logo

фарҳанг

ОЗМУНИ "ҶУМҲУРИЯТ" АЗ ТАРҒИБИ САЙЁҲӢ ТО ДАРСИ ХУДШИНОСӢ

Шароити мусоиди табиӣ ва иқлими кишвари маҳбуб барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он, дарвоқеъ, имкониятҳои хубу мусоид фароҳам овардааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид барҳақ мефармоянд: «Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад».

Ҷамъбасти озмуни Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият»  якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Маҷмааи фарҳангӣ – фароғатии «Кохи Лоиқ» ба маҳфили шукргузорӣ аз сулҳу фазои осудаи дар Ватани маҳбубамон танинандоз, арҷгузорӣ ба тамаддуну таърихи пуршарафи фарҳангу ҳунари миллати худ, рушди сайёҳӣ дар кишвар ва муаррифии  шоистаи он дар сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфт. Он дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 30 – солагии Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Рӯдакӣ доир шуда, шумораи зиёди олимон, адибон ва рӯзноманигорони саршиноси кишварро дар ин сарзамини таърихӣ ба ҳам овард.
Ба озмун зиёда аз 100 матлаб ворид гардида, 70  - тои он, ки ҷавобгӯи талабот буданд, рӯйи чоп омад. Баррасӣ ва натиҷагирии маводи пешниҳодшуда муайян намуд, ки идораи рӯзнома ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, ҳамчун ташкилкунандагони озмун, дар иҷрои ҳадафҳои худ маваффақ гардиданд.
Меҳмонон, ғолибон ва иштирокдорони онро нахуст аҳли Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ дар зодгоҳи ин шоири оламшумул – деҳаи хушбоду ҳавои Панҷрӯд гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд. Пас аз зиёрати мақбараи Одамушшуаро меҳмонон аз осорхона ва китобхонаи маҷмааи таърихиву фарҳангӣ дидан намуданд. Бегоҳи ҳамон рӯз бо иштироки фаъолони ҷамоат ва аҳли илму адаб шоми фарҳангӣ баргузор гардид. Дар он адибони шинохтаи тоҷик Абдулҳамид Самад,  Камол Насрулло, Бароти Абдураҳмон аз мавқеи сухан дар фарҳангу маънавиёти миллатамон ва олимон Холназар Муҳаббатов, Ҳамза Камол, Маҳмаддовуд Саломов,   Ҷонибеки Асрориён аз  саҳми суханварон дар рушди он ҳарф заданд. 
Дар доираи ҷамъбасти озмун иштирокдорон ба шаҳри бостонии Самарқанд сафар намуданд. Меҳмононро дар Майдони Регистон ҳайати бонуфуз таҳти роҳбарии раиси Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Самарқанд Абдуваҳҳоб Воҳидов пешвоз гирифтанд. Тамошои ҷойҳои таърихии шаҳр, бахусус мадрасаҳои Улӯғбек, Тиллокорӣ ва Шердор, ки нишоне аз таърихи қадимиву фарҳанги волои ниёгон мебошанд, хеле хотирмон буданд. Ташриф ба Хона - музей ва боғи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, албатта, дар хотири мо иштирокдорон як умр нақш хоҳад баст.
Дар доираи сафар меҳмонон, ҳамчунин, аз оромгоҳи Хоҷа Аҳрори Валӣ низ дидан намуданд. Шиносоӣ бо муҷассамаҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ хеле ҷолибу хотирмон буданд. Дар чорабинии фарҳангии ба муносибати ташрифи меҳмонони Тоҷикистон бахшидашуда сухан аз боби дӯстӣ ва бародарии миёни халқҳои тоҷику ӯзбек рафт. Ҳозирин бо ҳисси ифтихормандӣ аз муносибатҳои дӯстонаи кишварҳоямон ҳарф зада, саҳми Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро дар боз намудани саҳифаи нав дар таърихи муносибатҳоямон бузург арзёбӣ намуданд.  
Ҳамчунин, иштирокдорони ҷамъбасти озмун аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Панҷакент, аз қабили шаҳраки Саразм, оромгоҳи Хоҷа Муҳаммади Башоро ва Хона - музейи Лоиқ Шералӣ дидан намуданд.
22 сентябр - дар Рӯзи Рӯдакӣ иштирокдорон ба рамзи эҳтиром дар пояи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гулчанбар гузошта, экспозитсияҳои нави  Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ - кишваршиносии ба номи Рӯдакиро тамошо карданд. Кормандони осорхона ба меҳмонон нигораву ёдгориҳоеро, ки далели таърихи пурғановат ва бозгӯи ҷонбозиҳои фарзонафарзандони миллат дар роҳи расидан ба Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ буданд, муаррифӣ намуданд. Пас аз ин, иштирокдорону меҳмонони озмун бо як ҷаҳон таассурот роҳ ба сӯи Кохи Лоиқ пеш гирифтанд.  
Меҳмононро дар ин диёри бостонӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Панҷакент Ислом Шафеиён хайрамақдам гуфта, баргузории маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявиро бо иштироки адибону рӯзноманигорони шинохтаи кишвар маҳз дар Рӯзи Рӯдакӣ фоли нек шуморид. “Гиромидошти Маликушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва муқаррар намудани Рӯзи Рӯдакӣ чун иди шеъру адаб далели муътамади таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат ба таърих, фарҳанг ва адабиёти оламшумули миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад”, - иброз дошт Ислом Шафеиён. 
Шаҳри бостонии Панҷакент интихоб гардидани макони баргузории маросими ҷамъбасти озмун бесабаб набуд, зеро он бо ёдгориҳои беназири таърихӣ чун Саразми бостонӣ, Панҷакенти Қадим, оромгоҳи саромади адабиёти форсу – тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, манзараҳои нотакрори Ҳафткӯлу Кӯли калон ва дигар мавзеъҳои зебо кайҳост, ки мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷию дохилӣ қарор гирифтааст. “Бо итминони комил метавон гуфт, ки ин ташаббуси беназири Пешвои муаззами миллат ва дар доираи он баргузор шудани чорабиниҳои гуногун ва вусъат ёфтани бунёдкориҳо на танҳо дар рушду равнақи соҳаҳои ҳунармандиву сайёҳӣ, балки барои боло рафтани сатҳи иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда гузошта, нуфузи Ватани маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар хоҳад бардошт”, - баён дошт раиси шаҳри Панҷакент. 
«Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли ҷорӣ ва дар ин доира ташкил намудани чорабиниҳои мухталиф аз диққати махсуси Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар ба ин масъала ва, дар маҷмӯъ, мақоми хосро дар рушди иқтисоди кишвар касб намудани соҳаи сайёҳӣ дарак медиҳад, - тақвият дод суханони Ислом Шафеиёнро  мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода. - Чорабиниҳои дар доираи соли рушди сайёҳӣ амалишуда  дар ниҳоди ҳар фарди ҷомеа ҳисси худогоҳии миллӣ, ҳифзу гиромидошти арзишҳои волои маънавиро низ  қавӣ мегардонанд».
Маросими ҷоизасупорӣ бо барномаи ҷолиби ҳунарӣ аз ҷониби кормандони бахши фарҳанги шаҳри Панҷакент таҳияшуда дар фазои тантанавӣ сурат гирифт.
Ҳамин тавр, мақоми аввалро барои матлаби «Тоҷикистон кишвари сайёҳӣ. Аз дастовардҳо то имкониятҳо» ба доктори илмҳои география, профессор Холназар Муҳаббатов муносиб дониста шуд. Ҷойи дувумро барои матолиби «Маконҳои муқаддас. Нақши онҳо дар шиносоии таъриху фарҳанг» ва «Чакомаи гесу» доктори илмҳои таърих Ҳамза Камол ва фарҳангшиноси шинохтаи кишвар Ҷонибеки Асрориён бо ҳам диданд. Ҷойи сеюмро барои мақолаҳои «Тоҷикистон. Ҷаҳони нав барои сайёҳон», «60 сол. Таърихи як осорхона» ва «Сайёҳии байналмилалӣ. Таваҷҷуҳи бештар мебояд» - барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Маҷид Салим, директори Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ - кишваршиносии ба номи Рӯдакӣ Фотима Рафиева ва рӯзномнигор Меҳрангез Қодирова сазовор гардиданд.
Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, бо ҷоизаи махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва  Зайнура Азимӣ, муовини раиси шаҳри Панҷакент, бо ҷоизаи махсуси Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ва Нависандаи халқии Тоҷикистон Бароталӣ Абдураҳмон мукофотҳои таъсисдиҳандагони озмунро соҳиб шуданд.
Донишмандони шинохтаи кишвар Маҳмаддовуд Саломов, Зафар Мирзоён, Нуралӣ Нурзод, омӯзгор Ҷонбегим Худоёрова, рӯзноманигорон Муҳаммадносири Насрулло, Лашкар Шариф, Шаҳноз Қурбон, Фарзона Файзалӣ, Бузургмеҳри Баҳодур ва Маҳмуд Ҷӯраев барои иштироки фаъолона дар озмун ва нашри матолиби ҷолиб бо «Ифтихорнома» ва туҳфаҳои хотиравии муассисон сарфароз гардиданд.
Аҳли илму адаби кишвар маросими тантанавии ҷамъбасти озмунро дар шаҳри Панҷакент ва дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳамчунин, дар арафаи Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳикмати ба худ хос ва арҷгузорӣ ба иқдомҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат донистанд. Аз ҷумла, Абдулҳамид Самад аз сатҳи баланди озмун ва ҷалби васеи пажӯҳишгарону донишмандон ба он ситоиш намуда, иқдоми навбатии роҳбарияти рӯзномаи “Ҷумҳурият” - ро дар ташкил ва баргузории чунин озмунҳо татбиқи амалии сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар мавриди муаррифии ҳарчи бештари миллату давлати тоҷикон миёни ҷаҳониён ва тарғиби шоистаи таърих, тамаддун ва фарҳанги қадимаи он донист.
Ба андешаи муҳаққиқоне, ки ҷараёни озмунро дар саҳифаҳои рӯзнома пайгирӣ намуданд, матолиби интишорнамудаи он метавонад дар оянда ҳамчун маводи ҷолибе дар таҳқиқоти илмӣ истифода шавад. Аз ин рӯ, аксари иштирокдорони маросими ҷамъбасти озмун пешниҳод намуданд, ки маводи он дар шакли китоби алоҳида манзури хонандагон гардонда шавад.
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2018    №: 190-191    Мутолиа карданд: 139

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё – 2019

САМБО. Ду медали гӯштигирони тоҷик

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед