logo

сиёсат

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР ТОҶИКИСТОН

(Идомаи гузориш)
Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» дар шаҳри Душанбе
Субҳи 27 - уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Боғи мазкур дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе ҷойгир буда, он бо мақсади абадӣ гардондани хотираи шоири ӯзбек Низомиддин Алишер Навоӣ ва баҳри пойдор намудани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бунёд гардидааст.
Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» дар майдони 2,23 гектар доман густурда, он пурра ба талаботи замони кунунӣ мувофиқ карда шудааст. Дар ин боғ дарахтони ороишиву ҳамешасабз, аз қабили магнолия, кипарис, ардач, клион, сиквой ва ғайра шинонда шуда, ҳамчунин, дорои гулу буттаҳои рангоранг мебошад. Ба сарони давлатҳо иттилоъ дода шуд, ки шумораи умумии дарахтони навшинондашуда дар ин боғ 600 бехро ташкил дода, маҷмӯан майдони 14 ҳазор метри мураббаъ майсазор карда шудааст.
Боғи мазкур дар асоси Амри Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз 5 - уми марти соли 2018 «Низомиддин Алишер Навоӣ» номгузорӣ шуда, дар он ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муҷассамаҳои мутафаккирони барҷастаи ин ду миллати бо ҳам дӯсту ҳамсоя Нуриддин Абдураҳмонӣ Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ гузошта шудаанд.
Дар фазои тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  бо       Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз рӯйи муҷассамаҳо парда бардошта, ба хотири арҷгузорию эҳтиром ба гузаштаи хеш ва гиромидошти хотираи неки ин ду абармарди таърихӣ дар пояи муҷассамаҳо гулчамбар гузоштанд.
Муҷассамаҳои шоирон аз рӯйи лоиҳаи Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ғафур Ҷӯраев чун рамзи маърифат дар болои ҳафт зина сохта шуда, он лаҳзаи муҳокимаи асари тозаэҷоди Алишер Навоиро бо устодаш Абдураҳмони Ҷомӣ таҷассум мекунад. Таҳкурсии муҷассама бо санги мармар оро ёфтааст ва дар он нақшу нигори хос ба ҳар ду миллат ҳаккокӣ гардидааст.
Атрофи муҷассамаҳо ва дигар роҳравҳои боғ пурра сафолакпӯш шудааст ва тӯлонӣ хизмат намудани он кафолат дода мешавад.
Бунёди чунин боғи замонавӣ ва дар он гузоштани муҷассамаҳои мутафаккири барҷаста Низомиддин Алишер Навоӣ баёнгари хислати неки инсонӣ, башардӯстиву сулҳпарварӣ ва арҷу эҳтиром гузоштан ба гузаштаи хеш аст.
Барои фароҳам овардани шароити мукаммали истироҳату фароғат дар боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» 80 адад нишастгоҳи ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза насб карда шудааст. Ҳамчунин, дар ин боғ қаҳвахона бо фароҳам овардани 50 ҷой барои нишаст бунёд шудааст, ки он дорои таҷҳизоти муосири хизматрасонӣ мебошад. Дар қисмати дигари боғ майдонча барои бозии кӯдакон ташкил гардида, дар он таҷҳизоти зарурӣ барои дилхушию истироҳати нав-расон насб карда шудааст. Барои машғул шудан ба обутоби бадан бошад, дар боғ ду нуқтаи муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои варзишӣ мавҷуд аст.
Шабона ҳудуди боғ пурра чароғон буда, барои сайру саёҳат ва фароғату истироҳати сокинону меҳмонони пойтахт басо мусоид аст. Дар маҷмӯъ дар ин боғ беш аз 200 поя барои васли чароғҳои равшанидиҳанда насб шудааст. Ба ороиши боғ бо истифода аз дарахтони гуногуни ҳамешасабз, гулҳои рангоранги мавсимӣ ва ҷобаҷогузории нишастгоҳҳову дигар инфрасохтори боғ аз ҷониби сарони давлатҳо баҳои баланд дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки боғи “Низомиддин Алишер Навоӣ” аз ҷониби роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ бунёд карда шудааст. Шинондани дарахтон, сабзу хуррамгардонӣ, насби чароғпояву таҷҳизоти зарурӣ ва интихоби мавзеи дигар инфрасохтори боғро аз рӯи тафаккуру нигоҳ, яъне пешниҳодҳои роҳбари  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудаанд. Ҳайкалҳои тарбиявии дар боғ қоматафрохта низ дар доираи пешниҳодҳои роҳбари  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эҷод гардидаанд, ки андешаи бунёди онҳо аз муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” сарчашма мегирад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зебову дилфиреб нигоҳ доштани боғ ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар КВД «Ширкати алюминийи тоҷик»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев 27 сентябр ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.
Дар шаҳри Турсунзода аз ташрифи меҳмонони олиқадр бо самимият ва меҳмоннавозии хосса истиқбол гирифта шуд. Ба ин муносибат дар даромадгоҳи шаҳр - Ҷамоати деҳоти Қаратоғ аз тарафи аҳли ҳунар барномаи рангин манзур гардид.
Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва равобит дар самтҳои гуногуни барои ҷонибҳо муносиб дар асоси сиёсати созандаи сарони ду давлати ба ҳам дӯст бештар рушду густариш бахшида мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Турсунзода ба Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» (ТАЛКО) ташриф оварда, бо раванди истеҳсоли алюминий шинос гардиданд.
Зимни шиносоӣ таъкид гашт, ки имрӯз ширкат ба қатори истеҳсолгарони азими ҷаҳонии алюминий шомил буда ва дар давоми солҳои тӯлонӣ нуфузи худро ҳамчун ширкати аз ҳама босуръат рушдкунандаи мамлакат, ки ба менеҷменти муосир ва низоми байналмилалии ҳисоботдиҳии молиявӣ таъйид менамояд, дар асл таҷассумгари ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон шудааст.
Ба сарони давлатҳо иттилоъ доданд, ки айни замон дар ширкату корхонаҳои «ТАЛКО ГУРӮҲ» беш аз  13 ҳазор нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буда, маҳсулоти истеҳсолшаванда ба тамоми стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад ва дар бозори ҷаҳонӣ харидорони бештар дораду имрӯзҳо истеҳсоли маҳсулотро тариқи технологияи муосир ба роҳ монда, ҳамкориҳоро бо ширкатҳои соҳибнуфузи ҷаҳонӣ тақвият мебахшад.
Изҳори қаноатмандӣ шуд, ки тайи ду соли охир ширкат дар заминаи сиёсати дурбинонаи сарони ду  давлати ба ҳам дӯсту ҳамсоя бо бузургтарин  корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамкории густурдаро ба роҳ  мондааст.  Аз ҷумла, соли равон  дар  ҷараёни  сафари  давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Ширкати алюминийи тоҷик» бо яке аз корхонаҳои тавлидотии кишвари ҳамсоя шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд, ки дар асоси он солона 10 ҳазор тонна металли алюминий ба корхонаҳои истеҳсолии кишвари ҳамсоя интиқол дода мешавад.
Баъди шиносоӣ бо раванди истеҳсоли алюминий Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев марҳилаи аввали корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТАЛКО-КРАНТАС» - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи мазкур, ки бо иқдоми бевоситаи сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» (ТАЛКО) ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КРАНТАС  ГУРӮҲ»  таъсис дода шудааст,  дар он асосан васлу насби нақлиёти махсуси коммуналӣ ва сохтмонӣ анҷом дода мешавад.
Дар корхона асосан 12 намуди кранҳои борбардору нақлиёти боркаши махсус васлу насб карда мешавад ва баъди ба истифода додани марҳилаи дуюм васлу насби 40 намуди нақлиёти махсуси коммуналӣ ва сохтмонӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳамзамон, роҳбарон  нақша доранд, ки дар оянда истеҳсоли қисмҳои алоҳидаи нақлиётро дар ин корхона ба роҳ монанд.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани онро сарони давлатҳо -  Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар самти тақвияти муносибатҳои дуҷонибаи саноатии ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя қадами устувор арзёбӣ намуданд.
Айни замон дар ин корхонаи муштарак беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, барои омода намудани мутахассисони соҳа аз ҷониби ширкати ӯзбекистонӣ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ низ  ба роҳ монда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки ду ҷониб барои таъсиси корхонаи муштараки «ТАЛКО-КРАНТАС» дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2018 сурат гирифт, ба мувофиқа расида буданд.

Боздид аз хоҷагии деҳқонии "Боғи Сомон"
27  сентябри  соли  ҷорӣ  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Турсунзода бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии "Боғи Сомон" аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.
Сарони ду давлат аз вазъи феълии ангурбоғи хоҷагӣ, ки дар маҷмӯъ 500 гектарро ташкил медиҳад, дидан намуда, бо кормандони он аз наздик суҳбат карданд.
Айни замон аҳли заҳмати хоҷагии мазкур ба ҷамъоварии ҳосил машғул буда, ба иттилои масъулон, то ин дам аллакай 3 ҳазор тонна ангури хушсифат ҷамъовариву ба бозорҳои дохилу хориҷ интиқол дода шудааст.
Иброз гардид, ки "Боғи Сомон" яке аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарвари мамлакат ба шумор рафта, кормандони он таҷрибаи бойи нигоҳубини ток ва парвариши ангурро соҳибанд. Аз ин ҷост, ки соли 2017 хоҷагии деҳқонии "Боғи Сомон" беш аз 5 ҳазор тонна маҳсулот ҷамъоварӣ намуда, дар таъмини бозори дохилии мамлакат бо ангури хушсифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар саҳм гузошт.
Дар хоҷагӣ 7 намуди ангур, аз ҷумла "Ҳусайнии сиёҳу сафед", "Ғалаба", "Шоҳона", "Пешпазак", "Кишмиши сиёҳу сафед" парвариш карда мешавад, ки тибқи нишондодҳо, имсол нисбат ба солҳои қаблӣ ҳосили бештар дорад.
Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” баробари парвариши васеи навъу намудҳои гуногуни ангур, инчунин, ба чорводорӣ низ машғул аст.
Бояд  тазаккур  дод,  ки  хоҷагии  деҳқонии  "Боғи  Сомон" бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 ташкил ёфта, айни замон 1102 нафар саҳмдор дорад. Барои парвариш ва нигоҳубини ангур хоҷагӣ дорои таҷрибаи бой ва шароити мусоид буда, ҳамасола то 500 тонна маҳсулот дар сардхонаҳои он нигоҳ дошта мешавад.
Дар ин рӯз бо иштироки роҳбарони ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев сардхонаи нави хоҷагӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки ин иқдом имконияти нигоҳдории маҳсулотро ба тарзи чашмрас боло мебарад. Акнун дар маҷмӯъ хоҷагӣ имкон пайдо мекунад, ки то 2 ҳазор тонна маҳсулотро захира намуда, мувофиқи талабот дар дигар фаслҳои сол онро ба бозорҳои мамлакат барорад.
Сохтмони ин сардхона се сол қабл бо иштироки Пешвои миллат оғоз гардида буд ва дар ин муддат бо назардошти талабот бунёд ёфта, бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонда шуд.
Дар иншоот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар номгӯи маҳсулоти ғизоӣ, ки аслан аз ангур омода мешаванд, дидан намуданд. Ҳамчунин, аҳли заҳмат навъҳои гуногуни ангурро, ки дар шаҳри Турсунзода парвариш меёбанд, ба намоиш гузоштанд.
Ба сарони давлатҳо иттилоъ доданд, ки аксари ин навъи маҳсулот содиротӣ буда, ҳамасола ба ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон ва Федератсияи Русия содирот мешавад. Дар ин ҷо ба хоҷагии деҳқонии "Боғи Сомон" аз номи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев як автомашинаи сабукрави замонавӣ ҳадия шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев зимни суҳбату боздид ба кори хоҷагии мазкур баҳои баланд дода, барои густариши фаъолияти минбаъда, ба роҳ мондани ҳамкориҳои нав, бахусус бо хоҷагиҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Сарони давлатҳо дар хоҷагиҳои деҳқонии «Ватан» ва «Ҳоҷӣ Неъмат»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Турсунзода дар Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонов аз фаъолияти токпарварони номдору собиқадори хоҷагиҳои деҳқонии «Ватан» ва «Ҳоҷӣ Неъмат» дидан намуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, хоҷагии деҳқонии «Ватан» ду хоҷагии оилавиро муттаҳид карда, соли 2008-ум таъсис ёфтааст. Хоҷагӣ дар ихтиёри худ 25 гектар замин дорад, ки аз он 16,4 гектарашро токзор дар бар мегирад. Хоҷагии деҳқонии «Ватан» 18 нафар саҳмдор дошта, дар токзори он асосан ангурҳои навъи «Ҳусайнии сиёҳу сафед», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак» ва «Кишмиши сиёҳу сафед» парвариш карда мешаванд.
Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» дар майдони 105 гектар замин доман густурдааст ва 95,6 гектари онро токзори замонавӣ ташкил медиҳад. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳонаш иттилоъ доданд, ки дар ин хоҷагӣ дар майдони 4,8 гектар писта низ парвариш меёбад ва аҳли заҳмати он дар рӯёндани ғалладонагиҳо ҳам таҷрибаи ғанӣ доранд.
Қаблан дар заминҳои ин хоҷагӣ кишти гандум ба роҳ монда мешуд, ки аз сабаби норасоии об аҳли заҳмат ҳосили дилхоҳ гирифта наметавонист. Заҳматкашони хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» соли 2015 дар заминаи дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи пурсамари замин аз қаламчаҳои дар ниҳолхонаи назди хоҷагӣ парвариш карда, ангурҳои навъи «Ҳусайнӣ», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиши сиёҳу сафед» - ро шинондаанд ва имрӯзҳо аз ин ҳисоб ҳосили зиёд ба даст меоранд.
Дар токзори хоҷагӣ ба таври таҷрибавӣ навъҳои «Чиликӣ» ва «Кардинал», ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин оварда шудаанд, парвариш меёбанд.
Баъди ба гардиши кишоварзӣ ворид шудани заминҳои ташналаби ин мавзеъ имкон даст додааст, ки 100 нафар сокини деҳаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонов бо ҷойи кори мавсимӣ ва маоши хуб таъмин гардад.
Президенти  мамлакат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев зимни боздид аз майдонҳои хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат», ки дар онҳо навъҳои зиёди ангури хуштаъм бо санъати баланди касбӣ парвариш меёбанд, дорои талабгорони зиёд дар бозорҳои минтақа арзёбӣ карданд. Аз хӯшаҳои ҳосили фаровони токҳои ангур аён аст, ки аҳли заҳмати хоҷагӣ  ҳамасола аз ин пешаи худ ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд ва дар таъмини бозорҳои дохилӣ ва содироти ин меваи дорои талабгорони зиёд дар ҷаҳон саҳми назаррас мегузоранд.
Соли 2017 аҳли заҳмати хоҷагӣ беш аз 540 тонна маҳсулот ба бозорҳои дохилӣ ва ба кишварҳои Қирғизистону Қазоқистон ва Федератсияи Русия содирот кардаанд ва соли ҷорӣ беш аз 500 тонна маҳсулоти хушсифат истеҳсол намудаанд. Ҳамзамон, дар назар аст, ки боз 230 тонна навъҳои гуногуни ангурро ҷамъоварӣ ва пешниҳоди бозорҳои дохилию хориҷӣ намоянд.
Зимни  боздиди  Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз сардхонаи хоҷагӣ ба таҷрибаи аҳли заҳмати хоҷагии мазкур дар ин самт баҳои баланд дода шуд. Тавре ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, бо мақсади захираи маҳсулот аз ҷониби саҳмдорон дар назди хоҷагӣ сардхона бо ғунҷоиши 500 тонна бунёд гардидааст.
Таҷҳизоти сардхона, ки дорои 12 нуқтаи нигоҳдории маҳсулот мебошад, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин бо харҷи 2 миллион сомонӣ ворид гардидааст ва барои бо сифат нигоҳ доштани маҳсулот басо мувофиқ мебошад.
Хоҷагӣ дар баробари ангурпарварӣ ба соҳаи ниҳолпарварию чорводорӣ низ диққати ҷиддӣ дода, дар ниҳолхонаи назди хоҷагӣ 20 номгӯйи ниҳолҳои ороишию мевадиҳанда парвариш мегардад, ки барои сарсабз кардани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр, инчунин, ба қисмҳои низомии мамлакат ҳамасола аз 3 то 5 ҳазор дона ниҳол ройгон тақсим карда мешавад.
Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат», ҳамчунин, 841 сар чорвои хурд парвариш карда мешавад ва заминҳои чарогоҳи зимистона ва тобистонаи он 2 ҳазору 282 гектарро дар бар мегирад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ташаббуси роҳбарияти хоҷагии «Ҳоҷӣ Неъмат» - ро намунаи ибрат барои дигарон арзёбӣ намуданд ва ин иқдомро дар таъмини дастархони мардумони на танҳо минтақа, балки кишварҳои дур низ бо маҳсулоти ниёзи аввалия муҳим маънидод карданд.
Дар ин ҷо ба хоҷагӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев як автомашинаи сабук-рави замонавӣ ҳадия шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2018    №: 190-191    Мутолиа карданд: 67

22.10.2018


МАҲСУЛОТИ БЕҲТАРИН - муаррифии кишвар дар ҷаҳон

Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани тоҷикистониён кам шуд

Россия ва Ӯзбекистон ба маблағи $27 миллиард созишнома имзо карданд

Беш аз 2100 нафар қурбони заминларза дар Индонезия гашт

Конфронси Мюнхен оид ба амният бори нахуст дар Минск доир мегардад

Масири нави ҳавоӣ ҳафт шаҳри Туркияро бо Қирғизистон мепайвандад

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Тоҷикистон онро бо пирӯзӣ оғоз кард

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед