logo

иҷтимоиёт

БОҒИ ВОСЕЪ. БОЗ ЯК ГӮШАИ ДУШАНБЕ ГУЛИСТОН ШУД

Боғи фарҳангӣ - фароғатии Восеъ ба яке аз мавзеъҳои зебову дилнишин мубаддал ёфта, дар он барои сайру сайёҳат ва истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Бунёди боғи мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2017 оғоз гардида, 5 сентябри соли равон дар арафаи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Боғи фарҳангӣ - фароғатии Восеъ бо иштироки муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  ифтитоҳ ёфт. Он дар ноҳияи Синои пойтахт, кӯчаи Фазлиддин Муҳаммадиев, шаҳраки 102 - юм, бунёд гардида, дар масоҳати беш аз 4 гектар доман паҳн кардааст.
Бино ба гуфтаи Алишер Ризоев, аграном, дар боғи навбунёд  3500 дарахти ороишию  сояафкан ва 22000 гули ороишӣ   шинонда шудааст. Ҳамчунин, 4 атраксион барои дилхӯшии кӯдакон, 4 суҳбатҷойи болопӯшида, 2 фаввора бо чароғакҳои рангаи ороишӣ, қаҳвахонаи замонавӣ, майдончаи варзишӣ ва гӯшаҳои муҷаҳҳази машқу тамрини бадан бунёд карда шудааст. Масоҳати роҳравҳо барои сайругашт ва истироҳату фароғати сокинону меҳмонон ба 6000 метри мураббаъ мерасад.
Раъно Ниёзова, нафақахӯр, сокини маҳаллаи Испечак, худро муаррифӣ кард зане ва наберааш Умарҷонро, ки кебида роҳ мерафту бо завқу шавқ санҷоберо дар шохи дарахт нишон медод, ба оғуш кашида гуфт: - Илоҳо Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барака ёбанд, ки ба мо сокинони пойтахт чунин як боғи фарҳангию фароғатиро эҳдо карданд. Ин мавзеъ қаблан ҷангалу хористон ва партовгоҳе буд, ки ҳоло ба гулистон табдил ёфтааст. Имрӯз аз накҳати гулу раёҳини боғ димоғҳо муаттар асту тамошо ва сайругашташ ба дили пиру ҷавон шодиву нишот мебахшад. Ин дар масал хӯшаест аз хирман. Дар ҳақиқат, аз ташаббусу иқдомҳои созанда ва бунёдкоронаи Сарвари давлат Ватани азизамон - Тоҷикистон ва пойтахти он – шаҳри Душанбе он қадар ободу зебо ва шукуфо шудааст, ки шоистаи таҳсин аст.
Ориз Шогуниев, низомӣ, сокини маҳаллаи 102  таасуроташро чунин иброз дошт: - Дар урфият мегӯянд, ки «Дасти одам гул аст», ки ҳақ асту рост. Бубинед, ки дар зарфи камтар аз як сол чунин ҷойи нообод ба як боғи зебо бо гулгаштҳои дилпазир табдил ёфт. Пештар дар ин маҳалла ягон ҷои истироҳату фароғат вуҷуд надошт. Имрӯзҳо Боғи фарҳангӣ - фароғатии Восеъ  ба ҷои дӯстдоштаи мо - сокинони гирду атроф табдил ёфтааст. Мо, пеш аз ҳама, ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ арзи сипос менамоем.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2018    №: 190-191    Мутолиа карданд: 72

22.10.2018


МАҲСУЛОТИ БЕҲТАРИН - муаррифии кишвар дар ҷаҳон

Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани тоҷикистониён кам шуд

Россия ва Ӯзбекистон ба маблағи $27 миллиард созишнома имзо карданд

Беш аз 2100 нафар қурбони заминларза дар Индонезия гашт

Конфронси Мюнхен оид ба амният бори нахуст дар Минск доир мегардад

Масири нави ҳавоӣ ҳафт шаҳри Туркияро бо Қирғизистон мепайвандад

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Тоҷикистон онро бо пирӯзӣ оғоз кард

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед