logo

фарҳанг

ШОИРИ ШАҲИР ВА МУҒАННИИ АСИЛ

Мавлоно Наҷмиддин  Кавкабии Бухороӣ яке аз чеҳраҳои бузургтарини миёнаи  асри XVI ба шумор меравад ва эҳёи мактаби ҳунарии илмӣ ва амалии мақомхонӣ маҳз ба фаъолияти эҷодии ӯ алоқаманд аст.

Бино ба маълумоти сарчашмаҳо (масалан, "Маҷолисун-нафоис"-и Алишер Навоӣ), Кавкабӣ аснои ҷавонӣ дар Ҳирот таҳсил намуда, илмҳои арӯз, қофия, мусиқиро аз устодони замон азбар намудааст. Мутаассифона, оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии ӯ маълумоти казоӣ мавҷуд нест ва аз намунаҳои зиёди осораш то ба замони мо "Куллиёт" ва  рисолаи мусиқӣ омада расидааст. Маълумоти чандон дақиқро оид ба Кавкабӣ муаллифи  яке аз рисолаҳои машҳур -Дарвешалӣ Чангӣ (а. XVII) додааст.
Рисолаи мусиқии Кавкабӣ аз 12 боб иборат мебошад, яъне бахшида ба Дувоздаҳ мақом эҷод гардидааст. Матни рисолаи мазкур дар омӯзиши таърихи мусиқӣ ва, ҳамчунин, барои шинохти асли рисолаҳои сершуморе, ки баъдан навишта шудаанд, нақши хеле муҳим дорад, зеро чуноне ки маълум мегардад, муаллифони рисолаҳои минбаъда (аслан, шогирдон ва пайравонии худи Кавкабӣ) дар аксари ҳолат маҳз ба мазмун ва услуби нигориши Наҷмиддин Кавкабӣ такя намудаанд. Кавкабӣ рисолаи мазкурро бо супориши намояндаи сулолаи шайбониҳо Убайдуллохон (солҳои ҳукмрониаш 1533-1559) навиштааст, яъне маълум мешавад, ки дар ин давраи хеле шадиди мухолифатҳои мазҳабӣ  аҳли ҳунари Мовароуннаҳр бештар ба дарбори Шайбониҳо ҷалб гардида буданд.
Рисоларо чун анъана тамҳиди Офаридгор ҳусни ифтитоҳ мебахшад: «Ҳамди беҳад  Ҳакими корсозеро, ки сози ушшоқ ба навои санои Ӯст ва санои беҳад Каримеро, ки банданавоз аст…».
Боби аввал (мақоми аввал) «Дар шарафи илми мусиқӣ» ном дорад ва дар он васфи илми мусиқӣ чунин оварда шудааст:  «Алҳақ (мусиқӣ) ин илмест шариф ва санъатест латиф, ки баҳра аз ӯ арвоҳрост, на аҷсомро. Рубоӣ:
Он нағма, ки равҳи қолиби инсон буд,
Ҳамроҳ ба ӯ савти хуше пинҳон буд.
Гӯянд, ки савт буд бо ҷон ҳамроҳ,
Ҳамроҳ ба ҷон магӯ, ки ӯ худ ҷон буд.
Дар бобҳои минбаъда Кавкабӣ ба тафсил доир ба истилоҳи «мусиқӣ», таърифи нағма (садои мусиқӣ), буъд (фосилаҳои миёни садоҳо), ҷинс (тетрахорд ва пентахорд), ҷамъ (пайвандии ду ҷинс), пардаҳои аслӣ, овозҳо ва шуъбаҳо, мураккабот, нақра (зарб), иқоъ (ритм), доираи зарбҳо,тасниф маълумот овардааст. Дар қисми хотима муаллиф мисли анъана дар бораи таъсири мусиқӣ ба инсон, хусусияти замону макони иҷрову шунидани мусиқӣ, риояи сифати шунавандагон маслиҳатҳо пешниҳод менамояд. Масалан, таъкид намудааст, ки мақомҳои «Ушшоқ», «Наво» ба шунаванда қувват ва шуҷоат мебахшанд, «Бузург», «Раҳавӣ» бошанд ҳузнангезанд, «Рост» ва «Ироқ» фараҳ мебахшанд ва ғайра.
Яке аз сифатҳои хоси рисолаи мусиқии Кавкабӣ, шарҳ додани намунаҳои сершумори мураккабот, яъне қолабҳои композитсионии вобаста ба сохтори дохилии мақомҳо ба шумор меравад. Кавкабӣ аввал доир ба «нӯба»-ҳо маълумот оварда, чунин шарҳ медиҳад, ки ин мураккабот аз чаҳор фасл – қавл, ғазал, тарона ва фурудошт иборат аст. Ин маълумоти муҳаққиқ барои таҳқиқи жанрҳои қадимии мусиқии суннатии тоҷик моҳияти бузурги таърихӣ дорад, зеро ҳамин гуна қолаби композитсионӣ аввал дар  байтхонӣ ва фалакхониҳои мардуми кӯҳистон (Рашт, Ҳисор, Хатлон, Зарафшон) шакл гирифтааст. Сухан аз силсилаҳои мусиқии мардумӣ меравад, ки дар асри XIХ дар шакли «савтхонӣ» (дар Бухоро), дар замони мо бошад, дар шакли фалакхонӣ (Хатлону Рашт) ва байтхонӣ (Ҳисору Зарафшон) маъмул гардидаанд.
Кавкабӣ, ки худ ҳам шоир ва ҳам мусиқидони соҳибистеъдод буд, мӯшикофона тарзи сохтани асарҳои силсилавиро шарҳ дода, услуби ба ҳам бастан ё худ пайванд намудани якчанд оҳангро муқаррар менамояд. Аз ҳамин давра дар мусиқии суннатии тоҷикӣ истилоҳи «бастакор» маъмул мегардад, яъне шахсе, ки қодир аст ҳунармандона ва бо риояи қонунҳои зарбӣ, лаҳнӣ, шеърӣ ва ғайра аз якчанд оҳангу тарона силсилаи мақомҳоро ба ҳам оварад (баста намояд).
Дар боби бахшида ба шарҳи иқоъ (ритм) Кавкабӣ аз «Соҳиби шарафийя» (яъне, Сафиуддини Урмавӣ) ёдовар шуда, гуфтаҳои ӯро доир ба назарияи иқоъ иқтибос мекунад. Поинтар ӯ, ҳамчунин, аз рисолаҳои мусиқии Абунасри Форобӣ, Хоҷа Абдулқодири Мароғаӣ низ иқтибосҳо меорад. Ин нишон медиҳад, ки Кавкабӣ аз осори ин бузургони илми мусиқӣ огоҳии хуб доштааст ва, хусусан, дар масъалаи ритм ва доираҳои зарбӣ таълимоти онҳоро ҷонибдорӣ намудааст.
Моҳияти дигари таърихии осори Кавкабӣ, дар он зоҳир мегардад, ки аз навиштаҳои ӯ метавон доир ба матнҳои  мақомҳо маълумоти  дақиқ пайдо намоем. Одатан, дар шуъбаҳои Дувоздаҳмақом  ғазалҳои шоирони классик  иҷро  карда мешуданд, вале  ҳамеша байни  шуъбаҳои  бузургҳаҷм  («Сарахбор», «Талқин»,  «Наср» ва ғ.)  қисми  зиёди  таронаҳои  омиёна  суруда  мешуданд  ва маҳз дар аснои иҷрои ҳамин таронаҳо дар оҳанги мусиқӣ «гузариш» - ҳои лаҳнӣ ва зарбӣ пайдо шуда, як шуъбаро бо шуъбаи дигар устодона пайваст менамоянд. Кавкабӣ ин таронаҳоро мисол меорад:
Байти «Чоргоҳ»:
Асираш мешавам, он шӯх ҷавлон карда меояд,
Сараш гардам, аҷаб кокул парешон карда меояд.
Дар баробари ин, Кавкабӣ бо услуби назми хушбаён  овозҳо, усулҳо, баҳрҳои (ритмҳои) мақомҳоро шарҳ медиҳад ва таъкид менамояд, ки адади кулли онҳо ба ҳабдаҳ мерасад. Дар байни ин усулҳо Кавкабӣ усули «Чаҳорзарб» -ро низ мисол меорад ва ин далели хеле қадимӣ ва дар мавзеи Бухоро маъмул будани ин усули машҳури мусиқӣ ба шумор меравад.
Дар рисолаи Кавкабӣ тавассути  нисбатҳои илми риёзиёт шарҳ додани фосилаҳои мусиқӣ тамоман дида намешавад, яъне маълум мегардад, ки ин услуби маъруфи классикӣ дар асри XVI аз байн рафтааст ва ба ивази он масоили вобаста ба хусусиятҳои жанрҳои маъмули замон, тавсифи ҳунармандони маъруф, шарҳи муфассали системаи мақомҳо, созҳои мусиқӣ таҳқиқ карда шудаанд. Зиёда аз ин, маҳз дар ҳамин сарчашма нишонаҳои нахустини ташаккули силсилаи Шашмақом падидор мегардад, зеро дар ин замон, яъне дар нимаи дувуми асри XVI дар фазои фарҳангии Мовароуннаҳру Хуросон бунёди шохаҳои мустақили мусиқии суннатӣ оғоз мегардад.
Дар Бухорои Шайбониён таассуб авҷ гирифта буд ва, умуман, дар  асрҳои XVI - XVII илму адабиёт, намудҳои дигари ҳунарҳои зебо рӯ ба таназзул оварда буданд. Масалан, дар яке аз вақфномаҳои мадрасаи Мири Араби Бухоро чунин омадааст: "Сокинони он мадраса аз музифоти авқот мисли истимои малоҳӣ (асбоби айшу ишрат -А.Н.) ва тағаннӣ аз нақш, савт, амал, қавл ва тарона муҷтаниб бошанд. Агар ба онҳо (яъне, ба мусиқӣ-А.Н.) иқдом намоянд ё сабаб шаванд, мутаваллии ин вақф бояд, ки эшонро ҳукми муртакибини кабоир (содиркунандагони гуноҳҳои кабира) дода, баъд аз он гаҳ сара насиҳат карда бошад ва мамнӯъ нагашта бошанд, эшонро аз мадраса хориҷ намуда, мубаддал ба ғамулбадал донад".
Дар чунин шароити шояд хеле ҳам номусоиди таърихӣ Наҷмиддин Кавкабӣ бо шуҷоату истеъдоди нодир ба эҳёи илми мусиқӣ камар мебандад, зиёда аз ин ӯ дар "Куллиёт"-и хеш маҷмӯи бузурги матнҳои мақомҳоро сабт ва пешкаши аҳли ҳунар намудааст.
Ашъори Наҷмиддин Кавкабӣ, баъдан, дар асрҳои ХIХ ва ХХ ба таркиби силсилаи Шашмақоми Бухоро ва мақомҳои Хоразм ворид мешаванд. Дар оғози асри ХХ нахустин шуда доир ба мероси илмӣ ва ашъори Кавкабӣ Абдурауф Фитрат дар рисолаи "Мусиқии классикии ӯзбекон"  маълумот меорад. Имрӯз вақти он расидааст, ки мероси хеле ҳам гаронбаҳои ин шахсияти нотакрори фарҳанги Мовароуннаҳр мавриди таҳқиқ ва тарғиби ҳамаҷониба қарор гирад.
Аслиддин НИЗОМӢ,
доктори илмҳои санъатшиносӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2018    №: 190-191    Мутолиа карданд: 258

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед