logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ҚАБУЛ ВА БОҒИ БА НОМИ АҲМАДИ ДОНИШ

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт толори қабули меҳмонони расмии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» - ро ифтитоҳ карданд.

Толори қабули меҳмонони расмӣ бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дар сатҳи баланд ва тибқи анъанаҳои накуи меҳмоннавозии миллати тоҷик пазироӣ кардани намояндагони расмии кишварҳои хориҷ, аз ҳисоби маблағҳои даромади Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бунёд шуд.
Корҳои сохтмонӣ моҳи марти соли 2017 оғоз гардида, иншоот моҳи сентябри соли 2018 бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъморию сохтмонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар рафти сохтмон наздики 600 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин шуд.
Толори қабули меҳмонони расмӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар бинои мазкур барои қабулу меҳмоннавозии мусофирон даҳҳо ҳуҷраҳои хуштарҳ ва барҳаво, аз ҷумла бахши қабули аъзои ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, ҳуҷраҳои консулгарӣ, маъмурият, хонаҳои кории кормандони сарҳад ва гумрук, ҷойи коркарди бору бағоҷ, 8 ҳуҷра барои баргузории мулоқотҳои дуҷониба, 4 тарабхонаи замонавӣ, мағозаи фурӯши молу маҳсулот, туҳфаҳо, гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва гумрукӣ бунёд шудаанд.
Барои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ кардани хизматрасонии толори фурудгоҳ 2 лифт, 47 камераи мушоҳидавӣ, 1 таҷҳизоти муоинаи рентгении бору бағоҷ, шабакаи ҳозиразамони аз сӯхтор огоҳкунанда ва дастгоҳҳои тозакунии ҳаво насб гардидаанд.
Дар ҳудуди ҳавлии иншоот таваққуфгоҳ барои 400 мошини сабукрав сохта шуда, таваққуфгоҳи тайёраҳо ва роҳравҳои майдони фурудгоҳ дар масоҳати 12 ҳазор метри мураббаъ азнавсозӣ гардидааст. Дар саҳни ҳавлӣ як айвони бо нақшу нигори миллӣ кандакоришуда бо 10 ҷойи нишаст барои истироҳати меҳмонони олиқадр сохта шудааст. Ҳудуди толори қабули меҳмонони расмӣ бо 45 сутунпоя ва чароғҳо равшан мегардад. Роҳраву гулгашти атрофи иншооти қабули меҳмонон бо гулу буттаҳои ороишии гуногун оро ёфтааст. Роҳҳои мошингарди даромади фурудгоҳ аз буриши кӯчаи Мастонгулов то бинои асосӣ пурра азнавсозӣ гардид.
Фурудгоҳ даромадгоҳи ҳар як давлат ба ҳисоб меравад ва таҷассумкунандаи фарҳангу маданияти пазироии меҳмонон аз тарафи кишвари мизбон аст.
Бо бунёди толори қабули меҳмонони расмӣ, оро додани он бо нақшу нигори миллӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва овезон кардани мусаввараҳои манзараҳои дилфиреби кишвари биҳиштосои Тоҷикистон имкон фароҳам омад, ки ба ҷаҳониён маданияти баланди меҳмоннавозии давлату миллати тоҷик муаррифӣ гардад. Толори қабули меҳмонони расмӣ бо тарҳи хеле зебо сохта шуда, намои берунии он аз сангҳои ватанӣ оро дода шудааст.
Баъди шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои қабули меҳмонони олиқадр,  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба роҳбарият ва кормандони Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” барои иқдоми шоиста изҳори сипос намуданд.

Шоми 26 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Боғи ба номи Аҳмади Дониш, ки дар муддати камтар аз як сол дар хиёбони Рӯдакӣ, рӯ ба рӯи Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо тарҳи хеле зебо бунёд карда шудааст, иштирок намуданд.

Боғи мазкур, ки дар майдони қариб 3 гектар доман густурдааст, идомаи тадбирҳои созандаву пайгиронаи шаҳрдорӣ буда, дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» воқеан ба як макони истироҳату фароғат табдил дода шуд. Мақсад аз бунёди он фароҳам овардани шароити арзанда барои меҳмонону сокинони пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе арзёбӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо моҳи ноябри соли 2017 оғоз гардида, дар ҷараёни бунёд то 300 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардид.
Зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгашта, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки тибқи лоиҳа, дар Боғи ба номи Аҳмади Дониш зиёда аз 11 ҳазору 500 метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш ва 12 ҳазор метри мураббаъ майсазор гардонда шудаанд.
Барои чароғонкунии боғ 225 сутунпояи аз 4 то 9-метра ва шумораи зиёди дигар дастгоҳу таҷҳизоти муосири равшанидиҳанда насб карда шудаанд, ки ҳудуди ин иншооти фарҳангӣ - фароғатиро шабонгоҳ хеле ҷолибу назаррабо менамоянд.
Ҳамзамон, корҳои вобаста ба сарсабзу хуррамгардонии Боғи ба номи Аҳмади Дониш дар асоси тарҳи хос бо як завқи баланд амалӣ гардида, дар ин ҷо бо ҳидояти Пешвои миллат наздики 1000 бех дарахти нодири сояафкану ороишӣ, ки бештари онро аз хориҷи кишвар овардаанд, шинонда шуд.
Ҳамчунин, дар ҳудуди боғ ҷойи бозии кӯдакону наврасон бунёд карда шудааст, ки дорои аттраксионҳо ва бозичаҳои худҳаракаткунанда мебошад. Масоҳати қитъа 1238 метри мураббаъ буда, таҷҳизоти он асосан аз Туркия ва Италия ворид карда шудаанд.
Боғи наве, ки имрӯз дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба номи Аҳмади Дониш гузошта шуд.
Боиси ёдоварист, ки Аҳмади Дониш яке аз нависандагон ва маорифпарварони машҳури тоҷик буда, аз худ мероси адабӣ ва илмии ғанӣ боқӣ гузоштааст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2018    №: 189    Мутолиа карданд: 181

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед