logo

ҳуқуқ

РАШК Ё ҶИНОЯТЕ, КИ ШАҲЛОРО ШАШ СОЛ БА ЗИНДОН БУРД

Шаб аз нисф гузашта буд. Шаҳло ба назди хонаи собиқ шавҳараш рафта, тирезаро тақ - тақ зад. Вале, касе ҷавоб надод. Ӯ бо санг шишаи тирезаро шикаст. Дар ҳамин ҳолат суроби Юсуф Валиев аз паси тиреза пайдо шуд, ки ӯро бо суханони қабеҳ дашном дод. Ӯ дар сари ғазаб бензинро аз тирезаи шикаста ба дохили хона пошид ва гӯгирдчӯбро дардода партофт. Чун хонаро алангаи оташ фаро гирифт, зарфи бензин ва санги дар дасташбударо партофта, баромада рафт.
Шаҳло Муродова, сокини шаҳри Душанбе, соли 2014 тавассути телефони мобилӣ бо Юсуф Валиев шинос шуда, бо бастани никоҳи мусулмонӣ оила барпо намуданд. Солҳои аввал зиндагии онҳо хуб буд. Вале, аз моҳи феврали соли 2017 шавҳараш муносибатҳои худ-ро тағйир дода, бе ягон асос ба ӯ дашномҳои қабеҳ медод. Баъди ҷанҷоли навбатӣ, моҳи марти соли 2017 шавҳараш бо тариқи мусулмонӣ талоқи ӯро дод  ва  ӯ хонаро тарк кард. 30 марти соли 2017 Ш. Муродова аз ронандаи хатсайри №2, ки дар ҳамсоягии Юсуф истиқомат дошт, хабари зан гирифтани собиқ шавҳарашро фаҳмида, дар оташи рашк месӯхт.
Ӯ 1 апрел шабона аз нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Газпромнефт”- и назди гардиши “Товус” ним литр бензин харид ва аз роҳ сангеро бо худ гирифта, ба сӯи хонаи собиқ шавҳараш равон шуд. Бо вуҷуди он, ки Юсуф Валиевро дар хона дарёфт, вале аз ҳиссиёти рашк ба манзили ӯ оташ андохт.
Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ - молшиносии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари умумии расондашуда дар натиҷаи сӯхтор ва корношоям гардидани амволи манзили истиқоматӣ маблағи 1820 сомониро ташкил дод. Ҳамчунин, тибқи хулосаи экспертизаи тиббӣ - судӣ ҷабрдида Ю. Валиев ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар намуди сӯхтани дасту пойҳо бардоштааст.
Юсуф Валиев дар мурофиаи судӣ нишон дод, ки баъди вайрон гардидани муносибатҳои оилавиаш бо Холбибӣ Давлатова соли 2014 ӯ бо Шаҳло Муродова шинос шуда, бо ӯ никоҳи мусулмонӣ баста, то соли 2017 зиндагӣ кардаанд. Тахминан як моҳ баъд аз ҷудо шуданаш боз бо Нуқра ном зан никоҳ баста, то ҳол зиндагӣ доранд. Шаби 1 ва 2 апрели соли 2017 ҳангоми дар хона бо завҷааш будан, садои шикастани тирезаро шунида, дарҳол аз ҷояш хеста аз тирезаи ошхона ба берун назар кардааст. Шаҳло Муродова бензинро аз тирезаи шикаста ба дохили хона пош дода, оташ задааст. Ӯ зуд аз ошхона балони газро бароварда, бо кӯмаки ҳамсояаш сӯхторро хомуш кардаанд.
Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ баъди баррасии парванда Шаҳло Муродоваро дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 255 қисми 2 банди «а», 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбат ба ӯ бо дастрасии моддаи 67 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъйиншуда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 сол таъйин кард. Ҳамзамон, суд ҳукм кард, ки аз ҳисоби Шаҳло Муродова ба фоидаи ҷабрдида Юсуф Валиев ба маблағи 1820 сомонӣ зарари расондашуда рӯёнда шавад.
Мавриди зикр аст, ки яке аз омилҳои аз ҳам пош хӯрдани оилаҳо рашк мебошад. Он ҳамчун офатест, ки дар ҷомеа густариш ёфта, баъзан бар асари ҷоҳиливу нодонӣ ва гумроҳӣ ба ҷудошавии оилаҳо ва ҳодисаҳои  мудҳиш, яъне куштор оварда мерасонад.
Мунаввари САФАР, “Ҷумҳурият”

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.10.2018    №: 192    Мутолиа карданд: 181

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед