҳо манзили зист, таъминот бо об, гармӣ, барқ ва нақлиёти ҷамъиятӣ дохиланд.
Маъмулан, дар сабадҳои истеъмолӣ арзиши маҳсулоти ғайриғизоӣ ва хизматрасониҳо ними (50%- и) арзиши маҳсулоти озуқавориро ташкил медиҳад. Вобаста ба намудҳо ва фаровонии маҳсулоти ғизоӣ дар минтақаҳои зист номгӯи маҳсулоти ғизоии сабадҳои истеъмолии мамлакатҳои ҷаҳон аз ҳам каму беш фарқ мекунанд. Ҳангоми муайян намудани меъёрҳои тавсиявии сабадҳои истеъмолӣ имконият ва захираҳои кишварҳо, инчунин, расму оин ва хусусиятҳои миллиро ба назар мегиранд. Барои мисол, нону маҳсулоти нонӣ барои як нафар дар як сол барои сабадҳои истеъмолии Федератсияи Русия 126,5 кг, барои аҳолии  Тоҷикистон 147,5 кг муайян гардидааст, яъне ин ҷо хусусиятҳои миллии мардуми тоҷик ва, умуман, Осиёи Марказӣ, ки маҳсулоти нониро зиёдтар истеъмол мекунанд, ба инобат гирифта шудааст. Меъёри тавсиявии истеъмоли моҳӣ, гӯшт, қанд, шир низ дар сабади истеъмолии Тоҷикистон дар муқоиса бо Русия фарқ мекунад. Дар бораи сабзавоту мевагӣ ва полизии дар Тоҷикистон фаровон бошад, ҳоҷатӣ шарҳ ҳам нест.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2018    №: 189    Мутолиа карданд: 399

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед