logo

сиёсат

САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР ҶСП "АГРОТЕХСЕРВИС" - И ШАҲРИ ҲИСОР

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко дар шаҳри Ҳисор марҳилаи дуюми корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Агротехсервис» - ро  ба кор андохтанд.
Дар ин корхонаи муштарак асосан трактор ва дигар таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ  васлу  насб  карда  мешаванд.  Ёдовар  мешавем,  ки марҳилаи аввали ин корхона моҳи майи соли 2018 бо иштироки сарони давлатҳо - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, он дар як сол имкони васлу насби 620 трактори гуногунтамға ва дигар таҷҳизоти соҳаи кишоварзиро дошт.
Ба сарони давлатҳо иттилоъ доданд, ки дар давоми 4 моҳи фаъолият дар ин корхона 206 техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ, аз ҷумла трактори тамғаи «Беларус - 82.1» 48 адад, ядак 29 адад, испор 113 адад, сихмола 2 адад, тойбанд 16 адад ва заҳрпошак 2 адад васлу насб карда шуданд.
Қаблан барои истеҳсоли таҷҳизоти тракторҳои «Беларус- 80.1», «Беларус-82.1», «Беларус-952» ва васлу насби ядак (присеп) ва дигар механизмҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ истифода мешаванд, миёни ҶСП «Агротехсервис», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Заводи тракторбарории Минск»  ва  ширкати  «Бобруйскагромаш» шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо  расида  буданд  ва ҷиҳати ба кор андохтани марҳилаи дуюм бо ширкатҳои   номбурда   барои  истеҳсоли  таҷҳизоти  тракторҳои  «Беларус - 80Х» ва «Беларус - 512» иловатан шартномаи ҳамкорӣ баста шуд.
Инак, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати дуюми Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Агротехсервис» иқтидори пурраи он дар як рӯз ба 6 трактори гуногунтамға баробар гардид. Таъкид шуд, ки аз ин пас мутобиқ ба талаботи хоҷагиҳои кишоварзӣ имкон аст дар ин корхона дар як сол беш аз 1700 трактори гуногунтамға васлу насб карда шавад. Истеҳсоли солонаи дигар таҷҳизоти кишоварзӣ, аз ҷумла ядак, ба 2600 адад баробар гардид.
Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко аз ҷараёни васлу насби тракторҳо дар сехи калонтарини корхона, ки бо се хати васлу насби техникаҳои кишоварзӣ фаъолият менамояд, шинос шуда, бо кормандони он суҳбат намуданд ва санҷиши техникии аввалин тракторҳои истеҳсолшавандаро назорат карданд.
Масъулон нақша доранд, ки дар оянда ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, низ трактор ва дигар таҷҳизоти кишоварзии дар ин корхона истеҳсолшавандаро содирот намоянд. Аз ин хотир, яке аз хатҳои васлу насби техникаҳои кишоварзӣ ба содирот нигаронда шудааст.
То имрӯз дар корхонаи мазкур 50 нафар мутахассис фаъолият дошт ва баробари ба кор андохтани марҳилаи дуюми он боз 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардида, шумораи умумии кормандон ба 100 нафар расонда шуд. Дар ин ҷо барои омода намудани мутахассисони соҳа шароити хуб муҳайё карда шудааст ва 4 нафар мутахассиси таҷрибадор аз Ҷумҳурии Беларус ба ин корхона даъват шуда, ба омӯзондани кормандон машғуланд.
Инчунин, дар ин давра 2 корманди ҶСП «Агротехсервис» дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Заводи тракторбарории Минск» - и Ҷумҳурии Беларус аз курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ гузаштааст. Ҳамчунин, давоми моҳҳои фаъолияти марҳилаи аввали корхона дар ин ҷо бинои марказии техникаҳои беларусӣ бунёд гардида, дар он намоишгоҳи доимӣ ташкил карда шуд. Имрӯз дар ин намоишгоҳ номгӯи гуногуни трактор ва дигар техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ ба маъраз гузошта шудаанд. Трактору дигар таҷҳизоти дар ин корхона васлу насбшаванда дар шароити Тоҷикистон омӯхта шудаанд ва барои истифода дар корҳои кишоварзӣ басо мувофиқанд.
Бояд тазаккур дод, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Беларус сол ба сол рушду густариш пайдо менамоянд ва фаъолияти корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Агротехсервис» дар шаҳри Ҳисор, ки аз ҳар ҷиҳат манфиатовар аст, намунаи олии муносибатҳои тиҷоратии ин ду кишвари ба ҳам дӯст мебошад.

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.10.2018    №: 192    Мутолиа карданд: 79

22.10.2018


МАҲСУЛОТИ БЕҲТАРИН - муаррифии кишвар дар ҷаҳон

Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани тоҷикистониён кам шуд

Россия ва Ӯзбекистон ба маблағи $27 миллиард созишнома имзо карданд

Беш аз 2100 нафар қурбони заминларза дар Индонезия гашт

Конфронси Мюнхен оид ба амният бори нахуст дар Минск доир мегардад

Масири нави ҳавоӣ ҳафт шаҳри Туркияро бо Қирғизистон мепайвандад

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Тоҷикистон онро бо пирӯзӣ оғоз кард

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед